БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сармураббӣ

Варзиш

Дар баробари таҳсили аъло дар литсей, Лутфия яке аз мухлисони доимии тамошои бозиҳои варзишӣ буд. Ин бозиҳо бо ширкати омӯзгорони литсей ва дигар кормандони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ дар толори барҳавои варзишии муассисаи таълимиашон доир мешуданд. Бахусус, ӯ бозиҳои дастаҳои мардона ва занонаи волейболро меписандид ва малакаҳои нахустини волейболбозиро бо духтарону писарони кӯчаашон, ки ба ин намуди варзиш шавқ доштанд, ҳосил кард. 


Ҳини таҳсил дар синфи нуҳум, дар мусобиқаи байни тимҳои духтаронаи хонандагони мактабҳои шаҳри Хоруғ, ӯро аввал ҳамчун бозигари эҳтиётӣ ба узвияти тим пазируфтанд. Дар бозии ниҳоӣ ва ҳалкунанда, бинобар ҷароҳат бардоштани яке аз бозигарон, Лутфияро ба майдон бароварданд. Ӯ дар ин мусобиқа маҳорати хуби варзишӣ нишон дод ва тими духтарони литсей дастболо шуд.

Пас аз бозӣ сармураббии тими яккачини занонаи волейболи вилоят, устоди варзиш Бекназар Мавлоназаров, ки мусобиқаро тамошо мекард, ба назди Лутфия омада, гуфт:

— Духтарам, варзиш истеъдод асту варзишгарро кашф кардан ва такмилу парвариш додани қобилияташ вазифаи ҳар мураббӣ аст. Қобилият ва истеъдоди фитрии варзишӣ дорӣ. Аз ҳисоби духтарбачаҳои синфҳои болоии мактабҳои шаҳру ноҳияҳо барои тими яккачини занонаи волейболи вилоят ба мақсади омода намудани захира ва идомадиҳандагони сазовори ин намуди варзиш истеъдодҳоро ҷустуҷӯ дорем. Агар майлу рағбат дорӣ, ба машқҳои волейболи назди мактаби варзишӣ биё.

Ҳамин тавр, машқҳои ҳаррӯзаи волейбол барои Лутфия ба ҳукми анъана даромада, ӯ ба пайроҳаи варзишгари касбӣ қадам гузошт. Сайқал ёфтани маҳорату малакаи варзишӣ дар ҷараёни тамринҳои зиёд ва дар бозиҳои сатҳи гуногун нишон додани ҳунари хуби варзишӣ боис шуд, ки вай тадриҷан ба чеҳраи маҳбуб ва шинохтаи варзишӣ табдил ёбад.

Онҳое, ки бозии Лутфияро дидаанд, бар ин боваранд, ки ҷилои маҳорату малака ва қобилияти хуби бозигарии ҷавондухтари варзишгар зуд аз худ дарак доданд. Аз аҳли оилаи онҳо нахустин волейболбозони шуҳратманди вилоят Эдӣ Эдиев мебошад, ки дар вақташ дар ҳайати дастаи ҷумҳурӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ намояндагӣ кардааст.

Соли 2001-ум Лутфия, ки донишҷӯйи курси дуюми факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ буд, дар ҳайати дастаи яккачини волейболи ҷумҳурӣ, ки меҳвари онро волейболбоздухтарони Помир ташкил медоданд, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии тимҳои занонаи давлатҳои исломӣ дар Теҳрон намояндагӣ кард. Волейболбозони Тоҷикистон барандаи Ҷоми мусобиқа ва парчамбардори ҷумҳурӣ дар ин мусобиқа гардиданд. Дар Ватан варзишгаронро гарм пазируфтанд ва қадрдонӣ намуданд. Дар қатори бозигарони беҳтарин Лутфия Абдулмаҷидова низ ба дараҷаи устоди варзиш сазовор дониста шуд. Инак, 26 сол боз ин бонуи зебоқомат ва дорои қобилияти баланди бозигарӣ ба сифати мураббӣ ва методисти маркази тайёрии олимпӣ дар ВМКБ фаъолият дошта, дар тарбияи варзишгарони наврас ва насли солим саҳм мегузорад.

Вақте ки масъалаи интихоб намудани ҷойгузини сазовори сармураббии тими занонаи волейболи вилоят ба сабаби ба нафақа рафтани ӯ ба миён омад, мудирияти маркази тайёрии олимпӣ ва дастаи варзишӣ дар симои Лутфия бонуи ташкилотчиву ташаббускор, сахткӯшу қавииродаро диданд, ки солҳои зиёд дар таъмини ғолибият ва шуҳрати даста дар мусобиқаҳои гуногун саҳми арзанда мегузошт. Ӯ бо камоли хушнудӣ ҳамчун идомадиҳандаи арзандаи ин роҳ пазируфта шуд.

Тими волейболи занонаи вилоят соли 2025-ум барандаи Ҷоми раиси шаҳри Душанбе гардид.

— Аз ҳисоби бозигарони ҷавон дастаи яккачини вилоятро мураттаб сохтем. Рақобати шадиди варзишӣ моро водор месозад, ки маҳорату малакаи бозигариамонро бештар сайқал диҳем, — изҳор дошт Латофатбону.

Вай аз он меболад, ки духтараш Гурдофарид, муҳассили Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва узви дастаи яккачини волейболи ҷумҳурӣ, яке аз парчамбардорони дастаи варзишгарзанони тоҷик буд, ки дар мусобиқаи варзишӣ байни тимҳои занонаи давлатҳои Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзид.

— Ҳар ташрифи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ободонӣ дар пай дошта, дар ҷараёни сафари моҳи сентябри соли равон, дар қатори сохтмонҳои беназир, боз як маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ ва варзишгоҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳо ба истифода дода шуданд. Айни ҳол танҳо дар шаҳри Хоруғ ду маҷмааи варзишӣ, толорҳои барҳавои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишӣ қариб дар ҳар кӯча дар хизмати мардум қарор дошта, барои варзандагӣ дар кулли деҳоти вилоят шароити хубу созгор муҳайё гардидааст. Чунин муносибат ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас моро, кормандони соҳаи варзиш, водор месозад, ки бо масъулияти бештар тарзи ҳаёти солимро байни наврасону ҷавонон тарғиб намоем, истеъдодҳои варзиширо кашф ва тарбия карда, варзишгарони хуб ба камол расонем, — афзуд сармураббии дастаи яккачини бонувони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва методисти маркази тайёрии олимпӣ Лутфия Абдулмаҷидова.

                                                            Мирзоҷалол ШОҶАМОЛОВ,

                                                            ВМКБ


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2026_small.pdf [2.95 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон