БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳуқуқдонӣ – қадами устувор ба сӯи комёбӣ

Ҳуқуқ

Маданият ва рушди ҳар як ҷомеаро аз рӯи нишондиҳандаҳои зиёде метавон муайян кард, ки миёни он мақоми зан дар ҷомеа ва риояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Зеро ҷомеае, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандон, хосса занон ҳифз намегардад, наметавон онро ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд унвон дод. Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кафолати асосии расидан ба ҷомеаи мутараққиву демократӣ буда, вазифаи аввалиндараҷаи ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.

Боиси хушнудист, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонуни асосӣ мебошад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтироми хосса зоҳир мегардад.

Огаҳӣ надоштани шаҳрвандон аз донишҳои ҳуқуқӣ на танҳо ба ғайриимкон гардидани ҳимояи ҳуқуқҳо таъсир мерасонад, балки боиси афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ мегардад. Риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моил нагардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ, доштани тафаккури баланди зеҳнӣ, дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон дарак медиҳад…

Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳоеро, ки барои таъмин намудани меъёри конститутсионӣ равона гардидаанд, амалӣ менамояд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз моҳи марти соли 2005 амал менамояд. Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба танзим медарорад, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯйи аломатҳои ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва кафолатҳои давлатии имкониятҳои баробари шахсони ҷинсашон гуногунро муқаррар менамояд.

Анъанаҳои муайян, афкори ҷамъиятӣ нисбати занон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳии дурдаст, ҳамзамон вобастагии иқтисодии духтарон сабабҳои асосӣ мебошанд. Афзалияти асосӣ дар бартараф кардани масъалаҳое, ки бо паст будани мақоми зан дар ҷомеа алоқаманданд, пеш аз ҳама бояд ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, таҳаввулот дар шакл ва усулҳои таълим, васеъ намудани шабакаи хизматҳои таҳсилотӣ ва маърифатии занон, фаҳмиши зарурати гирифтани дониш ҳамчун роҳи ягонаи солими иҷтимоигардонии занон, яъне таҳким бахшидани сарвати инсонии давлат мебошад. Баланд бардоштани ҷой ва мақоми зан дар оила ва ҷомеа ба рушди ҷомеа ва нафъи миллат аст. Дар ин радиф, бо донишҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ будани бонувон қадами устуворе ба сӯи комёбиҳо хоҳад буд.

 

Бо эълон гардидани «Соли маърифати ҳу­қуқӣ» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон як қатор корҳо дар ин самт, аз қабили тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонун, ба чоп расондани маводҳои оммавӣ, илмиву таълимӣ ва мақолаву мусоҳиба, дар раванди фаъолияти корӣ риояи талаботи меъёрии қонун, дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба қонун, доир намудани чорабиниҳои гуногун ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ғайра амалӣ гаштаанд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳу­қуқии шаҳрвандон муттаҳидӣ ва ҳамкории му­тақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст.

Оила низ дар ин самт метавонад саҳми муассир гузорад. Тибқи маълумоти оморӣ қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Талаботи мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзандон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо равона гардидааст.

Месазад, ки кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон беш аз ҳарвақта бо дарки масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ масъулияти баландро эҳсос намуда, ҷиҳати боло бурдани фарҳанг, шуур ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саъю талош варзанд.

Нилуфар МИРЗОЗОДА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон