БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонувони варзишкор

Варзиш

 Ноҳияи Шаҳринав бо кишоварзиву ҳунармандӣ миёни мардуми кишвар ном баровардааст, вале ин бор аз он мегӯем, ки чи хел духтарону бонувони рӯйинтан ба варзиш рағбати бештаре доранду дастовардҳои намоёнро соҳибанд.

Замони соҳибистиқлолӣ ба варзишгарбонувон имкон дод, ки ба саҳнаҳои зиёди варзишӣ ворид гардида, Парчами давлатиро дар мусобиқаҳои гуногун баланд бардоранд. Таъсисёбии Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав шавқу рағбати духтаронро ба варзиш бедор намуд. Кунун дар баробари дастаҳои варзишии писарон, бонувон низ дар намуди ҳендбол, шоҳмот, шашка, футбол низ тамрин менамоянд. Дар муассиса 11 намуди варзиш амал дорад, ки ҳаводорону ихлосмандон имкон доранд, ки аз 5-солагӣ ройгон аъзои Мактаби варзишӣ шаванд.

Дилдора Деҳқонова, муовини директори Мактаби варзиширо дар ноҳия ҳамчун варзишкорбону мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ӯ маълумоти олии варзишӣ дошта, нигоҳаш ба варзиши занона нек аст:

 Бо ибтикору роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони варзишгар ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Таъсиси Мактаби варзишӣ дар ноҳияи мо низ бозгӯкунандаи ин гуфтаҳост. Ҳамин аст, ки дар ноҳия духтарон ба варзиш шуғл меварзанд. Соли 2024 варзишкорони мо дар мусобиқаи Осиё дар шаҳри Тошканд аз намуди дастхобонӣ миёни шахсони имконияташон маҳдуд Айдуланд Хоҷанқулова миёни бонувон сазовори ҷойи якум ва Муминҷон Раҷабов миёни мардон сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Мусаллам аст, ки тоҷикдухтарон ҳанӯз аз овони бостонӣ ба варзиш майл доштанд. Бонувони таърихии халқи тоҷик чун Томирис, Гурд­офарид, Зарина, дар камонварӣ ва аспдавонӣ маҳорати хос доштанд, -андеша меронад Дилдора.

Дилдора корро аз Мактаб-интернати кӯдакони бепарастори ноҳия шуруъ намуд. Ба кӯдакони ин макон дарси варзиш меомӯзонд. Шуруъ аз соли 2013 то ба рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак баромаданаш, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Шаҳринав буд. Директори муассиса Маҳмадалӣ Нозимов буда, ба рушди варзиши занона дар ноҳия саъй дорад. Дар муассиса мураббиёни варзида ба кор ҷалб гардидаанд. Яке аз мураббияҳои шинохта Абдубуалӣ Манонов - Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди гӯштини миллӣ мебошад. Бо пешниҳоди ин мураббӣ дар ноҳия Мактаби варзишӣ кушода шудааст.

Иштироки варзишкорони ноҳияи Шаҳри­нав назар ба дигар маҳалҳо фаъолтаранд. Чун муассиса барои варзишгарон нақлиёти махсус фароҳам овардааст, ки онҳоро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бурда меорад. Пурсон шудем, ки оё дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ худи муассиса ба варзишкорон ёрӣ мерасонад?

Маълум гардид, ки дар ин кор ба муассиса Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав кумаки худро дареғ намедоранд. Аён гардид, ки дар ноҳия завқмандони риштаи ҷудо, карате аз ҳисоби духтарон дида мешавад. Волидони наврасон бо муассиса робитаи зич дошта, аз рафти тамринҳои фарзандонашон бохабаранд.

Дар муассиса ду гурӯҳи варзишгарони имконияташон маҳдуд низ машқ мекунад, ки роҳбарияти муассиса ба онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Дар футболи занона бошад, бонувон вобаста ба синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, тамрин мекунанд. Фаъолияти футболи занонаро мураббиёни марказ нағз баҳо медиҳанд. Дар муассиса аз ҳисоби занон низ мураббиён ҳастанд.

Варзишдӯстии бонувон буд, ки аввалин маротиба дар ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди ҳендбол гузаронда шуд, ки муддати се рӯз идома ёфт. Иштирокчиёни мусобиқа аз 7 дастаи яккачини ҷумҳурӣ аз се вилоят даъват шуда буданд…

  Барои ҳавасмандӣ чӣ бояд кард?

Агар завқи бачаҳоро ба варзиш бедор кардан хоҳед, бояд онҳоро ба ашёҳои гуногуни варзишӣ таъмин намоед. Вақте муассиса либоси варзишӣ ба онҳо медиҳад, дар чеҳраҳои якояки онҳо фараҳмандӣ дида мешавад, - мегӯяд Абдубуалӣ Манонов, устоди варзиш.

Мавзуи варзиши занон дар кишвар сол аз сол муҳимтару муҷаддад мешавад. Замони соҳибистиқлолӣ бонувони варзишкор: Мавзуна Чориева, Сурайё Ҷумъаева, Гулсара Дадабоева ва Галина Митяева, Гавҳар Раҷабова ва дигарон аз зумраи номваронанд…

Дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ он қадар варзишгоҳҳо сохта шуданд, ки дар 70 соли замони шуравӣ даст надода буд. Мисоли дигар, ин таъсиси ду шабакаи телевизионӣ: «Футбол» ва «Варзиш» далели рӯшанест, ки мо тарафдори солимии ҷомеаем ва барои тарғиби варзиш дар кишвар саъй меварзем.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе-Шаҳринав-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон