Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Модарҷонам, бахтовари хонадони мо!»
Варзиш / Илм ва маорифМаҳбуба Абдураҳмонова соли 1995 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуд. Барои кор дар таълимгоҳи хатмнамудааш, мактаби ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ роҳхат доданд. Шогирдони зиёдро забони англисӣ омӯзонд. Соли 2014 ӯро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-уми ноҳия муовини директор оид ба тарбия ва баъди фосилаи кӯтоҳе муовин оид ба таълим таъин карданд.
Чун устоди пешаи худ, салиқаи хуби омӯзондани забони англисиро дошт, соли 2018 бону Маҳбубаро ба Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд, то ба дӯстдорони забони хориҷӣ дари дунёи маъниро во намояд. Маҳорати кордонию таҷрибаи ғанияш ҳамеша пеши назари аҳли маориф буд. Аз ин рӯ, соли 2022 роҳбарии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-уми ноҳияро ба ӯ бовар карданд. Баробари иҷрои вазифаи масъулиятнок, Маҳбуба Абдураҳмонова аз забони англисӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Ҳар куҷое, ки кор карду дарс гуфт, шогирдони зиёду сазовореро дар риштаи худ ба воя расонд, ки алъон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ва ҳар куҷо ҳам роҳбари муассиса буд, кораш тибқи низом ва шоистаи таърифу таҳсин гашт.
Шояд бо дарёфти вақт аз оини ибратомӯзи омӯзгориаш қисса кунем. Аммо ҳоло мақсад аз дидору суҳбати мо бо устоди арҷманду пуртаҷриба, ки модари яке аз ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов мебошад, дигар аст. Мехоҳем ба даврае мурур намоем, ки дар домони поки ин модари мушфиқ кӯдаке ба камол расида, на танҳо номбардори модар, балки ифтихори аҳли кишвар гаштааст.
Маврид ба зикр аст, ки Темур Раҳимов бо иштирок дар бозиҳои олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса доир гашт, дар рақобат бо паҳлавонони ҷудо дар вазни боло аз 100 кг ба зинаи 3-юми ғолибият баромада, сазовори медали биринҷӣ шуд.
Модар ҳам таваҷҷуҳи моро нек арзёбӣ намуда, бо муҳаббат ба рӯзгори фарзанди азизаш дида дӯхт:
Овони кӯдакию мактабии Темурҷон ба диду андешаи мо гуворо сипарӣ шуд. Бетаъриф мегӯям, ки ҳама ҳаракатҳои ӯ ғайримуқаррарӣ буданд. Вақти холиро беҳуда намегузаронд ва ҷӯраҳои оворагард ҳам надошт. Дар мактаб аълохон буд, аз ҳамаи фанҳо баҳои хубу аъло мегирифт, аммо нигоҳаш ба варзиш дигаргуна буд. Як не, ҳама намуди варзишро дӯст медошт. Дар аксар чорабиниҳои мактабӣ ва ноҳия парчамбардор буд. Бо қомати баланду ҷуссаи танумандаш чеҳраи хосу бовиқор низ дошт.
Як хотираи кӯтоҳро далел меорам. Темурҷон дар синфи 7 ё 8 мехонд, ки ӯро барои иштирок дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ омода менамуданд ва зарур омад ба толори варзишӣ рафта машқи ҳунар кунад. Ҳар гоҳе ки вориди толор мешавад, бачаҳои варзишгар канор меистанд, ҳатто аз муаллимон хоҳиш мекунанд, ки ин бачаро гӯед ба машқгоҳ наояд, мо аз ӯ метарсем. Аммо Темур ба касе кор нагирифта, дар гӯшае ба обутоби бадан машғул мешуду бо анҷоми вақт аз толор берун меомад. Оҳиста- оҳиста варзишгарбачаҳо ба тамринҳои хосу зебои ӯ мароқ зоҳир намуда бо ӯ аз наздик ошно мешаванд. Ӯро чун дӯсти вафодор қабул намудаву норӯшаниҳои зиёди варзишро аз ӯ меомӯзанд. Ҳадафу орзуҳои бузург, обутоби бадан, машқҳои пайваста ҳар ойина дар вуҷуди ӯ чолокиву ҷасуриро тақвият медоданду симои ӯро озодаву покиза муаррифӣ мекарданд. Аз кулли атрофиён баҳои ба худ сазовор мегирифт, - ба ёд меорад модари дилбанд.
Темур бобояш Рустам Абдураҳмоновро яке аз роҳбаладони асосӣ дар масири интихобкардааш медонад, ки донаҳои аввалини варзишро дар замири кӯдакиаш киштаанд.
Бо бобои Темур рӯзи дигар ҳамсуҳбат гашта, бо саҳфаи тозае аз рӯзгораш ошно шудем. Паҳлавонмард бо ифтихору самимият мегӯяд, ки ба варзиш рӯ овардан барои шаҷараи онҳо пушт ба пушт, аз насл ба насл омадааст. Худи ӯ аз ҷавонӣ майл ба гӯштӣ дошту дар деҳа рӯи сабзаҳои баҳорӣ ва каҳдаравҳо бо ҳамсолон доиман дар набард буданд. Бо паҳлавони маъруф Худойназар Боқиев, падари Расул Боқиеви чемпион, риштаи дӯстӣ дошт ва фарзандонаш Суҳробу Аҳтамро назди ӯ ба тамрин гузошта буд, ки аз онҳо бино ба гуфтаи устодашон умедвориҳои калонро интизор буд. Аммо алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ва забона задани он дар аксари шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, дар баробари ҳама шикастҳои халқ умедвориҳои падарро низ барбод дод. Зеро хавфу хатар ва таҳдиди силоҳбадастони гумроҳ намегузошт, ки ҷавонписарон сар аз дар берун кунанд. Ба ин васила ӯ орзуҳои хешро дар симои наберааш Темур, ки акнун ба синни 8 қадам мегузошт, бароварда кард.
Суҳроб, писари калонии Рустам Абдураҳмонов, ки Темур ӯро мураббии худ мехонад, ба нигоҳубин ва парвариши ҷияни худ камар баст. Ҳарчанд дар ниҳоди Темури хурдсол завқи варзиш маъво гирифта буд, барои сайқал додани варзишгари хурдсол он замон таваҷҷуҳ лозим меомад. Бобову писаронаш баҳри расидан ба ормонҳои дили хеш вақту тавону дастгирии моддиро аз ӯ дареғ намедоштанд.
Темурро ба хотири азоб надидан дар қадамҳои аввал, нахуст ба риштаи таеквандо гузоштем, ки сабуктар аз гӯштии миллӣ ё ҷудо аст. Дар ҳавлии дӯстамон Боқиев толори хурдакаке буд, ки ҷавонони наврас дар сояи устодони хеш машқу тамрин мекарданд. Бо гузашти солҳо мураббии огоҳ зиёд будани муҳаббати ҷавони дилогоҳ ва умедбахшро дар гӯштӣ эҳсос намуд, ки ӯро як-як бо ҳамсолонаш ба майдон мебаровард. Ҳамин минвол Темури наврас зери роҳбарии тағояш Суҳроб рӯ ба гӯштии ҷудо овард. Барои болидаруҳӣ борҳо бо харҷи худ дар чорабиниҳои варзишии дохил ва хориҷи кишвар қувваозмоӣ намуда, ба ҳарифон дастболо гашт. Ва шукри амну амонии кишвар ва ҷонибдории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, ки ҷавонони болаёқат имрӯз барои инкишофу эҷоди худ ҳамаи имкониятҳоро доранд, ки Темури мо низ яке аз онҳост, - ризомандона мегӯяд бобои ҷавонқаҳрамон Рустам Абдураҳмонов.
Темур, ба қавли модар, баъд аз хатми мактаб ҳар кадом ихтисосро, ки мехост, бо дониши доштааш шомили мактаби олӣ шуда метавонист, аммо ӯ роҳ сӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро пеш гирифт. Темур тамоми давраи таҳсил дар мактаби олӣ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол муаррифӣ карда тавонист. Ҳини таҳсил ҳам дар чорабиниҳои зиёди варзишӣ иштирок намудаву бо натиҷаҳои дилхоҳ ба Ватан баргаштааст.
Эҳсосоти Темурро танҳо худаш дарк карда метавонад, - меболад модар, - Ватану миллати худро сахт дӯст медорад, ба муқаддасоти он арҷгузор аст. Дигар ин ки ӯ ва мо, зодмандони Темурҷон, аз дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода миннатдорем. Зеро маҳз ҳамин гуна таваҷҷуҳу ғамхорӣ руҳи варзишгарро болида, дилашро шод мекунад, - иброз медорад модар.
Дар баробари ин ҳама, Темур Раҳимов фарзанди бузурги хонадон, ҷавонмарди босабру таҳаммул буда, ҳар нафас аз ҳоли волидонаш ҷӯёст. Соле пеш оиладор шуду интизори фарзанд аст. Бо дуои падару модар аз дар берун мераваду бо сари баланд аз дари ҳавлӣ: «Модарҷонам, бахтовари хонадони мо!» гуфта, худро ба оғӯши модар мепартояд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Рӯдакӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
