Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тасарруфи барқ ҷиноят аст
ҲуқуқДар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақиятҳои бузург дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла энергетика ноил гардиданд.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷи рўзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва кафолати амнияти энергетикии кишвар мебошад.
Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика кўшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расонда шуданд. Новобаста аз корҳои анҷомдода, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда мебошад.
Дар баъзе ҳолатҳо шахсони мансабдор, воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи неруи барқ, нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд.
Бо мақсади бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Тибқи тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ»-ро дар бар мегирад, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025-ум 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозоти ҷаримавӣ аз рўи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;
- ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;
- ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Чи тавре зикр намудем, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян карда шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.
Тарафи субъективӣ – қасди бевоситаро ташкил медиҳад, яъне, гунаҳкор дарк менамояд, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари молу мулкӣ мерасонад ва хоҳиши содир кардани чунин кирдорро дорад. Субъекти ин ҷиноят шахси мукаллафи ба синни 16 расида ба ҳисоб меравад.
Дар сурати аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он, бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари моддӣ расонда мешавад. Маблағҳои насупурдашуда барои истифодаи қувваи барқ метавонанд барои рушд додани соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум сарф шаванд. Тасарруфи қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки хатари ба вуҷуд овардани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сўхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии одамон мегардад.
Дар бисёр кишварҳо тасарруфи барқ ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мувофиқат мекунад. Ин метавонад барои баробар кардани усулҳо дар мубориза бо чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад.
Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Агар кирдорҳои номбуршуда ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифодаи аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 моддаи номбаршуда ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил, ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Дар таҷриба чунин кирдор бисёртар аз ҷониби назоратчиёни ҳисоби барқӣ, ки бо шаҳрвандон забон як карда, нишондоди истифодашудаи қувваи барқро бо мақсади насупурдан ё камтар супурдани қувваи барқ тағйир медиҳанд ва ё дигар мансабдороне, ки аз мақоми хизматии худ суиистифода менамоянд, содир мегардад. Дар рафти оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ кирдори онҳо ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноят баҳо дода мешавад.
Мақсади ворид намудани иловаи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои қувваи барқ мебошад ва ҳангоми содир гардидани чунин ҷиноятҳо ба давлат ва ба мардум зарар расонда мешавад, чунки ҳангоми сӯиистифодаинодурустибарқ, истифодаиқувваибарқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ баъзе минтақаҳо дар фасли сармо бе барқ мемонанд.
Дар ин ҷо принсипи инсондўстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имкон медиҳад, ки ислоҳ шавад ва, агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.
Ҳар як истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодабарии қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рў, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронда шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани пломбаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд.
Ҳисобкунакҳо бояд муҳр (пломба) дошта бошанд ва ҳар гуна тағйирот дар он танҳо бо иштироки мутахассисони расмӣ бояд сурат гиранд. Аз насби дастгоҳҳои магнитӣ ё дахолати техникии ғайриқонунӣ худдорӣ бояд кард. Дар ҳолати шубҳа ба нишондоди ҳисобкунак фавран ба мутахассисони соҳа муроҷиат намудан лозим аст.
Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро аз худ намоянд ва ба исрофи беҳудаи неруи барқ, ки барои ҳама зарур мебошад, роҳ надиҳанд.
САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони МОҶТ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
