БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гул рамзи зебоист бо муҳаббати бону

Зебоӣ / Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Гул рамзи зебоӣ ва муҳаббат буда, дидану бӯиданаш ба инсон неруи тоза мебахшад. Бо бонуи зебову хушандом дар бораи ободию сарсабзии диёр суҳбати ҷолибе доштем. Ӯ мегӯяд, ки гулпарварию деҳқонӣ амалеанд наҷибу дилпазир, зеро ҳар ду бо замин пайванд буда, ба хоки гуҳаррез тухми умеду орзуҳо кишт менамояд, то ин ки зиндагиамон пур аз нуру сафо, зебоиву саодатмандиву нафосат бошад.

Меҳринисо дар оилаи деҳқони ризқофар ба дунё омада, аз зодмандон сирри замин, забони онро омӯхт. Ба замин донаи умед пошида, ҳар ниҳолаки навбарро мисли фарзанди худ парасторӣ менамояд. Ӯ ёдовар мешавад: «Падарам сарвари бригадаи пахтакорӣ буду бо замин пайвандӣ дошт. Пунба мекишт, ҷӯяк мекашид, об мемонд, ғизо медод. Вақте ниҳолҳо қад мекашиданд, бехашонро нарм намуда, аз амали хеш қаноатманд гардида, гӯё сари онҳоро сила мекарда бошанд, саргарми кор мешуданд. Ман он вақт хурд будаму аз асрори деҳқонӣ бехабар ва ба ин амали падар дида дӯхта, ҳайрон мемондам. Имрӯз, ки чун падар деҳқони ботаҷрибаам, мекӯшам ҳар ниҳолак дар нашъунамо бошад».

 

X ҲАРФЕ АЗ БОБИ РӮЗГОРДОРӢ

Меҳринисо Раҳимова 17-уми апрели соли 1963 дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст

Соли 1977 дабистони № 66-и деҳаро хатм намуда, дар назди падар ба деҳқонӣ шуғл варзид. Соли 1982 тақдир ӯро ба ҷавони заҳматпеша Ҳасанбой Раҳимов пайваст ва ӯ аз деҳаи Ғозиён ба Ёва арӯс шуда омад. Дар хоҷагии ба номи Ҷаббор Расулов корро идома бахшид.

X ГУЛПАРВАР

Соли 2017 ба корхонаи ободонию ка­будизоркунӣ омад, зеро барои Меҳринисо фаъолият дар ин коргоҳ айни муддао буду ба обчакорӣ машғул гаштан барояш ҳаловате мебахшид. Меҳринисо бо меҳр дар бораи ободию созандагие, ки дар шаҳри Хуҷанд ба амал меоянд, ҳарф зада зикр кард: «Баъди гулҳои мавсимиро қад-қади роҳи мошингузар шинондан байни қаторҳои ҷӯйбор об монда, ба манзараҳои дилфиреби ин мавзеъ бо ҳавас нигоҳ мекунам. Нигоҳам нигоҳи мушоҳидаомез аст ва дарк кардам, ки падарам беҳуда баъди обшорон кардани ҷӯйборҳо бо муҳаббат ба замин дида намедӯхтаанд. Дидани натиҷаи заҳмати деҳқонӣ ва ҳусну таровати он ҳаловати аҷибе дорад. Дар ҳақиқат, гул ҳам мисли инсон нозук асту меҳру муҳаббатро мехоҳад. Чун назар медӯзам, дармеёбам, ки гулҳои гулзор чӣ камбудӣ дораду ба куҷо боз хок лозим асту боз бехи кадом гулро бояд нарм созам».

 

Бале, аз суҳбати Меҳринисо дарёфтам, ки гулпарварӣ аз инсон на танҳо неруи зиёд, балки завқи баландро низ тақозо менамояд. Меҳринисо 15 сол аст, ки дар КВД коммуналии «Муассисаи давлатии кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳри Хуҷанд» ба парвариши гулҳои гуногуни мавсимӣ шуғл меварзад. Ӯ мегӯяд, ки дар фасли сармо, яъне дар зимистон заминҳоро каланд карда, яхоб мемонем ва моҳи январ тухми гулҳои лоларо ба замин мешинонем. Моҳи феврал бошад, мавсими шинондани гулҳои садбарг ва моҳи март гулҳои карнайчагулу (петуния) аббосӣ (тагетес) аст. Моҳи май гулҳои гуногуни ороиширо дар минтақаҳои гуногуни шаҳр шинонда, моҳҳои июн, июл, августу сентябр карнайчагул, аббосӣ моҳҳои октябру ноябр бошад, арчаю гулҳои довудии (хризантема) гуногунро шинонда, ба ҳусни шаҳрамон ҳусн зам намуда, ободу зебо менамоем. Меҳринисо мегӯяд, ки гулпарвар бояд ҳамеша аз пайи гулҳо бошад. Онро аз алафҳои бегона тоза карда, ғизо пошад, зери буттаҳоро нарм кунад, об диҳад.

АЗ АМАЛИ МО МАРДУМ ШОДАНД

Воқеан, муҳаббати гулпарвар, ранҷу заҳматаш боиси нашъунамои гул дар кӯчаҳои шаҳр мегардад. Сарвари бригада Сиддиқбой Юлдошев Меҳринисоро ситоиш намуда мегӯяд:

 Ба шарофати дастони меҳрбори Меҳринисо гуле пажмурда нашудааст, зеро гул нигоҳи махсусро мехоҳаду дастони гулпарвари ӯ сабз аст.

Вақте ки аз Меҳринисо Раҳимова пурсон шудам, ки оё мардуми шаҳри Хуҷанд ин амали наҷиби гулпарваронро дастгирӣ менамоянд?

 

Бале, - бо ифтихор гуфт ӯ, - баъзан мо, гурӯҳи занонро зарур меояд, ки дар ҳавои гарми тобистон дар қади роҳҳо ба нигоҳубини гулҳо машғул шавем, мардум ба мо нон, об ва дигар анвои хӯрданӣ меоранд. Гап сари тақдими нону нӯшокиҳо нест, балки дарк месозам, ки онҳо аз амали дастаҷамъонаи мо қонеъ гашта, бо нишони эҳтиром хизмати гулпарваронро қадр менамоянд.

Дар бригадае, ки Меҳринисо фаъолият дорад, 8 нафар бону: Мукаррам, Малоҳат, Оишахон, Роҳат, Гулнора, Адолат, Қумриҷон паҳлуи ҳам дар ободонии шаҳру ноҳия хизмати шоиста доранд. Гулпарвари асил Меҳринисо Раҳимова на танҳо дар ободонии кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ҳиссаи сазовор мегузорад, балки дар бунёди оилаи дӯсту тифоқ низ намунаи ибрат аст. Ӯ соҳиби се фарзанд, 9 набера буда, дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо кардааст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

вилояти Суғд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон