БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Масъулияти зодмандон ва омӯзгор

Ҳуқуқ

Ҳадаф аз таҳия ва мавриди амал қарор додани дилхоҳ санади қонунӣ ин мутобиқ ба ниёзи ҷомеа ва замон фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бо ин восита танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Инсоният қонунро барои ислоҳи камбудиҳои ҳаёт эҷод намуда, қудрати таъсиррасонии ҳуқуқиро барои ба низоми дуруст ворид намудани рафтору амалкарди шаҳрвандон мавриди истифода қарор медиҳад. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи меъёрҳои қонун ба сатҳу сифати таҳия ва баррасию муҳокимаи ҳамаҷонибаи он вобастагӣ дорад.

Бо назардошти ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» масъулиятро барои таълиму тарбияи кӯдак бо маънии фарогири он, яъне иштироки ҳамагонӣ, шуруъ аз падару модар то ба омӯзгору аҳли ҷомеа дар маҷмуъ, пешбинӣ ва муқаррар менамояд. Қонуни қаблӣ, ки беэътибор дониста шуд, танҳо масъулияти падару модарро ба назар гирифта буд, ки гоҳо боиси фаҳмишҳои нодуруст ва яктарафаи танҳо ба дӯши зодмандон вогузор шудани таълиму тарбия мегардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускор ва иқдомгари аслии тавассути механизми қонунӣ ба танзим даровардани ҷараёни таълиму тарбияи кӯдакон ва бо ин роҳ беҳдошти фазои ахлоқӣ ва муҳити маънавии ҷомеа мебошанд, дар замони таҳияи лоиҳаи ин Қонуни миллӣ амиқ дарк намуда буданд, ки тамоюлҳои манфӣ ва зуҳуроти номақбули дар раванди ташаккули кӯдакону наврасон ҷойдошта як навъ танзими ҳуқуқии натиҷабахшро тақозо менамояд. Дуруст, саривақтӣ ва мантиқӣ будани чунин дарки мавридшиносона ва оянданигаронаи Сарвари давлатро гузашти вақт собит намуд. Зеро, агар таълиму тарбияи фарзанд, баъдтар таълиму тарбияи кӯдак шарҳу тафсири ҳуқуқӣ намеёфту доираи масъулият дар ин самти басо муҳими ҷомеадорӣ мушаххас намегардид, таҳти таъсири тамоюлҳои пурхатари авзои печидаи ҷаҳонӣ метавонист пайомадҳои зиёнбор ба суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии давлатдории миллӣ рафъи оқибати чунин зуҳуроти вазнини халал ёфтани раванди таълиму тарбия вақту фурсати зиёдеро талаб менамуд.

 Қонуният, адолат ва инсондӯстӣ, ки аз ҷумлаи принсипҳои асосии масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дар ин Қонуни зикршуда муқаррар гардидаанд, рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакро ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ дар ин самт асоси мустаҳками ҳуқуқӣ бахшида, тарбияи ӯро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ дорои аҳамияти ҳаётӣ маънидод менамояд. Дар вобастагӣ ба ин, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии кӯдак фаъолияти мақсаднок шумурда шуда, падару модарро вазифадор намудааст, ки дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадории баробар дошта бошанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи падару модар баҳри назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шуда, ҳамзамон, онҳоро уҳдадор кардааст, ки дар ин самт бо омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф мунтазам ҳамкорӣ намоянд.

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои таълим ва тарбия ба таври ҷудогона шарҳ дода шуда, дар алоқамандӣ бо он уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак дар алоҳидагӣ номбар гардидаанд, ки ҳамагуна фаҳмишҳои нодуруст дар мавриди ҷараёни яксон будани таълиму тарбияро аз байн мебарад.

Ҳуқуқу уҳдадории муассисаи таълимӣ ва ҳуқуқу уҳдадории омӯзгор, ки дар моддаҳои алоҳида возеҳу равшан баён шудаанд, аз хусусиятҳои барҷастаи ин Қонуни миллӣ буда, мавридҳои нодида гирифтани масъулият ва ё сарпечӣ намудан аз иҷрои онро истисно менамояд. Чун тарбияи таълимгирандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз зумраи ҳуқуқ ва уҳдадории омӯзгор дар ин санади қонунӣ меъёри ҳуқуқӣ пайдо намудааст, паҳлуи басо муҳими ҳастии ҷомеа - таълиму тарбияи кӯдак аз омӯзгорон ва ниҳоди маорифи миллӣ садоқату касбияти бештар ва хидматгузории арзандаро дар ҷодаи пурифтихори ташаккули шахсиятҳои бозаковат ва соҳибмаърифат тақозо дорад.

Бо такя ба Қонуни мазкур ҷараёни таълиму тарбия ба маҷрои боз ҳам бонизомтар ворид гардида, масъулиятнокии самимонаи волидон ва омӯзгорон дар ин ҷодаи миллатсоз тамоюли болоравӣ пайдо намуда, ҷомеа аз хавфу оқибатҳои вобаста ба воя расидани насли хилофкор, бетарбия ва зиёнрасон эмин мемонад ва ҳалқаи байни оила, мактаб ва ҷомеа дар раванди таълим ва тарбия бештар собиту устувор мегардад.

Дар ин замина, яке аз роҳҳои таъсирбахши таъмини риояи ин Қонуни миллӣ ва дигар қонунҳо ин боло бурдани савияи шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳким бахшидани ҳисси қонунпазирии онҳо ба ҳисоб меравад.

Суҳроб РУШАНЗОДА,

раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон