БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Мо, халқи Тоҷикистон!»

Ҳуқуқ

Мусоҳиба бо Рустам Шоҳмурод - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният.

 

 Имсол аз қабули қонуни асосии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Мурур кунем ба замони таълифу пешниҳоди Конститутсия, он дар кадом вазъу шароит омодаю қабул гардид ва чӣ гуна барои эъмори давлати ҳуқуқбунёду қонунмеҳвар асос гузошт?

Таҳия ва қабули аввалин Конститутсия дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҷойи махсус ва нақши хоси худро дорад, ки яке аз саҳифаҳои бунёдии давлатдории Тоҷикистони навро ташкил медиҳад. Рӯйи кор овардани Конститутсияе, ки имрӯзу ояндаи моро муайян месохт, осон набуд. Солҳои аввали истиқлолият бо баъзе унсурҳои сиёсӣ ва равандҳои иҷтимоӣ дучор шудем, ки вазъи ҷомеаро ноором сохтанд. Гуногунандешии сиёсӣ, ки солҳои 80–90-уми асри ХХ ба миён омад, боиси пайдоиши гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталифи ҷамъиятию сиёсие гашт, ки бо «ақидаҳои озодихоҳӣ», баҳри ба даст овардани ҳокимият фаъолият мекарданд. Дар ин миён Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, яъне СССР барҳам хӯрд. 9-уми сентябри соли 1991 мо Истиқлолияти давлатиамонро эълон кардем ва дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ пайдо шуд.

 Он замон аксар гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои навтаъсис хусусияти маҳаллӣ доштанд, яъне аз нуқтаи назари маҳалҳо ба вуҷуд омада, манфиатҳои маҳалро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузоштанд. Ба ҷойи масъалаҳои давлатсозию миллатсозӣ, бештар дар фикри тақсим кардани давлат буданд. Оқибат, соли 1992 ҷумҳурӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ печид.

Қабули Эъломияи Истиқлолияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, зарурати такмили низоми ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатиро дар ҷумҳурӣ пеш овард. Кӯшишҳои таҳияи Конститутсия аз солҳои 90-ум ба назар расида бошад ҳам, мутаассифона, комиссияи таъсисёфта он замон ба анҷоми кор муваффақ нашуд. Имкони таҳияи Конститутсияи комил танҳо пас аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ ба вуҷуд омад. Дар Иҷлосияи таърихсоз масъалаҳои муҳими ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ташкили Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва таҳияи Конститутсия матраҳ гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз асарҳояшон зикр менамоянд: «Иҷлосияи Шурои Олӣ, ки дар Хуҷанд барпо гардид, ҳукумати қонуниро таъсис дод ва ба таъмини сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ асоси боэътимод гузошт».

Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ Сарвари давлат -

Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдории худро барои сохтани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуданд ва ин нуктаи муҳим асоси таҳияи Конститутсия гардид.

Соли 1993 дар Иҷлосияи ХVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи конститутсионии нав таъсис ёфт ва ба кор шуруъ кард. Роҳбари давлат – Раиси Шурои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти сиёсии худ ба Иҷлосияи ХVIII Шурои Олӣ, чор унсури таркибӣ ва усули қабули Конститутсияро пешниҳод намуданд. Нуктаи муҳими изҳорот, барпо кардани давлати демократию дунявӣ ва гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ буд, ки асоси онро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад. Ин ҷо сухан сари ду масъалаи хеле мураккаб: сиёсати ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлат мерафт. Бо сабаби нокора шудани иқтисоди фармонфармоии Иттиҳоди Шуравӣ, зарурати гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ пеш омада буд. Нуктаи дигар ва зарурии изҳорот ин буд, ки асоси давлатдории ҷадидро бояд Конститутсия муайян мекард. Бо пешниҳоди Роҳбари давлат лоиҳаи Конститутсия бояд ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешуду қабулаш дар асоси раъйпурсии умумӣ сурат мегирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба қувваи бузург будани ҷомеа эътимод доштанд ва мехостанд зарурати қабули Конститутсия ва манфиати онро халқ бифаҳмад.

Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд ва бо назардошти ҳашту ним ҳазор дархосту пешниҳодҳо 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

  Дар 10 бобу 100 моддаи Конститутсия тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа зина ба зина мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои ҳуқуқӣ нозукона ба танзим дароварда мешаванд, сатҳу сифати татбиқи онро дар ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Конститутсия бо вожаҳои хеле пурмуҳтаво: «Мо, халқи Тоҷикистон…» оғоз мегардад, ки дар ҳамин муқаддима мақсад, маром, вазифа, масъулият, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, ба таври мушаххас баён ёфтааст. Ин суханон далели шукӯҳу ҷалол, обрӯю эътибори халқ, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимият будани онро ифода менамоянд. Конститутсия ин як ҳуҷҷати ҳуқуқии одӣ нест, ки дар дохили он конструксияҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ инъикос гардида бошанд. Конститутсия ҳуҷҷати барномавӣ - стратегӣ аст, ки бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини соҳибихтиёрии давлат мақсади он мебошад. Дар Конститутсия масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвар аст ва боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Мо аз оғоз дар бораи халқ ҳамчун манбаи ҳокимият ҳарф мезанем ва Конститутсия барои таъсиси ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз таҳкурсии қавие гузоштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 2500 ташкилоти ҷамъиятӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ, 40 иттифоқи касаба, 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки замина барои гуногунандешии сиёсиву иҷтимоист.

Конститутсия асоси низоми ҳуқуқии кишварро муайян мекунад ва тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имрӯз бояд мутобиқ ба муқаррароти Конститутсия омода гарданд. Дар ҷумҳурӣ зимнан 17 қонуни конститутсионӣ, 24 кодекс, 16 қонуни авф, 2 қонуни авфи амвол ва 3 қонуни авфи шаҳрвандон дар қонунигардонии маблағҳо, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия, 964 шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ, 375 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои Ҳукумат амал мекунанд.

 

Низоми ҳуқуқӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ва талаботи замон ивазшаванда аст. То ин дам дар Тоҷикистон 2 кодексу беш аз 100 қонун, бо сабаби анҷоми рисолат, бекор шуданд. Дар самти муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунҳои тоза дар баррасианд. Масалан, айни ҳол дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар самти «Соҳибкории иҷтимоӣ» баррасӣ гардида истодааст, ки қабули он талаботи замон аст.

 Соли 2024 дар Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд ва дар зимн мо то кадом андоза ба ҳадафҳо ва кӯшиши аз нигоҳи ҳуқуқӣ мусаллаҳ гардондани ҷомеа шарафёб гардидем?

 Маърифат, тарбия, шуури ҳуқуқӣ категорияҳои хеле мураккабанд. Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави 30-солагии қабули Конститутсия хеле рамзист. Сарвари давлат ҳамеша дар хусуси зарурати тарбияи хуқуқии шаҳрвандон ҳарф мезаданд. Ҳанӯз соли 1997 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд. Ҷомеа механизми мураккаб аст ва дар идоракунии он ба анархия роҳ дода намешавад. Озодии халқ дар доираи қонун амалӣ мешавад, ба қавле «агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош».

Баъд аз бенизомиҳо ва ворид шудани ақидаҳои ифротӣ, дар ҷомеа зарурати ба танзим даровардани муносибатҳо ва рафтору кирдори мардум ба миён омад. Ин роҳ идроку дониши махсус талаб мекард ва дар доираи ин мавзуъ бояд муносибати шаҳрвандон ба қонуну ҳуқуқҳояшон бозбинӣ мешуд. Фармони Президент дар соли 1997 маҳз ба ҳамин масъала равона шуда буд. Дар заминаи ин Фармон ду барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки солҳои 1997 ва 2009 тасдиқ гардидаанд, татбиқ кардем ва ҳоло «Барномаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2030» дар раванди амалишавист. Яке аз мавзуъҳои меҳварии «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2006 қабул шуд, маърифати ҳуқуқист.

Вақте Конститутсияро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардем, аввалтар аз ҳама арзишҳои умумибашарии ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар Конститутсия дарҷ намудем. Новобаста аз ин, фишори ҷаҳонишавӣ ба қонун хеле зиёд аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсонро давлат эътироф ва онро дар Конститутсия баланду воло арҷ гузоштааст. Аммо масъала фаротар аз он аст, ки мепиндорем. Ҳуқуқ дар шароити кунунӣ як воситаи таъсиррасонӣ ба давлатҳо шудааст. Ҳастанд масъалаҳои баҳсноку ташреҳталаб дар замони муосир, ки чун ҳуқуқҳои фитрӣ вонамуд мешаванд. Масалан, масъалаҳои гендерӣ, ки баҳсҳои зиёди зидду нақизе дорад, ё ҷараёни наву хавфноки «квадробер» (ҷавонон худро шабеҳи ҳайвонот мекунанд) дар дунё… Дар замони мо, зарурати дарки дурусти арзишҳои милливу фарҳангӣ пеш омадааст.

Дар Конститутсия мо таносуби қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардидаро муайян намудем. Аммо имрӯз сару садоҳои волоияти «меъёрҳои умумиэътирофшуда» нисбат ба қонунҳои давлатҳои соҳибихтиёр масъалагузорӣ мешавад, ки дарки дурусти он ва маърифати баландеро тақозо дорад. Бинобар ин, як санади консептуалии дигар «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028» маҳсуб меёбад, ки барои рушди маърифати ҳуқуқӣ арзишнок аст.

 Конститутсия дар асоси раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гашт ва то имрӯз се маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро шарҳ медодед?

- Конститутсия ҳуҷҷати шахшуда нест. Худи моҳияти он дастур медиҳад, ки мо бояд дар заминаи рушди миллию фарҳангӣ раванди қонунгузории худро ташкил ва ҳифз карда тавонем. Таъсири ҷаҳонишавӣ ҳам ба раванди меъёрэҷодкунӣ кам нест. Дар ҷомеаҳое, ки дар марҳалаҳои гузариш қарор доранд, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар садади ташкили сохти давлатдории навини моҳияти иҷтимоидошта қарор дошт, зарурати рушду такомули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва худи Конститутсия низ ба миён омад. Ба Конститутсия се маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки аввалинаш ба санаи 26-уми сентябри соли 1999 рост омадааст.

27-уми июни соли 1997, пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, вақте Комиссияи оштии миллӣ масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ ва расидан ба сулҳу оштиро баррасӣ мекарданд, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба миён гузошта шуд. Пешниҳод гардид, ки дар кишвар Парлумони доимоамалкунанда созмон ёбад. То ин замон Маҷлиси Олӣ танҳо дар шакли даъватӣ амал мекард. Дар давраи гузариш ва талаботи бештари меъёрэҷодкунӣ ин амр талаботи замон буд.

Яке аз масъалаҳое, ки он солҳо ҷонибҳо баррасӣ намудаанд, ин иҷозаи таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта дар кишвар буд. Ин масъала аз нуқтаи назари муносибати давлат ба дин, ки дин набояд ба масъалаҳои сиёсиву давлатӣ дахолат намояд, хеле баҳсӣ буду ҳаст, аммо барои расидан ба сулҳу салоҳ ин мавзуъ ҳам мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вақт нишон дод, ки ин масъала воқеан ба манфиати кор набуду нест.

Соли 2003 зарурати ворид намудани боз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш омад. Яке аз масъалаҳои муҳими ин давра таҳаввулоти мақомоти судӣ буд. Сухан дар бораи зиёд кардани муҳлати ваколати судяҳо аз 5 то 10 сол мерафт. Ин қадами устувор барои пойдории ҳокимияти судӣ дар кишвар, барои таъмини беғаразӣ ва итоати судяҳо дар фаъолият танҳо ба қонун буд. Он сол масъалаи муҳлати ваколати Президент, хизматрасониҳои ройгони давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, маориф низ мавриди баррасиву бозбинӣ қарор гирифтанд.

Тағйиру иловаҳои соли 2016 бештар ба мустаҳкам кардани шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон рабт дошт. Таърихи давлатсозии мо нишон медиҳад, ки дар рушду нумӯи давлат, тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷии он, масъулияти Президент бештар аст. Аз ин хотир, Конститутсия ба шакли идоракунии президентӣ мувофиқ карда шуд. Имконияти интихоби ҷавонон аз синни 30-солагӣ дар шохаҳои роҳбарии ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъсиси ҳизбҳои сиёсии хориҷӣ, ҳизбҳои хусусияти милливу динидошта ва маблағгузории онҳо аз хориҷ манъ гардид. Яъне, ин масъалаҳо ҳама барои тақвияту рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буданд.

Таманниёти Шумо дар Рӯзи Конститутсия…

Чун ҳуқуқшинос ҳамеша ба вожаҳои аввал ва пурмаънои Конститутсия «Мо, халқи Тоҷикистон…!» такя мекунам. Амалисозандаи Конститутсия халқи Тоҷикистон аст. Касе аз берун бароямон ин корро бо масъулияту дилсӯзӣ анҷом намедиҳад. Хато ҳам сар зад аз мост, музаффарият ҳам аз мост! Муҳташамии ҳамин суханҳо водор месозад, ки Конститутсияро бо нияту дили пок татбиқ созем. Таманно дорам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бегазанд бошад ва наслҳои баъдӣ ҳазорсолаҳо аз он баҳравар гарданд!

 Гулноза БОБОМУРОДОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон