БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нигоҳубини мӯй дар фасли сармо

Зебоӣ

  Мӯй ҷузъи зебоии зан ба шумор меравад. Дар ҳама давру замон занони тамоми миллатҳо мӯйи дароз доштанд, ки зебоии онҳо дар ривоят ва дос­тону шеърҳо васф шудааст.

Дар фасли зимистон мӯйи сари инсон сусту хушк ва беҷон шуда, ба рехтан оғоз менамояд. Дар ин мавсим бояд нигоҳубини дурусти мӯйро ба роҳ монед. Ҳарорати баланд ва ҳавои хушки бино на танҳо пӯст, балки мӯйро низ хушк мекунад. Ягона роҳи мубориза бо ин нигоҳубини иловагӣ мебошад. Малҳамҳои намноккунанда ва шампунҳои дорои равғанҳои табиӣ барои мӯй муфиданд.

Беҳтарин роҳ барои барқарорсозии мӯй ин равғанҳо мебошанд. Беҳтар аст, ки онҳоро шабона ба мӯй молида, субҳ бишӯед. Умуман, буттамева барои мӯйи сар фоидабахш аст. Онҳо дорои миқдори зиёди витамини С, антиоксидантҳо ва витаминҳои дигар мебошанд, ки барои мӯй хеле муфиданд. Миқдори зиёди витамини C истеҳсоли коллагенро ҳавасманд мекунад, ки ба нигоҳ доштан ва афзоиши мӯй мусоидат менамояд.

Равғани бодом аз витаминҳо ва минералҳо бой аст, ки ба афзоиши солими мӯй фоидаовар аст. Он беҳтарин ғизо барои пӯсти сар, кам кардани сабӯсаки мӯй ва пешгирии шикастани мӯй мебошад.

Мӯйҳои худро бо сачоқ чанд маротиба хушк кунед. Фақат онро дағал анҷом надиҳед, зеро ин метавонад риштаҳои печидаро вайрон кунад. Беҳтараш мӯи хушкро аз нӯг ба реша шона кунед.

Беҳтарин парҳез барои мӯйҳои солим ин ғизоҳои бой аз калсий ва оҳан, бисёртар сабзавоти сабз ва барг, алафҳои баҳрӣ ва дигар манбаъҳои витамину минералҳо мебошанд. Картошкаи ширин ва дигар сабзавоти норанҷӣ ё сурх, аз ҷумла помидор, сабзӣ ва қаламфури сурх як роҳи олӣ барои ба даст овардани миқдори кофии бета-каротин мебошад. Бета-каротин дар бадан ба витамини А табдил меёбад ва яке аз антиоксидантҳои калидӣ мебошад, ки барои пешгирии хушкшавии мӯй ва осеб аз нурҳои ултрабунафш ёрӣ мерасонад.

Дар моҳҳои сардтар, бикӯшед то мӯйҳои худро бо оби аз ҳад гарм нашӯед. Оби гарм метавонад мӯйро хушк намуда, ба он осеб расонад. Зеро дар фасли зимистон мӯй нисбатан ҳассос мешавад. Беҳтараш мӯйи сарро бо оби ширгарм шӯед.

Бо мӯйи тар дар зимистон ҳаргиз ба кӯча набароед. Таъсири хунукӣ ноустуворӣ ва нофармонии онҳоро зиёд карда, мӯйҳо кунд ва беҷон мешаванд. Хавфи якбора танг шудани рагҳои хун дар сар низ меафзояд, ки ин метавонад боиси дарди сар, илтиҳоби нӯгҳои асаби гардан ва рагҳои хунгузар, дарди шадиди мушакҳо, ки бо мурури замон метавонад музмин гардад.

Хубаш, пеш аз фарорасии ҳавои сард буридан ва ранг кардани мӯйро анҷом диҳед. Сохтори мӯй, аз сабаби нарасидани маводи ғизоӣ ва витаминҳо тағйир меёбад. Ҳатто ғафстарин ва зичтарин риштаҳо қисман ҳаҷм ва дурахшиашонро гум мекунанд ва ранг кардан як раванди осебпазир ҳисоб мешавад, зеро дар он маводҳои кимиёвӣ истифода мегарданд.

Мӯйхушккунакҳо ва дарзмолҳои гарм мӯйҳои шуморо мехушконанд. Агар чунин дастгоҳҳоро мунтазам истифода баред, мӯй кунд, шикананда ва беҷон мешаванд.

Барои он ки мӯй тобнок ва солим бошад, дар фасли сармо ғизоҳои сафедадор истеъмол кардан зарур меояд. Дар фасли зимистон ба мӯй рӯшноии кофӣ намерасад, яъне захираи витамини D ба охир мерасад. Ин як сабаби муҳими аз даст рафтани дурахшандагӣ ва неруи қаблии мӯй аст. Барои гирифтани қувваи бадан бештар лӯбиё, шир, моҳӣ, тухм ва равған истеъмол намоед. Ба шарофати чунин маҳсулот, ба зудӣ тағйиротро дар сохтори мӯй эҳсос хоҳед кард.

Барои мӯйҳои хушк - ҷуворимакка, арган, кокос, ангат ва шафтолу лозим аст. Афзоиши мӯйро равғани кастор, ангат, бодом ва арган меафзояд. Бар зидди рехтани мӯй – кедр, равғани зайтун ва гандум тавсия дода мешавад. Равғанҳо на танҳо мӯйҳои хушкро бо моддаҳои намноккунанда таъмин месозанд, балки ҳар як тори мӯйро муҳофизат мекунанд.

                                         

Барои ҷилои мӯйи сар дар хона, лаблабу ва шарбати сабзиро ба миқдори баробар омехта ва як пиёла аз онро ба мӯй молед. Маҳсулотро дар мӯй муддати 15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас, бо оби ширгарм онро бишӯед.

Мадина БАЛАҶОНОВА

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 61)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон