БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чӣ гуна пӯстро аз пажмурдашавӣ нигоҳ дорем
ЗебоӣЗанҳо орзу доранд, ки ҳамеша ҷавону зебо, ботароват бимонанд. Аммо хоҳ-нохоҳ бо гузашти сол пӯсти инсон, махсусан, рухсор тағйир меёбад. Ин раванди пиршавии пӯст тақрибан аз 25-солагӣ оғоз меёбад, вале омилҳое ҳастанд, ки раванди пиршавии пӯстро суст мекунанд. Чанд омилҳое сабаб шуда метавонанд, ки дар пӯсти рӯй ожангҳо пайдо шаванд, аз ҷумла истеъмоли ғизои нодуруст, нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани тамоку, асабоният, муҳити зист, таъсири боду ҳаво ва ғайра ба ҳолати пӯст таъсири манфӣ мерасонанд.
Машқҳои ҷисмонӣ ба ҳолати пӯст таъсири судманд бахшида, дар ҳолати фаъолияти ҷисмонӣ он чандиртар мешавад. Ғизои ҳаррӯза бояд аз сабзавот ва меваҳо иборат бошад. Инчунин, ғизоҳои дорои витаминҳои А ва Е- ро бояд бештар истифода бурд. Аз ҷумла, сабзӣ, каду, қаламфури булғорӣ, пиёзи сабз, сабзаҳо, шафтолу, зардолу, себ, ангур, тарбуз, харбуза, гиёҳҳо, шир, тухм, ҷигар, гӯшт ва ғалладонагиҳо ба ин номгӯ дохил мешаванд.
Системаи асаб низ ба ҳолати пӯст вобастагии зич дорад. Афсурдаҳолӣ қобилияти барқароршавии пӯстро суст намуда, ба таркиби эластин ва коллагени он таъсир мерасонад. Барои ором намудани системаи асаб метавонед, машқҳои одии нафаскашӣ ва йогаро анҷом диҳед. Ҳамчунин, косметологҳо тасвия медиҳанд, ки равғани зайтун ва кокос ба пӯст муфид аст. Дар рӯйхати нӯшокиҳое, ки пиршавиро суст мекунанд, дар ҷойи аввал чойи сабз меистад. Он мубодилаи моддаҳоро тезонда чарбҳоро месӯзонад. Қулфинай низ дар таркибаш фисетин, ки ба куштани ҳуҷайраҳои пиршавии бадан мусоидат мекунад, аз ҳама гуна ғизои дигар бартарӣ дорад. Панири камравған як манбаи витамини Е аст, ки истеъмоли он пӯсти шуморо солим ва ҷавон нигоҳ медорад. Таҳлили олимон нишон додааст, ки хӯрдани аз ҳад зиёди гӯшт, боиси бармаҳал пир шудани бадан мегардад.
Шарбати сабзиро бо афшураи афлесун ё себ омехта карда нӯшед. Шарбати лаблабу кори рӯдаҳоро ба таври комил таҳрик медиҳад ва баданро аз токсинҳо ва партовҳои ҷамъшуда тоза мекунад. Шарбати бодиринг фишори хунро муътадил намуда таъсири пешобронӣ дорад, ҳамчунин сирри дандонҳоро беҳтар мекунад.
Барои бардаму ҷавон мондан хоби кофӣ ҳатмист. Чунки хобро бо дигар намудҳои истироҳат иваз кардан ғайриимкон аст. Бештар бояд ҳаракат намоед, зеро фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои бартарафсозии хатари инкишофи бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва саратон мебошад.
Барои суст намудани ҷараёни пиршавӣ кас бояд худро аз нурҳои Офтоб муҳофизат кунад. Ҳамеша аз асабӣ шудан худдорӣ намоед.
Ҳатман ба реҷаи худ сайругашт дар ҳавои тозаро ворид созед. Аз сайругашт лаззат ва фоида ба даст меоред. Роҳ рафтан имконият медиҳад, ки баданатонро дар тули умри худ бардаму солим нигоҳ доред.
Таҳияи Мадина БАЛАҶОНОВА