Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо азми мардона
ҲуқуқСоатҳое, ки мо дар кӯчаҳои шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт пайи кор будем, бонувони рутбадор дар ҳар гӯшаву гардиш моро рӯ ба рӯ меомаданд, ки бо қадамзаниҳои хосаву мардонаи худ нигоҳи ҳар нафарро ба худ мекашиданд. Шом низ бонуе аз ин низомиҳоро дидем, ки дар даву ғеч аст. Мусоҳибони мо ӯро Раҳимзода Шаҳло Исо муаррифӣ намуда гуфтанд, ки ӯ солҳои зиёд дар сафи милитсия пайи кору иҷрои вазифа аст.
Рӯзи дигар, ба қавле вазифаи хонагиро аз суҳбат бо он ҷониб оғоз кардем. Маъмулан, ҳамон саволе, ки аксари занони низомӣ аз журналист нигаронанд, ки иҷрои ин вазифа барои ӯ душвор нест, мепурсам.
Агар мақсад сари душвориҳои кору вазифа бошад, иҷрои ҳамагуна кор мушкилии худро дорад, ҳатто омода намудани як пиёлаи чойи гарм ҳам, - мегӯяд подполковники милитсия Шаҳло Раҳимзода,-зеро метавонад аз беэҳтиётӣ ё саросемагӣ ҳамон пиёлаи чой аз даст афтаду зонуи шумо ё аз кӯдакеро сӯзонад. Ё лаҳзаи дами гарм омода намудан намаки хӯрок аз ёдатон мебарояд ё зиёдтар меояду боиси нороҳатии шавҳар ё аҳли хонавода мегардад. Ҳамаи ин мушкилот аст, аммо мушкилии бонуи низомӣ дарвоқеъ аз мардон дида зиёдтар аст, инро метавон иқрор кард. Чун, дар баробари вазифаи хидматӣ, ӯ масъулияти бузурги дигар низ дар назди шавҳару аҳли хонадон дорад, ки оғоз, ин тарбияи атфол, зебу орои манзилаш мебошад. Ана ҳамин ду омили аввал сабаб мешавад, ки бонувон гоҳ-гоҳе ба кор дер ҳозир мешаванд ё барвақттар аз кор мебароянд. Аммо муҳим он аст, ки зани корманд, аз хонашин дида масъулияти рӯзгордориро бештар эҳсос менамояд.
Чӣ тавр…?
Зани коргар сарфакору тозакор мешавад, ба қадри заҳмат, аниқтараш ба қадри пул (маблағ) мерасад. Медонад, ки маблағ аз осмон намеафтад, он дар натиҷаи меҳнати ақлонию ҷисмонӣ ба даст меояд. Сари тарбияи фарзандон низ масъулияти дучанд дорад. Субҳ кӯдакро ба боғчаю мактабхонашро то дари дабистон мерасонаду сонӣ ба кор меояд. Гоҳе барои эҳтиёту дер намондан аз кор, субҳонаи аҳли хонаводаро шабона омода месозаду пойафзоли шавҳару бачаҳоро пок намуда, назди дар мегузорад. Ӯ намехоҳад шавҳар ё фарзандонаш бо либоси дарзмолнодида дар ҷои кор ё мактабу боғча ҳозир шаванд. Тозаву озода будани онҳоро дар баробари кору вазифаи худ, мояи ифтихор низ медонад. Ва ман бовар дорам, ки кам занҳои хонашин ин масъулияти хонаводагиро хуб фаҳму дарк мекунанд. Духтари мактабхон будам, ки зодмандонам ҳамин супоришҳои тарбиявиро ба ман вазифа гузошта ҳушдор медоданд, ки оянда, агар ҳамчунон бошӣ, хусуру хушдоман ва шавҳар монеи кори ту шуда наметавонанд…
Чаро низомӣ, духтур ё омӯзгор не?
Низомӣ шудан орзуи овони бачагии ман буд. Ба ибораи дигар, аз рӯзе, ки худро шинохтаам. Соли 2001, ки он замон аз минтақаи Рашт кам духтарон ба мактабҳои олӣ роҳ мегирифтанд, банда низ тибқи Квота ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намудам.
Соли 2006 фаъолиятро дар маҳбасхонаи занонаи шаҳри Норак шуруъ намудам. Муносибати некбинонаи маро бо занҳои маҳбус дида, роҳбарият дар андак вақт сардори даста таъин карданд. Тавре роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунанд, маҳбусҳо низ чун мову шумо инсонанд, бо онҳо ҳамчун одам бояд рафтор кард. Ва ман, ки тарбиятдидаи хонаводаи зиёӣ ва таҳсилдидаи риштаи равоншиносӣ будам, бо ҳар нафар зан чӣ гуна муносибат карданро хуб медонистам. Чаро нагӯям, ки маҳз ҳамин хислатҳои неки инсонӣ маро миёни ҳамкорону занҳои дар адои ҷазо нишаста чун имрӯз соҳибэҳтиром карда буд. Бо хоҳиши худ се сол дар маҳбасхонаи шаҳри Истаравшан, аз он ҷо ба колонаи кӯдакона ва боз ба шаҳри Норак омада, то соли 2012 масъулият доштам.
Баъд ба зодгоҳ?
Бале, соли 2012 дар ноҳияи Рашт сардори маҳкамаи нигоҳдорӣ дар минтақа таъин шудам. Иҷрои вазифа чандон осон набуд, аммо боварии роҳбариятро ҳам дар замин гузошта наметавонистам.
Маҳкамаи нигоҳдорӣ он шабу рӯз дар ҳар ноҳияи минтақа аз 4 то 5 нафар корманд дошт, ки ҳамеша бо онҳо дар тамосу корбарӣ будем. Пас аз ҳашт соли фаъолият маро ба шуъбаи ноболиғон гузаронда, ҳамчун нозири калон тартибу низом, ҳимояи қонуну қавоидро дар Ҷамоати деҳоти Навдеҳи ноҳияи Рашт бовар карданд. Бо даҳ мактаби Ҷамоат ҳамеша дар ҳамкорӣ будем, хусусан духтарони деҳаҳои дурдастро ба таҳсил фаро гирифтан аз вазифаҳои ҷонию ҳамешагии ман буд. Хушбахтам, ки ҳар кори рӯи даст гирифтаам ҷомаи амал пӯшиданд. Духтаракони таҳсилдида, ки имрӯз яке дар зиндагиву дигаре дар ҷойи кор мақоми худро ёфтаанд, бо мамнуният маро вомехӯранду изҳори сипосу хурсандӣ менамоянд.
Ҳоло низ вазифаеро, ки бар дӯш дорам, масъулияти зиёдро талаб мекунад. Бахши зӯроварӣ дар оила навгониҳои замони истиқлолият мебошад, ки адолати иҷтимоиро дар хонавода танзим менамояд. Як соли охир иҷрои ҳамин вазифаро бар зимма гирифтаам. Ба ҳар муроҷиати шаҳрвандон посухи мусбат додаму даҳҳо оиларо аз пошхӯрӣ, фарзандеро аз маҷбуран ятим намудан наҷот додаам. Аз ин ба баъд низ содиқ буданро дар кору вазифае, ки орзуҳои ҷавонии ман буданд, дар ихтиёри виҷдону имон қарор додаам.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо
