БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Саодат - устоди шоҳмот

Варзиш

Шоҳмот қадимтарин намуди варзиши зеҳнӣ буда, таърихи чандинасра дорад. Феълан, яке аз маъмултарин бозиҳои тахтаӣ аст ва дар тамоми олам мухлисони сершумор дорад. Ин бозии сатҳи олӣ аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба рушди шахсият мусоидат мекунад. Фикрронии мантиқӣ ва нақшаи амалҳоро омӯхта, тамаркуз ва суботро дар инсон инкишоф медиҳад.

Саодат Одинаева аз ҷумлаи шоҳмотбозони хушсалиқа аст ва дар ин намуди варзиш ному мақоми шоистаро касб кардааст. Ӯ 8-уми марти соли 1974 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ супурд ва маълумоти омӯзгориро соҳиб гашт. Сипас, Коллеҷи тарбияи ҷисмониро низ хатм намуда, то дараҷаи Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Аз соли 2018 ҳамчун директори Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзиши захираҳои олимпии № 7 оид ба шоҳмот ва шашкаи шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.

Аз кӯдакӣ ба шоҳмотбозӣ майлу рағбати зиёд доштам. Падари омӯзгорам шоҳмотбозиро бағоят дӯст медошт ва ин ба завқи мо, фарзандон, бетаъсир намонд. Дар оила ҳафтум фарзандаму бо падар ва бародарону хоҳарон ҳамеша шоҳмот мебозидам, - ба ёд меорад Саодат Одинаева.

Орзу дошт мисли бародари калонӣ духтур шавад. Ҳар гоҳе ки ӯ ба деҳа меомад, Саодат ба либосҳои сафеди бародар бо ҳавас менигарист, аммо бо пешниҳоди падар омӯзгориро пеша намуд. Қиблагоҳ мегуфт, ки барои зан омӯзгорӣ касби мувофиқ аст, чун метавонад ба ҳама кор расидагӣ кунад.

Ӯ узви Маркази варзишии кӯдакону наврасони ноҳия гардид. Таҷрибаи зиёди шоҳмотбозӣ имкон медод ба ҳамсолонаш дастболо шавад. Устоди Марказ (гроссмейстер) Ершов аз бозии ӯ ба тааҷҷуб меомаду мепурсид, ки мураббиаш кист? Бо ифтихор мегуфт: «Падарам». Воқеан, қиблагоҳаш инсони хоксору фурӯтан ва донишманд, дар зиндагӣ устоди аввалинаш аст. Падар ҳамеша китобҳои марбут ба шоҳмотро дастрас менамуду кӯдакон онҳоро мутолаа мекарданд. Дар баробари ин, ҳашт фарзанди хонадон мактабҳои олиро хатм намуд.

 Оила бароям муқаддас аст. Як кунҷи ҳавлии бузурги падарро тахтаи шоҳмот, ки суробҳои он аз устухони фил сохта шуда буданд, зеб медод. Аммо аз аҳли хонавода ман ба ин бозӣ содиқ мондам. Аз хурдӣ бо бародари сеюмам Бахтиёр ҳар сол ба мусобиқаи умумииттифоқии дастаи мактабҳо - «Рухи сафед» ба як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Одесса, Полтава, Рига, Денис ва ғайра мерафтем. Ҳар дафъаи ба мусобиқа даъват шудан, падарам мегуфт, ки аз ин сабқатҳо таҷрибаи ғанӣ хоҳем гирифт. Насиҳатҳои падар маро дар зиндагӣ муваффақ гардонд,- иброз намуд Саодатбону.

Онҳоро бо мошини сабукрави «Волга» то фурудгоҳ меоварданду аз он ҷо бо тайёра ба Душанбе мефиристоданд. Аз понздаҳ кишвари пасошуравӣ дӯстони бисёре пайдо намуд, ки ҳар кадоме дар шоҳмотбозӣ мумтоз буданду Тоҷикистонро аз нақлу тасвирҳои Саодат шинохтанд. Ба ин бонуи кордон муяссар гардид, ки як қатор шоҳмотбозони машҳурро аз наздик бинаду бо онҳо ҳамсуҳбат шавад.

Модари хонашинам бо корҳои рӯзгор андармон буд. Дар баробари ғизо омода намудан, нигоҳубини гову мол, ҳамчунин, матоъ пора мекарду куртаи чакан медӯхт. Пеш аз сафарҳо барои мо, фарзандон, камзӯлчаи тугмадор дӯхта мепӯшонду мегуфт, ки тариқи либос Ватанро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозед. Ҳар гоҳе ки аз мусобиқа бармегаштем, модарам ҳатман як дег оши туппа ё чалпаку дигар ғизо пухта, ба ҳамсояҳо назр мекард. Барои модари заҳматпеша ҳамчун дастовези сафар бештари вақт сӯзани калони кӯрпадӯзӣ ё ангуштпонаву ягон ширинӣ меовардем. Бо дастовард ба хона омадани мо барои модарам ифтихор буд. Ҳатман хешу табор, ёру рафиқ, шиносу ҳамсояҳоро даъват карда, баъди зиёфат дастовардҳои моро нишон медоданд, - зикр намуд ҳамсуҳбатам.

 

Саодат дастболои як қатор озмунҳои берун аз кишвар бошад ҳам, Ҷоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барояш дастоварди бузургтарин аст ва онро қуллаи олии хиради зеҳни худ медонад.

Дар баробари шоҳмотбози моҳир буданаш, фарзандонашро низ дар ин ҷода шоиста тарбия кардааст. Ҳам модари меҳрубон асту ҳам устоди сахтгир. Ин буд, ки ҳашт сол пайи ҳам духтараш Мутриба Ҳотамӣ дар байни бонувони шоҳмотбоз ҷойи аввалро ба даст овард. Ҳар боре, ки духтарашро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мегуселонд, чун модари ғамхор барои бозгашташ омодагии ҷиддӣ медид.

 Ин хислатро аз модарам ёд гирифтаам, - мегӯяд бо табассум Саодатбону. - Ҳар гоҳе фарзандон ғолиб меоянд, ба онҳо панд медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ба такаббур дода нашаванду ҳамеша фурӯтан бошанд. Мушкилие, ки дар байни духтарон дида мешавад, он аст, ки то оиладор шудан шоҳмотбозӣ мекунанду пас аз он хонаводаи шавҳар ба онҳо дигар иҷозати идома додани бозиро намедиҳанд, - нигаронӣ намуд Саодат Одинаева.

 Шукр, ки имрӯз дар биное бозии шоҳмотро тамрин мекунем. Дар сурати мактаби алоҳида доштан, метавонистем, ки бисёртар машқ намуда, хоҳишмандони зиёдро ҷалб созем. Ҳар гоҳе, ки кӯдакеро барои тамрин назди мо меоранд, аз волидони онҳо дида, бештар мо шод мешавем. Зеро онҳо метавонанд, ки дар оянда қаҳрамони миллату Ватан шаванду дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчамбардори Тоҷикистони азиз бошанд. Дастовардҳо зиёданд, аммо бо ин қаноат накарда, мекӯшем, ки боз ҳам варзишгарони хушзеҳну мумтозро тарбият намоем, - афзуд дар фарҷоми суҳбат устоди варзиш Саодат Одинаева.

Мадинаи УСМОН

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон