Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ВОЛЕЙБОЛБОЗ
ВарзишБа ин намуди варзиш замоне, ки дар мактаб мехонд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вақте ки духтарони синфҳои болоӣ ҳини дарси тарбияи ҷисмонӣ дар МТМУ № 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе волейболбозӣ мекарданд, соатҳо аз онҳо чашм намеканд. Боре ҷуръат пайдо карду пурсид, ки дар куҷо тамрин менамоянд. Дар посух шунид, ки мактаби варзишӣ дар ҳамин кӯча воқеъ аст. Замоне ки ба МД «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе рафт, ӯро хуш пазируфтанд.
Аз синфи 7 то 10 ҳамроҳи хурдсолон ва аз синфи 10 то 11 ҳамроҳи калонсолон волейбол машқ кард ва онро хеле дӯст дошт. Дарк намуд, ки дастоварди як нафар муваффақияти тамоми даста аст ва ҳама дастаҷамъона бозида, ба ҳамдигар бовар карданро меомӯзанд. Ва ӯ ҳар бори бозӣ ҳаловат мебурду қавитар мешуд.
Варзишгари ҷавон Рофиза Рустамова ҳамагӣ чор сол дошт, ки аз падар маҳрум монд. Модараш барои фарзандон ҳам падар шуду ҳам модар. Ҳамшираи шафқати бармаҳал аз муттакои зиндагӣ маҳруммонда барои ба по мондани се духтари нозанинаш маҷбур шуд, ки дар ду баст заҳмат кашад. Бобо низ дар тарбияи Рофиза ва хоҳарони бузургаш саҳм гузошт. Онҳоро ба хондану соҳибмаълумот гаштан талқин карду одамдӯстӣ ва заҳматписандиро дар қалби онҳо маъво дод. То вопасин нафас Рофизаро дар ҷодаи варзиш дастгирӣ менамуд.
Дар як ҳафта се маротиба машқ мекардему як бор рӯзи бозӣ буд. Ҳам дарсҳои мактабӣ меомӯхтаму ҳам ба тамрин мерафтам. Дар як рӯз ду соати холӣ ёфта, то омадани модару апаҳоям корҳои хонаро анҷом медодам. Волейбол ба ман матонат, далерӣ, устуворӣ ва меҳнатдӯстиро омӯзонд. Аввал мушкилӣ мекашидам, аммо барои ба орзуҳоям расидан пайваста мекӯшидам, - иброз намуд варзишгардухтар.
Пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» супурда, онро бо ихтисоси дорусоз хатм намуд. Дар соли аввали таҳсил, аз сабаби бисёрии дарсҳо чанде аз тамрин дур монд, вале бо ёрии мураббиаш Рухшона Тайғуншоева бозии волейболро идома дод. Дар соли дуюми хониш дар мусобиқаи байни донишҷӯён оид ба волейбол Коллеҷро намояндагӣ намуда, ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Ният дорад, ки ба факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, маълумоти олӣ гирад.
Боиси ёдоварист, ки волейбол яке аз маъмултарин варзиши даставӣ дар ҷаҳон буда, охири асри XIX чун бозии фароғатӣ пайдо шуд ва дар тамоми дунё паҳн гашт. Таърихи он аз соли 1895 оғоз ёфтааст, ки аввалин бор омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Вилям Моргани 25-сола тӯри теннисро дар баландии тақрибан ду метр овехта, шогирдонашро даъват кардааст, ки тӯби баскетболро аз болои он партоянд. Ин ҳодиса дар шаҳри Ҳолиски иёлоти Массачусетси ИМА сурат гирифт.
Дар Тоҷикистон бозии волейбол ибтидои соли 1930 пайдо шуд. Аз соли 1947 дастаҳои гуногуни занонаи ҷумҳурӣ дар чемпионатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ иштирок мекарданд. Пас аз ба даст омадани Истиқлол соли 1992 Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии волейбол ва Конфедератсияи волейболи Осиё ҳамроҳ шуд. дастаи бонувони Тоҷикистон бори нахуст моҳи ноябри соли 2006 дар Бозиҳои осиёӣ дар Қатар ба арсаи байналмилалӣ баромад. Дар ин Бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон 4 бозӣ анҷом дода, дар сетоаш (бо тимҳои миллии Тайланд, Қазоқистон ва Ҷопон) қувваозмоӣ намуд.
Рофиза дар як қатор сабқатҳои дохили кишвар оид ба волейбол иштирок намуда «Ҷоми раиси шаҳр»-ро ба даст овард. Аммо бори аввал соли 2021 дар дастаи занонаи волейболбозони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии волейбол дар Ӯзбекистон ширкат варзида, соҳиби медали нуқра гардид. Соли 2024 ба шаҳри Тошканд сафар карда, дар сабқат ҷойи чорумро ба даст оварданд. Рофиза бо як қатор ифтихорномаву дипломҳо ва медалҳо сарфароз шудааст.
Мухлиси ашадии волейболбози бразилӣ Габриэла Брага Гимарайнс бо тахаллуси Габи ҳастам. Ҳамаи бозиҳояшро тамошо мекунаму мехоҳам, ки ӯро аз наздик бинам. Дар Тоҷикистон низ дар соҳаи варзиши волейбол бонувон зиёданд, аз ҷумла устодам Рухшона Тайғуншоева, ки нозукиҳои бозии волейболро омӯзондааст, яке аз онҳо мебошад. Нигаронии мураббиён аз он аст, ки барои омода намудани як варзишгар дар ин ришта заҳмати зиёде сарф мегардад, аммо аксари духтарон ҳамин, ки оила барпо карданд, аз ҷониби шавҳар ва оилаи ӯ барои идома додани фаъолияти варзишӣ дастгирӣ намеёбанд ва дастаро тарк мекунанд,- мегӯяд Рофиза.
Агарчи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, шаҳрвандонро ба машғулияти тарбияи ҷисмонию варзиш ва тарзи ҳаёти солим ташвиқ месозанд ва варзишро ҳамчун қосиди сулҳ ва воситаи беҳтарини муаррифии Ватану миллат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоянд, ҳамоно варзиши волейбол миёни дастаи бонувон ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосса ниёз дорад. Рофиза аз рушди соҳаҳои гуногуни варзиш дар кишвар хушнуд аст ва умед ба он мебандад, ки барои пешрафти дастаи бонувони волейболбоз иқдомҳои куллӣ ба амал хоҳанд омад.
Агар бозии волейбол, хосса волейболи занонаро соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ намоянд, бешак, ин варзиш рушд карда, варзишгарони мо дар баробари мардон дар хориҷа Парчами Тоҷикистонро парафшон хоҳанд кард. Шахсан, орзуи дар Бозиҳои олимпӣ иштирок карданро дар дил дорам, - зикр намуд дар фарҷоми суҳбат Рофиза Рустамова.
Мадина БАЛАҶОНОВА