БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дурнамои пешрафти ҷомеа

Ҳуқуқ

6-уми ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Конститутсия барои мардуми кишвар санади тақдирсозу ҳаётан муҳим буда, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст ба ин санади олии давлат, ки ҳамчун бахту саодати бузург насибамон гаштааст ва яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад, арҷ гузорад. Баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз Конститутсия дар кишвари мо панҷ маротиба: солҳои 1929,1931,1937,1978 ва 1994 қабул гардидааст. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дорад.

Фарқияти муҳими он дар тартиби қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мебошад, ки соли 1994 бори аввал дар таҷрибаи ҷумҳурии мо ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, баъдан ба он дар солҳои 1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид шудаанд.

Дигар хусусиятҳои фарқкунанда дар он аст, ки Конститутсия мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошад. Моддаҳои зиёди Конститутсияи мо ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиати инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд. Ин меъёр аҳамияти ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ҷаҳонӣ доштани онро ифода менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дар 30 соли даврони навин дастовардҳои мамлакати мо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беназиранд. Аз ҷумла, мустақар намудани ваҳдати миллӣ, ҳокимияти конститутсионӣ, таъсиси парлумони касбӣ, сохторҳои нави идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сиёсати дарҳои кушода, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар…

Ҳамаи корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлол идома ёфта истодаанд, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии давлати Тоҷикистонанд. Аз қабули ин санади басо муҳим 30 сол мешавад. Роҳи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурахшони ин Ватану миллат аст. Ин номаи бахту саодати миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармард таҳия шуд ва бо раъйи халқ қабул гардид.

Рӯзгори ободу осудаи ҳар фарди То­ҷикистон ба эҳтирому риояи талаботи Кон­ститутсия ва дигар қонунҳо, санадҳои меъ­ёрии ҳуқуқӣ вобастагии зич дорад. Мебояд ин ҳуҷҷати тақдирсозро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, то сулҳу суботи давлату ҷомеа ҳазорсолаҳо поянда бошад.

Раъно КАРИМОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон