БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тасмим буду ҳам орзу
ҲуқуқФишурдаи суҳбат бо Аломат Бобиева равзанаеро пешорӯи хонанда боз менамояд, ки дар он рӯзгори як зани хоксору ниҳоят одӣ намоён мегардад.
Чаро прокурор шудам?
- Аксар вақте дар бораи бонувони мақомоти низомӣ, суду прокуратура ва милитсия мавод мутолаа менамоям ё дар бораашон барномаҳои радиоию телевизионӣ пахш мешавад, сабаби интихоби касбро аз орзу доштан ба либоси низомӣ пеш меоранд. Воқеан, ин андешаҳо дурустанд, зеро либоси низомӣ хеле зебою шинам буда, дар чеҳраи шахси дар тан чунин либосдошта салобати хосса ҳувайдо аст, - мегӯяд Аломат Бобиева.
Ҳамин симои ба истилоҳ «босиёсат»-и тағои милисааш шавқи пешаро дар қалби Аломат аз овони наврасиаш ҷой намуд. Баъдан, мутолааи асарҳои сиёсии детективии нависандаи озар Чингиз Абдуллоев ӯро чун қаҳрамонони ҷӯяндаю таҳқиқгари роману повестҳо ба дунёи худ ворид сохтанд. Ҷасорату матонати бонувони мақомоти низомӣ, ки қаҳрамонони асосии асарҳо буданд, ӯро ба ваҷд оварда, дар амалӣ сохтани орзуҳояш ба Аломат неру бахшиданд.
- Падарам Асрориддин Шарифов корманди эҷодӣ буд. Умри бештари худро дар Радиои Тоҷикистон бо таҳияи барномаҳо гузаронда, муддате дар рӯзномаи «Минбари халқ» фаъолият дошт. Соли хатмкунандаи мактаб будан, қиблагоҳ маро аз интихоби касб пурсид. Гуфтам: «Прокурор мешавам!»
Шояд падар мехост, журналист шавам, зеро аз ҷавобам лаҳзае хомӯш монду сипас бо нармӣ гуфт: «Омода бош! Талаботи довталабӣ дар факултаи ҳуқуқшиносӣ ҷиддитар аст». Дарвоқеъ, он замон барои довталаби ин факулта шудан, ғайр аз дониши хуб доштан, ҳатман соҳиби собиқаи кории дусола даркор буд.
Аз ин рӯ, ду сол дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Марказии пойтахт (имрӯза ноҳияи Фирдавсӣ) ҳамчун котиб – коргузор кор кардам. Соли 1986 бо роҳхати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) супурдам. Замони донишҷӯӣ риштаи тақдир маро бо ҳамкурсам Ҷамолиддин Бобиев пайваст. Бо ҳам оиладор шудем. Соли 1994 ҳамроҳ Донишгоҳро хатм намудем.
Мушкилкушоям - модарам
- Шавҳарам корро дар прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ҳамчун муфаттиш шуруъ кард. Баъдан, ӯ дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт. Соле пас ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ аз олам даргузашт, - бо таассуф иброз медорад бонуи прокурор.
Фаъолияти кории Аломат Бобиева дар мақомоти прокуратура аз соли 1995 оғоз ёфт. Вақте ба кори мақомоти мазкур пайваст, аввалин бонуи ин ниҳод буд ва баъдан ду бонуи дигар, Маҳина Табарова дар мақомоти прокуратураи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ва Марзия Чоршанбиева дар прокуратураи гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохтанд.
Қаблан дар прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ва алҳол, ҳамчун прокурори калони ҳарбии шуъбаи кадрҳо, ташкили кор ва омори Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа дорад.
- Дар пушти ҳар каси муваффақ нафарест, ки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ҳамдаму ёвар буда, дар тай намудани пайроҳаи пурпечутоби рӯзгор роҳнамояш шудааст. Барои ман чунин шахси дастгиру мушкилкушо модарам буд, ки баъди марги шавҳар бо меҳрубониву насиҳатҳояш ба руҳи афсурдаву дили шикастаам дуюмбора ҷон бахшид. Модар, ки дар боғчаи кӯдакон мураббия буд, ҳар субҳ фарзандонамро бо худ ба он ҷо мебурд. Хуллас, модар дар ба воя расондан ва нигоҳубини фарзандонам, Суҳайл ва Сомон, ёрӣ расонд, - мегӯяд Аломатбону.
Хизмат ба Ватан шараф аст
Ӯ мегӯяд, ки дар асоси нақша – чорабиниҳо бо сарбозону афсарон вохӯриҳо гузаронда, аз бобати ватандорию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию ҳарбии гузаштагон нисбат ба ватанпарастӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар баромадҳо менамоянд. Вобаста ба Паёми Президенти мамлакат, ки дар он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд, дар қисмҳои ҳарбии кишвар вохӯриҳо гузаронд, ки асосан ба масъалаҳои риояи интизоми ҳарбӣ, оинномаи ҳарбӣ ва интизому муошират байни афсарону аскарон равона шудаанд.
- Меҳри Ватан ва эҳсоси дӯстдории марзу бум ҳамчун омӯзише дар ҳар хонавода, шояд сари дастархон ё анҷоми коре бояд ҳатман сурат бигирад. Модар тавассути шири сафед муҳаббати худ ва бо аллаҳояш меҳри Ватанро дар хуну ҷони фарзанд ҷой менамояд.
Дар баробари он ки сари ҳар вақт бо тақозои пеша бо сарбозону афсарон сари ин мавзуъ суҳбатҳо меороем, ҳамчунин, фарзандон ва наберагонро ба дӯст доштани Ватан ва арзишҳои он тарғиб менамоем, - мегӯяд Аломат Бобиева.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО