БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Манфиати маҳсулоти ширӣ

Зебоӣ

Маҳсулоти ширӣ манбаи муҳими ғизо барои саломатии инсон, бахусус занон мебошанд. Онҳо дорои протеин мебошанд, ки ба таҷдиди ҳуҷайраҳо ва қувваи мушакҳо мусоиданд. Кислотаҳои равғанӣ барои солим нигоҳ доштани пӯст, мӯй ва нохунҳо, нигоҳ доштани зебоии бадани зан кӯмак мекунанд.

  Творог, панир ва дигар маҳсулоти ширӣ дорои протеини баландсифат буда, барои афзоиш ва барқарорсозии бофтаҳо, нигоҳ доштани вазни мушакҳо муҳим аст. Ин анво манбаи хуби витаминҳои A, D, B2 ва B12, инчунин магний, фосфор ва калий мебошад.

         Аломатҳои аввали норасоии калсий аз рехтани мӯй, заиф шудани нохунҳо ва дандонҳо, шикастани устухонҳо ва карахтиву кашиш дар пойҳо сурат мегирад. Истеъмоли ҳаррӯзаи на камтар аз ду то се ҳисса маҳсулоти ширӣ дар организм калсийро зиёд менамояд.

  Пробиотикҳо дар йогурт ба мубориза бо бактерияҳо ва барқарор кардани мувозинати табиии пӯст мусоидат мекунанд. Йогурт инчунин хосиятҳои нармкунанда ва оромбахш дорад. Он метавонад ба мубориза бо асабоният ва  илтиҳоб кӯмак намуда, сурхшавӣ ва хоришро коҳиш диҳад.   

         Ба шарофати антиоксидантҳо шир ранги пӯстро беҳтар мекунад. Он инчунин сирри дандон, мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам намуда,  ба нигоҳ доштани вазни солим ва паст кардани сатҳи холестирин мусоидат мекунад.

         Истеъмоли йогурт пайдо шудани  ожангҳои рӯйро пешгирӣ мекунад. Ҳангоми чандирии  пӯст узвҳо ва доғҳои синнусолӣ камтар намоён мешаванд. Кислотаи лактикӣ дар йогурт ҳамчун антиоксидант амал карда, ин мушкилотро пешгирӣ мекунад. Он пӯстро ҳамвор ва дурахшон карда,  барои ҷавон мондан  кӯмак мекунад.

   Ширро барои рафъи хастагӣ, камхунӣ  ё пас аз беморӣ ва ҷароҳат низ истифода мебаранд. Шир беҳтарин ғизо барои бемориҳои дил ва варам аст, зеро он дорои хосиятҳои пешобронӣ дорад.

  Калонсолон ва кӯдакон  дар як рӯз ба 2000 калория ниёз доранд, бояд ҳар рӯз тақрибан ҳар нафар  3 пиёла маҳсулоти ширӣ истеъмол намоянд. 

         Ҷурғот мушкили узвҳои ҳозимаро бартараф намуда, дорои хосиятҳои зиддибактериявӣ дорад. Ҷурғот хатари остеопорозро коҳиш дода, аз саратон муҳофизат менамояд. Ҳамчунин барои аллергия ва нафастангӣ муфид аст.

 

                                                                                    Таҳияи Мадина

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон