Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳуқуқҳои кӯдакон набояд поймол шаванд
ҲуқуқБархе аз ҳуқуқҳои кӯдакон ҳастанд, ки мо, калонсолон аксар вақт онҳоро поймол мекунем ва ҳатто ҳеҷ эҳсосе аз поймол шудани ҳуқуқҳои кӯдакон моро фаро намегирад.
Ҳуқуқҳои кӯдаконро мебояд эҳтиром карда, ба ин васила ба онҳо нишон диҳем, ки кӯдакон дар дунёе ба воя мерасанд, ки барои ҳамаи атрофиёнашон нафарони муҳиманд. Воқеан, гоҳе бо сабаби мушкилоти зиндагӣ ва хастагиҳои доимӣ эҳтироми ин ҳуқуқҳоро фаромӯш мекунем.
Онҳо кадом ҳуқуқҳоянд?
1. «Ҳар як кӯдак ҳуқуқи зери ҳимоя ва нигоҳубини падару модар буданро дорад»
Зиндагӣ ба мо, волидон чунин даст додааст, дар баробари кори беруна ё анҷом додани фаъолияти касбӣ, ки аслан барои пешбурд ё беҳ сохтани вазъи молии хонавода аст, тарбияи фарзандонро бояд якҷоя сомон диҳем ва ин бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Аммо имкони вақтгузаронӣ бо фарзандон на ҳама вақт даст медиҳад. Бонувони ба қавле «коргар» танҳо замони дар рухсатии ҳомиладорӣ имкон доранд, ки бо фарзандони худ вақти кофӣ сарф кунанд.
Якҷоя зистан бо волидон на ба он маънист, ки танҳо зери як шифти хона зиндагӣ намудан барои кӯдакон кофист. Яъне, вақт ҷудо карда натавонистани волидон барои кӯдакон ин ҳам поймол шудани яке аз ҳуқуқҳои онҳост!
2. «Кӯдак ҳуқуқи шахсият буданро дорад»
Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, ҳатто байни ҳамсояҳо кӯдакон баъзан мавриди таҳқир қарор мегиранд. Ва бадтарин чиз ин аст, ки калонсолон ба ин бетаваҷҷуҳанд. Яъне, муносибати нодурусти атрофиёни фарзандро сарфи назар менамоянд. Бале, кӯдакон дорои хислатҳои гуногунанд ва ин муносибати атрофиёнро ҳар гуна қабул мекунанд. Рисолати волидайн ва омӯзгорон аст, ки тавонанд кӯдакро аз ин ҳолати барои кӯдак хеле ногувор ба хубӣ бароранд. Мактаб, оила ва муҳит набояд барои кӯдак макони шиканҷа ё таҳдиду таҳқир қарор бошад!
3. «Кӯдак ҳақ дорад андешаи худро озод баён кунад»
Аксари волидон бо кӯдакону наврасон бобати таҳсил ва имтиҳонҳо гуфтугӯ мекунанд. Кӯдаконро аз он меҳаросонанд, ки мабодо аз дарсҳо дер монанд, агар аз имтиҳонҳои хатмкунӣ баҳои хуб нагиранд, ояндаи пурмушкил онҳоро интизор аст. Бо чунин муносибат шавқу ҳаваси кӯдаконро ба ҳаёти гирду атроф ба қавле «мекушанд». Дар натиҷа, кӯдак аз лиҳози ташаккули нуқтаи назари хеш ақиб мемонад. Чунин суханон, ба монанди «Ту хурд ҳастӣ!», «Вақте калон мешавӣ, мефаҳмӣ» қобилияти фикрронӣ ва баёни андешаро нобуд месозад. Барои кӯдакон зиёд муҳим аст, ки андешаи худро баён карда тавонанд ва баҳс кунанд. Вазифаи волидон фароҳам овардани замина барои рушди кӯдакон аст.
Таҳияи АНОҲИТО