БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Ювентус» дар Тоҷикистон

Варзиш

  «Мо Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоем!», «Мо парчамбардори миллати хешем!». Маҳз чунин шиорҳо варзишгарони тоҷикро ба ҳам оварда, таҳти он қувваю ҷасорати худро ҷамъ намуда, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ширкат меварзанд. Воқеан, ғолибияти онҳо ва боло шудани Парчами кишвар миёни варзишгарони давлатҳои дунё боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, баробари рушду равнақи соҳаҳои гуногун, самти варзиш низ бамаротиб нумӯ меёбад. Ифтитоҳи академияю маҷмааҳо ва толорҳо, майдонҳои гуногуни варзишӣ, ки барои шуғл доштан ба тарбияи бадан ва нигоҳдории саломатии аҳолӣ равона шудаанд, сол аз сол меафзояд. Натиҷаи дастгириҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамрину тарғиби соҳаи варзиш ва ҳавасмандгардониҳои Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби музаффариятҳо мегарданд.

Академияи бошгоҳи футболи итолиёвии «Ювентус» аз зумраи он иншооти варзишист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ арзи ҳастӣ намуд. Академияи мазкур соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Алҳол, лоиҳаи Академия дар 63 кишвари Аврупо, Осиё ва Амрико амалӣ шуда, зиёда аз 20 ҳазор кӯдакону наврасонро ба омӯзиш ва тамрин фаро гирифтааст.

 

Ҳадаф аз таъсиси Академияи футбол дар Тоҷикистон ин тарбияи футболбозони боистеъдод аз миёни насли наврас, мусоидат ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, рушди минбаъдаи футбол дар кишвар мебошад, - гуфт Равшан Бахтӣ, роҳбари Академияи футболи «Ювентус».

Ба гуфтаи мавсуф, дар асоси методологияи Академияи футболи «Ювентус» ҳангоми таълиму тамрини кӯдакону наврасони аз 5 то 16-сола таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти тактикӣ ва техникӣ, усулҳои бозӣ, ҷанбаҳои равонии варзишӣ ва рушди ҳамаҷонибаи бозигарон дода мешавад. Аз он ки Академия тиҷоратӣ аст, ба хотири иҷро намудани вазифаҳои иҷтимоӣ кӯдакону наврасони лаёқатманд дастгирӣ меёбанд. Ҳар сол вобаста ба синну сол наврасону кӯдакони болаёқат дар гурӯҳҳо интихоб мешаванд ва, ҳамчунин, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ройгон дар ин макон ба тамрин ва омӯзиш шуғл доранд. Алҳол, 40 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат, ки қобилияти хуби бозӣ ва истеъдоди нодири бозигариро дар футбол доранд, бе пардохти ҳармоҳа ба омӯзишу тамрин ҷалб шудааст.

 Академияи варзишии «Ювентус» тайи ду соли фаъолият беш аз 300 нафар кӯдакону наврасонро ба тамрину омӯзиш фаро гирифтааст. Агарчи футбол байни духтарон акнун роиҷ шуда истодааст (ҳатто дар кишварҳои хориҷ низ дастаи футболи духтарона баъдтар пайдо шуд), вале шавқу рағбат доштани бонувон ба футбол ва дархостҳои ҳаррӯзаи волидон водор намуд, ки як дастаи 15-нафараи бонувони футболбозро таъсис диҳем. Духтарон ҳар рӯз дар майдони пӯшидаи футбол бо роҳбарии Мадина Ялиева, аъзои мунтахаби дастаи футболбозони Тоҷикистон машқ намуда, омодагиҳо ба мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар доранд, - иброз дошт роҳбари Академия.

Варзишгоҳи футболи Академияи мазкур аз омода намудани фарши он бо сабза (алафи сунъӣ) ва рӯшноии майдон сар карда, дар асоси тавсияҳои техникии ФИФА сохта шудааст. Маҷмааи варзишии «Ювентус» дорои тамоми шароитҳои мувофиқ барои омӯзиш ва тамрини футбол буда, майдони пӯшидаи футбол, ки дар кишвар ягона аст, бараш 45 метр ва дарозиаш 80 метр мебошад. Дар дохили майдон монитори бузурги баландиаш 14-мет­ра ва дарозиаш 7-метра гузошта шудааст, ки дар он пахши мустақими машғулиятҳои омӯзишӣ намоиш дода мешавад.

Ҳамчунин, Академияи мазкур дорои синф­хонаҳо, ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, ҳаммом, саунаи хушк, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва макони нигоҳубини зодмандон барои фарзандонашон мебошад,

Дар Академияи «Ювентус» - и кишвар ба ғайр аз мураббиёни ватанӣ, инчунин, мураббиён аз давлатҳои Италия, Амрико, Эрон, Афғонистон ва Россия низ барои шомил шудан ба ҳайати мураббиёни Академия даъват шудаанд. Ин ҳайат бо истифода аз методологияи Академияи «Ювентус» курси такмили ихтисосро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд.

Ҳадафи дигари Академия ин аст, ки мураббиёни ватанӣ тариқи ҳамкориҳо бо устодони варзиш дар самти футболи кишварҳои хориҷӣ такмили ихтисос намуда, чун футболбозони ҳирфаӣ дар дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Аз ин хотир, тасмим гирифтаем, ки ҳар сол ҳадди ақал як нафарро барои такмил ва сайқал ёфтан дар самти футбол ба давлатҳои Аврупо, бахусус ба кишвари Италия бифристем. Чунин ҳамкориҳо ва ширкат доштан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бори дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад намуд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Ба гуфтаи Равшан Бахтӣ, футболбозони Академияи «Ювентус»-и кишвар тайи ду соли фаъолият байни дастаҳои футболи чемпионати ҷаҳон, ки аз 32 давлати дунё зиёда аз 900 бозингар иштирок доштанд, ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд. Роҳбарият талош бар он дорад, ки дар оянда барои тамрини футболбозони наврас ва таъсиси дастаи нави футболбоздухтарон шароити хуб фароҳам орад.

Қутбия ЗИКРИЛЛОЕВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон