Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зуҳури ситораи нав дар варзиш
Варзиш / Ҷавонон / СлайдерМадина, - садо мезанам аз дари синфхонаи 11«а». Нидоямро овози бачаҳо пахш месозад. Баъзеҳо ҷонибам менигаранд, аммо ӯ бепарво бо дӯстонаш ором суҳбат менамояд...
Ба Шумо кӣ лозим?, - мепурсанд чанд нафар якбора. Ман ҷониби ҷойи нишасти Мадина Қурбонзода ишора мекунам: «Ӯ».
Бо маҳзи «Мадина, туро мепурсанд», гуфтани ҳамсинфон чун лола сурх шуда, аз дари синфхона берун меояд. Шояд фаҳмид, ки барои суҳбат аз «Бонувони Тоҷикистон» наздаш омадаам, зеро қаблан барои ин мулоқот аз мураббиаш ва роҳбарияти МТМУ №19, ки он ҷо таҳсил мекунад, иҷозат гирифта будам ва худаш низ дар ҷараён буд.
Тариқи телевизион ва аксу наворҳои интернетӣ мешинохтам ӯро. Аз наздик зебою шармгин ва як андоза бо одамони ношинос эҳтиёткор дарёфтам. Даст медиҳам, панҷаи пурқуввате дастамро мефишорад.
Мадина Қурбонзода кист?
Мадина Қурбонзода 13-уми марти соли 2008 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Аввал аз сари ҳавас дар мактаби варзишии №1-уми деҳаи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ба тамрини ҷудо машғул шуд, вале баъдтар чун варзишгари касбӣ дар сатҳи ноҳияву вилояти Хатлон маъруфият пайдо намуд. Ҳамин тавр, ба мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ низ роҳ ёфт. Мутасаддиён чун диданд, ки Мадина варзишгари қавии омода ба бозиҳои сатҳи байналмилалист, ҷодаро барояш боз намуданд.
Аз Мадина мепурсам, ки меҳри гӯштин аз куҷо дар дилаш маъво гирифта ва ё паҳлавонӣ барояш ирсӣ асту дар шарёни хунаш ҷорист?
Воқеан, бобои модариам Саидмаъруф Бозоров дар мусобиқаҳо чун гӯштингири номӣ ширкат меварзиданд. Падарам мухлиси гӯштин бошанд ҳам, варзишгари касбӣ нестанд. Дар оила мо 1 писар ва 5 духтар ба воя мерасем. Бародарам аз ҳамаи мо калонтар аст. Вай барои тамрини гӯштин ба толори варзишӣ мерафт. Мани кӯдак тарзи машқу ҳаракатҳояшро дида ҳавасам меомад, маҷбур мекардам, ки маро ҳамроҳаш ба толори варзишиашон барад. Толор аз хонаамон дур, дар рустои дигар ҷойгир буд. Сарфи назар аз боду ҳаво, зимистону тобистон бе танаффус, пас аз дарсҳо машқгоҳ мерафтам. Бо он сабаб, ки духтарон умуман ба тамрини гӯштин машғул намешуданд, маҷбур будам бо писарон қувваозмоӣ намоям ва ҳамеша ғолиб ҳам меомадам, - мегӯяд бо табассум Мадина.
Падар аз рӯзи аввал монеъ нашуда бошад ҳам, модар намехост гулдухтараш гӯштингир бошад, аммо кӯдаки бепарво тамоми вақти холигиашро ба тамрин мегузаронд. То ҳадде, ки аввал дар толори варзишии худашон, баъдтар дар сатҳи ноҳияву вилоят ном баровард. Дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷойҳои сеюм, дуюм ва ҳатто якум мушарраф мегардид. Бародараш дар сояи қаҳрамониҳои хоҳари Гурдофаридаш мондан нахоста, ба варзиш хотима бахшид, аммо чун дастгиру ҳимоятгар ҳамеша дар канораш монд.
«Ту беҳтаринӣ!»
Модар то имрӯз, ки дигар Мадина унвони қаҳрамонӣ дарёфтаву номвар гардидааст, наметавонад размозмоии духтарашро мустақиман мухлисӣ намояд. Рӯзи сабқат ҷойи нишаст намеёбад, зуд-зуд даст ба дуо мебардораду вақти мусобиқа аз фарзандонаш ҷӯё мешавад: «Мадина бартарӣ дорад ё ҳарифаш?».
- Модарам пеш аз ҳар мусобиқа маро омода месозад: «Мадина, ба ту бовар дорам, ту беҳтаринӣ» ва агар мағлуб гардам ҳам аввал ӯ занг мезанаду таъкид медорад: «Руҳафтода нашав, ғолибият дар пеш аст!». Аввалҳо, бо сабаби набудани духтарон дар гӯштин, бо писарон қувваозмоӣ мекардам. Ҳоло ифтихор мекунам, ки дар пайравии ман танҳо дар толори мо 12 нафар духтар нозукиҳои ҷудоро меомӯзад. Ҳар рӯз пас аз дарсҳо каме истироҳат намуда, баъд 2–3 соат бидуни танаффус тамрин менамояму барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025, ки аз 22 то 24-уми моҳи май дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, омодагӣ мегирам, - иброз медорад варзишгари ҷавон.
Шебу фарози варзиш
Муваффақият барояш, ки ҳанӯз 17 сол дорад, осон ба даст намеояд. Пеш аз ҳар мусобиқа заҳмату бедорхобӣ мекашад.
Ҳар боре довар дастамро мебардораду ғолиб эълон мекунад, кӯфти хастагиҳоям бадар шуда, дарду азобҳоям зуд фаромӯш мегарданд, - иқрор меояд Мадина.
Новобаста аз машқу тамрини ҳамешагӣ ва чорабиниҳои зиёд дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад. Имсол хатмкунанда асту барои имтиҳонсупорӣ тариқи Маркази миллии тестӣ омодагӣ мегирад. Ихтисоси ҳуқуқшиносиро пеша карданист. - Устодони аввалини ман дар ҷудо Маҳмадулло Ғуломов ва Шарифҷон Қодиров ба ҳисоб мераванд.
Соли 2022, бо сабаби зарурати тамрини ҷиддӣ ва истифода аз имконоти бештар ба Душанбе омадам ва аз ҳамон сол ҳамроҳи мураббии шинохта, устоди арҷмандам Муртазо Носиров тамринро идома медиҳам. Ҳоло ки имкони иштироки бештарро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дорем, талош меварзам, ки забондон бошам. Дар хориҷа бештар ба забони англисӣ авлавият медиҳанд ва он забони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонист. Аз ин хотир, мехоҳам ҷараёни мусобиқаро бо забони асл, яъне англисӣ пайгирӣ намоям, - бо ақлу заковати як варзишгари ҳирфаӣ иброз медорад Мадина.
Танҳо дар соли 2025 Мадина Қурбонзода дар 8 чорабинии сатҳи байналмилалӣ, 3 мусобиқа дар Федератсияи Россия, 2 мусобиқа дар давлатҳои Аврупо ва 3 мусобиқаи осиёӣ ширкат варзидааст. Моҳи август барои иштирок дар ду чемпионати сатҳи баланд: Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё роҳхат дорад.
- Ҳоло дар вазни 52 килограмм зӯрозмоӣ менамоям. Мо, варзишгарон, пеш аз ҳар мусобиқа ба хотири каму беш нагардидани вазнамон аз ғизоҳои лазиз даст мекашем. Танҳо як рӯз пеш аз сабқат иҷозати истеъмоли хӯроки колориянокро дорем, ки дар майдон қуввату тавон дошта бошем, - бо табассуми ҳанӯз кӯдакона мегӯяд Мадина.
Мадинаи таърихсоз
Дар рӯзи аввали мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» Мадина дар даври дуюм (дар даври якум озод буд) бар намояндаи Туркманистон ғолиб омада, дар чорякфинал аз ҷониби варзишгари ботаҷрибаи фаронсавӣ мағлуб гардид. Сипас, дар даври тасаллобахш ӯ ба ҳамдастааш Зуҳал авлавият нишон доду барои медали биринҷии ин мусобиқаи бонуфуз бо варзишгари чинӣ ба майдон баромад ва пирӯз гашт. Мадина бо ин қаҳрамонӣ номашро чун аввалин тоҷикдухтари дорандаи медали «Гранд Слам» ё IJF (International Judo Federation) ҷовидонӣ сохт.
Бо маҳзи эълони ғолибият ва баланд шудани дасташ аз ҷониби довар, аввал ба эҳтироми мухлисон сари таъзим фуруд овард, бо ишораи даст фаҳмонд, ки ҳамагон дар қалбаш маъво доранд. Баъд садди баланди байни майдону тамошобинро бо як ҷаҳидан фатҳ намуда, худро ба оғӯши падараш партофту инони гиря сар дод.
Ин лаҳзаи ҳассос дар они воҳид дар шабакаи интернет бо унвони «Первая женская медаль в истории Таджикистана», «Она вошла в историю!» паҳн гардид ва ҳазорон тугмаҳои «писанд»-у навиштаҳои «Офарин, Мадина!», «Гурдофариди замон!», «Мадинаи таърихсоз!», «Тоҷикистон, ба пеш, бо Мадина», «Мадина, ты гордость таджикского народа!», «Умная, красивая, талантливая Мадина!», «Мы за тебя всегда держим кулаки, вперёд и только вперёд!» ҳамаро фаро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар «Гранд Слам-2025»-и таърихӣ, Тоҷикистон соҳиби 11 медал: 4 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ гардид.
«Ман ҳастаму ҳариф»
- Рӯи «татами» ман дар баробари ҳарифам танҳо мураббиамро мебинам. Он лаҳза бо чашмонам, бе гап бо ӯ суҳбат мекунам. Ишораашро бе ҳарф мефаҳмам, амал мекунам. Дигар то охири рақобат касеро намебинам, ягон ҳарфу садо ба гӯшам намедарояд.
Ҳамеша бо нафарони дар синну сол ва таҷриба аз ман бузургтар рақобат менамоям. Кам иттифоқ афтодааст, ки бо ҳамсолонам зӯрозмоӣ намоям. Вақте ба майдон мебароям, худро паҳлавон эҳсос мекунам. Қуввае маро рӯбарӯи ҳариф таҳрик ба ғолибият медиҳад, аммо бо маҳзи хотима ёфтани рақобат зуд ҳамон Мадинае, ки мебинед, ҳамонам.
Медонам, ки дар бозиҳои байналмилалӣ давлату Ҳукумат, Президенти маҳбубамон, халқи азизам аз ман интизориҳое доранд. Бо дасти дуои падарона ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфарозам, бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳомии варзишгарон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ман комгорам, бо дастгириҳои президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир ба пеш ҳаракат мекунам. Ба Сарвари давлат, шаҳрдори шаҳриёрамон, президенти Федератсияи ҷудо, аҳли оилаамон, сарпарастон, устодон, мухлисони азизам арзи сипос менамоям. Мекӯшам ба ивази меҳру ихлосашон натиҷаҳои баландро дар варзиш дастёб бошам, - мегӯяд Мадина Қурбонзода.
Мошин ба хонаи кӯдакон
Мадина Қурбонзода аввалин мошини дар мусобиқаҳои паҳлавонӣ ба дастовардаашро ба хонаи кӯдакони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ туҳфа намуд ва мошини дуюми аз як сабқати наврӯзӣ соҳибшудаашро ба падари азизаш тақдим кард. Ҳоло як орзу дар дил мепарварад:
- Мехоҳам мисли ғолиб ва дорандаи медали тиллоии бозиҳои олимпӣ, варзишгари хоксору қавӣ Диёра Келдиёрова соҳиби медали тиллои олимпӣ бошам. Орзуям ин аст, ки ҳамчун қаҳрамон Парчами Тоҷикистони азизамро дар майдони Бозиҳои олимпии 2028 дар Амрико парафшон созам.
PS: Мадина дар чашми ман чун як насли комилан дигар: хеле пешрафта, ҳушманд, босавод, зирак, забондон зуҳур кард, ки сарфи назар аз синну сол ҷониби ҳадаф бо қадамҳои устувор равон аст.
Ҳини таҳияи мавод исми Мадина Қурбонзода боз дар сархати расонаҳои дохилу хориҷ қарор гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025, ки аз 22 то 24-уми моҳи май дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, соҳиби медали тилло гардид.
Аҳли эҷоди маҷалла барояш муваффақияти бардавом, масъудии ҳамешагӣ хоҳонанд.
Ба пеш, ахтари равшани варзиши тоҷик!
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
