БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нигоҳубини рӯй дар фасли баҳор

Зебоӣ

Бо фаро расидани фасли баҳор пӯсти рӯй ба мушкилиҳои зиёд дучор мегардад. Пӯст метавонад пажмурдаву ҷилонокиашро аз даст диҳад. Дар ин фасл ҷисми инсон хаста шуда, норасоии шадиди витаминҳо ва микроэлементҳоро эҳсос менамояд. Тағйирёбии ногаҳонии ҳарорат, офтоби дурахшони баҳор, рутубати баланд, норасоии оксиген - ҳамаи ин ба фаъолият ва ҳассосияти пӯст таъсир мерасонанд. Кӯшед, то дар ин мавсим бештар об нӯшида, ғизои солим истеъмол фармоед. Дар давоми рӯз аз ламс кардани рӯй худдорӣ ва мӯйҳоро аз рӯятон дур кунед. Асабоният низ ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Барои пӯсти рӯй равғани зайтун ва кокос муфид аст, ки дар онҳо витаминҳои A, D, E мавҷуданд, ки рӯйро ҳамвор ва чандир менамоянд. Чормағз, маҳсулоти баҳрӣ, моҳӣ ва тамоми ғалладона, маҳсулоти гандумӣ, ширӣ ва гӯшт барои пӯсти рӯй бағоят муфиданд.

 Малҳами ҷавонсоз аз шоколад

1/2 пиёла хокаи какао, 3 қошуқ ҳуртумон (овёс, ҷави русӣ), 4 қошуқ қаймоқ ва 1/4 пиёла асалро омехта кунед. Ба рӯй молида, 10 дақиқа нигоҳ доред. Хокаи какао ба пӯст рутубат бахшида, ҳуртумону асал онро пок ва ғизо медиҳад.

Ниқобҳо аз банан

Нисфи бананро майда карда, хамираи онро ба рӯи худ молед. Афшурдаи бананро бо киви омехта карда, каме ба он қаймоқ илова кунед. Муддати 20 дақиқа ба рӯй молида, сипас шӯед.

 Ниқобҳо барои пӯсти офтобсӯхта

1 помидор ва 2 қошуқ шири хомро омехта, хамираи ғафс таҳия месозему ба рӯй мемолем. Ин ниқобро беш аз як шабонарӯз гузоштан мумкин нест.

Бодиринги тару тозаро аз турбтарошак гузаронда, каме қаймоқ ҳамроҳ менамоем. Муддати 15 дақиқа онро ба рӯй монда, пас бо оби ширгарм мешӯем.

Бояд гуфт, ки истеъмоли зиёди маҳсулоти ширину қаннодӣ ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Беҳтар аст, ки онҳоро бо меваҳои хушк, меваҳо, буттамеваҳо ва шарбатҳои табииву афшураҳои тару тоза иваз кунед.

Барои занон дар фасли баҳор истеъмоли себ, банан, афлесун, мандарин, киви, тути заминӣ бениҳоят муфид аст, ки зебоӣ ва таровати пӯсти рӯйро бардавом нигоҳ медоранд.

Риоя накардани парҳез, кам нӯшидани оби ошомиданӣ, зиёд ҷӯшондани хӯрок, истеъмоли зиёди хӯрокҳои бирён ва шакару намак пӯсти рӯйро бармаҳал пир мекунанд.

Як дона сафедаи тухм, 1 бодиринг ва 50 г барги пудинаро омехта, бо блендер мезанем. Ниқобро 10 дақиқа як сӯ гузошта, сипас ба рӯй мемолем. Муддати 15 дақиқа ба рӯй монда, сипас бо об мешӯем. Ин малҳам барои чарбуҳои барзиёди пӯстро аз байн бурдан кумак мерасонад.

Таҳияи Мадина

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 23)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон