БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

РАИСА

Ҳуқуқ / Тандурустӣ

    Аз ин унвони зеботар ва муносибтар ба ин навиштаҳо сухане дигар наёфтам, зеро ӯро дар маҳал аксарият ба ҳамин ном мешиносанд. Рӯзгораш наку ва ибратомӯз аст, дар тарбияи садҳо духтарони деҳот нақши муассир дорад. Сабақи аввали кору зиндагиро бо фарзандони падар аз хонавода, аз модари бузургвораш омӯхтааст. Онҳо панҷ хоҳаракон буданд: Кокул, Нозук, Ҳабиба, Ҳанифа ва Маҳбуба. Дӯстмурод, падари азизашон, ки мехост онҳоро ҳам писар бинаду ҳам духтар, бармаҳал олами фониро падруд гуфту духтаракони нозанинашро аз навозиши худ маҳрум монд.

Падари Нозук солҳои 1937–38 раиси комиҷроияи ноҳияи Файзобод буд ва зиёд корҳои ободонии маҳалро ба ӯ нисбат медиҳанд. Соҳибҷамол Тешаева, модари панҷхоҳаракон, солҳои зиёд муовини раиси Шурои қишлоқ (Ҷамоати деҳот) буд. Соҳибҷамол савори асп деҳа ба деҳа пайи ҳалли мушкилот мерафту мудом паҳлуи мардум рост буд. Бори гарони зиндагӣ, баъди аз сар рафтани қиблагоҳ, ба дӯши модари танҳо афтоду худро дар тарбияи панҷхоҳаракон ончунон масъул донист, ки ту гӯӣ онҳоро падар болои сар буда. Фарзандонаш тани пӯшидаву шиками сер бо ақли расо ба воя мерасиданд…

Нозук чун дид, ки апааш Кокул донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносӣ гашт, меҳраш ба пешаи интихобкарда афзуд ва китобу хомаву дафтарро ҳамқадами рӯзгори ҷавониаш ихтиёр кард. Бо хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодии Институти хоҷагии кишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) супурда, онро бомуваффақият хатм намуд.

Оғози фаъолияти кориаш ба соли 1974 ҳамчун иқтисодчии хоҷагии «Октябр «рост меояд. Андак муддате дар хоҷагӣ заҳмат кашид. Дере нагузашта ӯро ба вазифаи муовини раиси деҳот пешбарӣ намуданд. Аз хотираш ҳеҷ намеравад, ки рӯзе муовини раиси деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод интихоб гардид, хоҳарон чун гули як сабад ҷамъ омаданду табрикаш намуданд, ки миёни онҳо танҳо Нозук ба вазифаю маснади модар расид.

Қадамҳои нахустин ва соҳибвазифа шудани Нозукро, ки дар иҷрои кору вазифа ҷавонзани масъулиятшинос буд, шиносу ношинос фоли нек хонданд. Ӯро дар ин вазифа ва дертар дар вазифаҳои муовини раиси комиҷроияи ноҳия низ сабақҳои андӯхта аз мактабу донишгоҳ ва панду андарзи устодон роҳбаладу мушкилкушои кору зиндагӣ мешуду дар ҳар азми гирифтааш лутфи хуши модарро пеши рӯ меовард:

«Духтарам, ба мансабу вазифаи баланд ҳам расидӣ, акнун чӣ қадар метавонӣ чун падарат диёрамонро обод бикун, ободонӣ ки шуд, халқ номатро ба некӣ ба забон меорад. В-он гаҳ ман ҳам аз кору рафтори ту розӣ мешавам…».

То рӯзи ба нафақа баромадану бознишас­та шудан ҳамин дуои модар сармашқи кораш буд. Ӯ нахуст дар вазифаи муовини раис бахши маънавиётро сарпарастӣ мекард ва тахассуси иқтисодчиро, ки дошт, ба кори саноату сохтмон низ мароқ зоҳир менамуд. З-ин хотир соле чанд бахши сохтмону саноатро низ дар маҳал ба вай бовар намуданд.

Замони муовини раиси комиҷроия буданаш дар бахши сохтмон нуҳ деҳаи дурдасти ноҳияи Файзобод соҳиби биноҳои нави мактаб шуд. Баъдтар теъдоди таълимгоҳҳое, ки бо ташаббуси муовини раиси комиҷроия Нозук Шоазизова сохта шуданд, ба нуздаҳ адад расид. Мусаллам аст, ки ободии ҳар маҳалро пештар аз ҳама ба сохтмони роҳу пул, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва китобхонаҳо нисбат медиҳанд.

Мардуми деҳаи Кабкрез то ҳанӯз аз насл ба насл нақл мекунанд, ки маҳз бо ташаббуси Нозук Шоазизова пули деҳаашон бунёд гардида, равуои мардумро ба маркази ноҳия ва пойтахт осон менамояд. Бунгоҳҳои тиббии ҷавобгӯ ба талаботи даврро дар бисту нуҳ деҳаи Файзобод қомат афроштанд ва чор бинои китобхонаро дар маҳал ба рӯи ҳаводорони илму маърифат кушоду сохтмони бисёр роҳҳои байни деҳаҳо ва пулҳои хурду калонро бо сифати хуб ба анҷом расонд.

Нозук Дӯстмуродовна кам не, понздаҳ сол ба симати муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Файзобод фаъолият намуда, солҳои 1995–2000 дар вазифаи муовини аввали раиси ноҳия хидмати халқу ватанро ба ҷо овард дар солу рӯзҳое, ки барои мардуми кишвар мушкилоти кору зиндагиро ба бор оварда буд. Бар асари даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаъолияти корхонаҳои хурду бузург боз монда, ниёзи аввалдараҷа таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа буд. Часпу талошҳои муовини аввал дар ин шабу рӯз ҷиҳати мардумро нигоҳ доштан аз офати гуруснагӣ бесобиқа аст. Ӯ бештар бо созмонҳои хориҷӣ равобиту ҳамкориро вусъат бахшида, ёрии онҳоро ба манфиати мардуми маҳал, хусусан оилаҳои серфарзанду камбизоат истифода кард. Масалан, бо шарофати кӯшишҳои раиса ташкилоти байналмилалии «Агроаксия»-и Олмон тули ҳафт сол аҳолии ноҳияи Файзободро бо маводи озуқа пайваста таъмин намуд.

Даврае, ки беморхонаҳои пойтахт аҳён-аҳён бо таҷҳизоти ташхиси нуқси бадан таъмин буданд, бо кӯшишҳои ӯ беморхонаи марказии ноҳия соҳиби дастгоҳи фаросадо шуд, ки мушкилоти мардуми ноҳияро то ҳанӯз осон менамояд. Заҳмату ранҷҳои кашида баҳри ободии диёри азизаш ва дастгирии садҳо бонувони соҳибилму соҳибҳунар, ҷавонони болаёқат, густариши соҳоти фарҳангу маориф аз назари роҳбарияти давлату Ҳукумат дур намонд.

Хидматҳои Нозук Шоазизова соли 1999 бо ордени Шараф қадр гардид. Вай, ҳамчунин, бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон сарфароз шудааст. Абдураҳим Холиқов, ки солҳои зиёд сардухтури беморхонаи марказӣ ва баъдан муовини соҳа шуда кор кард, Нозукой Шоазизоваро дар қиболи роҳбарзанҳои қобилу тавоно ва боазму ирода тавсиф намуда, аксари пешравию навовариҳои соҳаи тандурустии ноҳияро ба ӯ мансуб медонад. Хусусан, саҳми ӯро дар бунёди муассисаҳои тандурустии деҳот ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти тиббӣ нек арзёбӣ намуд. Баъд аз бист соли муовинию муовини аввал, то синни нафақа баромадан ва баъд аз он ҳам дар вазифаҳои сардори филиали яке аз бонкҳои маҳаллӣ ва хазинаи дар Файзобод будаи ташкилоти Оғохон софдилона фаъолият намуда, аз худ кори неку номи нек боқӣ гузошт…

Дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ аз бурду бохти худ саргарм ва руҳафтода ҳам нашуд, ба ҳар пастию баландӣ, омаду ноомади кор бо сабру таҳаммул, бо шукру тавозуъ қадам гузошт. Болида аз он аст, ки имрӯз сари роҳу кӯча ҳар киро рӯ ба рӯ ояд, бисёр гарму самимӣ салому алек мегӯянду ҳолу аҳволаш мепурсанд. То ҳанӯз «раиса» гуфтанҳои мардум зайлест, ки бист соли дар вазифа буданаш, ба гӯшаш нарму форам мерасид, боэҳтиром, бо таваҷҷуҳ, бо муҳаббат.

Дарвоқеъ Нозук Шоазизоваро кам нафароне ба исмаш хитоб мекунанд ва бо муҳаббат «раиса» гуфтанҳои мардум аз насл ба насли дигар гарму самимӣ мегузарад. Малоли хотири касе мабод, аммо ба андешаи ин ҷониб ҳам, ӯ воқеан Раиса аст, раисаи ба касбу кори худ содиқ, тавонманд, меҳрубон ва дилсӯзу ғамхор нисбат ба ҳар нафаре, ки бо умед дари ҳуҷраи кориашро кӯфтааст.

Рустами НАЗИР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 34)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон