БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маслиҳати муфид барои солимӣ ва зебоии зан

Зебоӣ

Аз асбоби мӯйхушккунӣ кам мебояд истифода бурд, бигзор мӯйҳо мустақилона хушк шаванд. Ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба нӯги онро каме қайчӣ задан зарур аст, то солимиву зебоии онҳо бардавом бошад.

        Барои дурудароз нигоҳ доштани накҳати атр онро ба мӯй, пушти гӯш ва банди даст мепошанд.

Барои аз тирагиҳои зери чашмон раҳоӣ ёфтан коғазхалтаҳои гарм ва хунуки чой хеле мувофиқанд. Онҳоро метавонед муддати 5 дақиқа ба зери чашмон гузоред.

Тӯш агар ба атрофи чашм расад, онро метавон бо ёрии пахтачӯбча ба осонӣ пок кард, барои ин андаке мебояд интизор шуд, то он хушкад. 

 

Пеш аз ороиши рӯй ба лабон малҳам молед. Ҳангоме ки навбат ба лабсурхкунак мерасад, лабон то ин дам нарму маҳин мегарданд ва рангкунии лаб шинаму нозук меояд.

 Барои бартараф кардани вазни барзиёд ман аз хӯрокҳои сафедадор ва ғоз (пардаи ҳуҷайраи растаниҳо) истифода мебарам. Дар як шабонарӯз то 700 грамм вазн мепартоям. (Кэти Топурия, сароянда)

        Мехоҳед, ки ҷавон намоед? Мӯйҳои худро дароз карда, онҳоро дар шаклҳои гуногун бофед. (Крис Макмиллан, пардозгари мӯй).

        Барои дуруст ранг кардани мижгонҳо тушро аз реша ба боло дар шакли зигзаг молидан зарур аст. Барои оне, ки чашмон бодомӣ намоянд, чӯткаи тушро на ба боло, балки ба самти чаккаҳои сар молидан лозим аст.

Барои фурӯ нишондани варами чашмон картошкаи хом муфид аст, ки онро пора карда, ба ҷойҳои варамида мегузоранд.

        Чарби моҳӣ барои бартараф кардани нӯги мӯйҳои гулкарда хеле мувофиқ аст. Пеш аз саршӯӣ муддати 10 дақиқа чарбуро ба нӯги мӯйҳо молед.

        Барои зудтар хушк кардани лаки нохун ба косача оби хунук гирифта, ба он пораи ях андозед ва баъди молидани лак нохунҳоро ба даруни он кунед.   

 Таҳияи С. Ашӯрова

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 54)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон