Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сарнозири дидбонгоҳи гумрукӣ
ҲуқуқМуродбегим Карамова, афсари пухтакору пуркор ва масъулиятшинос, бештар аз 15 сол аст дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фаъолият менамояд.
Дар бораи сарнозири дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ Муродбегим Карамова метавон гуфт, ки вазифаи хидматиашро бо кордонӣ ва касбияти баланд иҷро менамояд. Бо рафтору гуфтор ва амалашон дар кор ва муносибат бо мардум симои корманди Хадамотро ба таври шоиста намояндагӣ мекунад ва арзанда аст, - гуфт муовини аввали сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳусейн Нидоев.
Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим убури расмии шаҳрвандони ҳар ду кишвар зиёд аст. Бахусус рӯзҳои шанбе, ки яке аз калонтарин бозорҳои наздимарзӣ дар минтақа дар боз мекунад. Тоҷирону савдогарон ва сокинони зиёди шаҳру деҳоти ҳар ду тарафи марз ба хотири табодули молу коло дар ин ҷо ҷамъ меоянд.
Фаъолияти дақиқ ва муназзами касбии кормандони дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ ба ҳама хоҳишмандон аз тарафи кишвари ҳамсоя, имконият медиҳад, ки дар асоси қонунгузории кишвар ба бозор ворид гарданд.
Бозорҳои наздимарзӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ба манзури мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатии сокинони деҳоти марзии ду тараф таъсис ёфта, ҳамгироии тиҷоративу фарҳангии мардуми ду кишвари дӯсту ҳамҷавор нақши муҳим доранд. Бахусус сокинони деҳоти марзии кишвари ҳамҷавор, ки кишоварзиву тиҷорат пешаи асосиашон аст, фаъолияти ин бозорҳоро, ки бо иқдоми ҳукуматҳои ду мамлакат роҳандозӣ гардид, аз лиҳози дастгирии иҷтимоӣ барояшон муфид медонанд. Дар баробари сокинон аз шаҳру деҳоти гуногуни ВМКБ шаҳрвандони зиёди афғон тариқи дидбонгоҳи гумрукӣ ба бозор ворид мешаванду расмиёти шиносоии ҳувият ва тафтиши молу колои овардаашон ҳамеша тез ва босифат дар асоси қонун анҷом мешаванд. Ҳузури зан дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ, бавижа дар марз бо кишварҳое, ки фарҳанги исломӣ доранд, амри зарур буда, ҳодисаи ягонае, ки дар бозори марзӣ дар соли аввали оғози фаъолияти он рух дод, инро собит сохт. Як табааи афғон, ки мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон дарёфт намуда, дар маркази ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекарду соҳиби зану фарзанд ҳам шуд, бо ваъдаи ба шавҳари бойю бадавлат додани як зан аз хешовандони ҳамсарашон бо маслиҳати пешакӣ ризоияташро ба даст оварда, бо истифода аз ин ҳолат, ки дар бозори марзӣ занҳо талошӣ ва ё кофтуков намешуданд, ба рӯяшон фаранҷӣ кашида, дар қатори дигар занҳои афғон ӯро аз марз гузаронд. Тавассути зиракиву ҳушёрии кормандони дидбонгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ ин ҳила зуд ошкор шуда, нисбат ба дастандаркори ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Мақомоти гумрук ҳузури занро дар дидбонгоҳи гумрукӣ амри зарур дониста, аз байни довталабони зиёд Муродбегим Карамоваро, ки то ин дам дар мақомоти нозиротӣ фаъолият мекард, интихоб намуданд.
Ба гуфтаи Ҳусейн Нидоев, Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша бо ҳам муносибатҳои хубу дӯстона дошта, фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ нишонаи барҷастаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва идомаи таҳкими муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии ду халқи фарҳангсолор ҳастанд. Аммо дар кишвари ҳамҷавор афрод ва гурӯҳҳои алоҳидае ҳастанд, ки амалашон бар зарари давлат ва мардуми ҳар ду кишвар нигаронда шуда, ин гуна ашхос ба хотири манфиатҳои ғаразнокашон метавонанд, аз занону кӯдакон низ истифода намоянду ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаи ногувори эҳтимолӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ назорати пурзӯр ҷорист. Тадбирҳои пурзӯр намудани назорати марзӣ ва гумрукӣ, боло рафтани савияи ҳуқуқӣ ва эҳсоси ҷавобгарии сахт дар назди қонун ва таҳким ёфтани фарҳанги тиҷоратӣ, ҳамгироӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ боис гардиданд, ки солҳои охир қонуншиканӣ аз ҷониби воридшавандагон ба дидбонгоҳи гумрукӣ қариб аз байн рафта, чунин кӯшишҳо сари вақт пешгирӣ ва ошкор мешаванд.
Майори хадамоти гумрук Муродбегим Карамова дар тули солҳои фаъолияташ дар ин сохтор собит сохт, ки арзандаи касбу кор аст. Ӯ дақиқкор, дурусткор, сахтгир ва масъулиятшинос асту одоби баланди муомила бо мардум дорад. Миёни ҳамкорон аз эҳтироми зиёд бархӯрдор мебошад. Сарнозир ҳамеша орому осуда ва бо маданияти баланди муносибати корӣ ва сухани кӯтоҳу баҷо тавре рафтор менамояд, ки шахси моҷароҷӯ аз кирдораш худ шармсор мешаваду бахшиш мепурсад. Занони зиёди кишвари ҳамҷавор ва, ҳамчунин мардҳо, ки аз дидбонгоҳи гумрукӣ мегузаранд, Муродбегимро бо эҳтироми зиёд «ҳамшира» ва «хоҳар» ном мебаранд. Ӯ асосан ба тафтиши ҷинси латиф кор мегираду дар баробари серталабу сахтгир будан, муносибати хубу хушгуфторӣ дорад, ки ҳамчун корманди масъули давлат, ба ӯ малоҳат ва ҳусни бештаре мебахшанд.
М.Карамова пас аз хатми Омӯзишгоҳи молия ва ташкили савдо дар шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим баргашт. Ин давра ба авҷи тиҷорати кӯчабозорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рост омад, вале ӯ кори идориро интихоб намуд. Дар ҷойҳои кори муваққатан холимода аввал чун котиба ва сипас ба ҳайси мутахассис дар бахши шуғли аҳолии ноҳия фаъолият кард. Бо андӯхтани таҷрибаи аввалияи корӣ эҳсос намуд, ки ба такмили дониш ниёз дораду ба ин мақсад ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, бомуваффақият онро хатм намуд. Фаъолияти касбиаш пас аз ин дар бахши нозироти андози ноҳияи Ишкошим оғоз ёфт. Соли 2007-ум ӯро ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гирифтанд.
Дар Тоҷикистон дидбонгоҳҳои зиёди гумрукии наздисарҳадӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин гузаргоҳҳои калонтарини гумрукӣ байни Тоҷикистону Чин дар маҳали Қулмаи ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст, ки ҳамасола бештар аз 100 ҳазор тонна молу мавод аз ин ҷо ба минтақаҳои гуногуни кишвар ворид мегардад. Имкон дорад, ки бо фароҳам шудани авзои амниятӣ дар кишвари ҳамҷаворамон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин роҳҳои тиҷоратӣ ба сӯйи бандар дар уқёнуси Ором боз ва воридоту содироти мол тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии ноҳияи Ишкошим ба маротиб афзоиш ёбад.
Кормандони Хадамоти гумруки кишвар ҳифзи манфиатҳои давлат дар назорати содироту воридоти моли байнидавлатӣ, ҳимояи манфиати истеъмолкунандагону истеҳсолкунандагони ватанӣ ва пур намудани буҷети давлат тавассути боҷситонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти мамнуъ, нигораҳо ва бозёфтҳои қадима ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ фаъолияти пурсамар дорад. Сарнозири дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии Ишкошим Муродбегим Карамова бо иҷрои намунавии вазифаи хидматӣ ва садоқати беандоза ба касб собит сохт, ки бонувон метавонанд, дар ҳар ҷодаи пуршараф ва душвору масъул муваффақ бошанд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Ишкошим