Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Болида намудани табъ
ЗебоӣТабъи инсон ба сифати зиндагӣ бевосита таъсир мерасонад. Дар сурати аз ҳеҷ чиз шод нашудан саломатии мо рӯҳан ва ҷисман хаста мешавад. Тағйирёбии рӯҳияи инсон метавонад бо бемориҳои музмин ва номутавозунии ҳормоналӣ алоқаманд бошад. Ҳатто гурусна мондан боиси якбора хира гаштани табъ мешавад.
Ҳар саҳар ҳангоми аз хоб хестан метавонед зери навои дӯстдоштаатон машқҳои сабук анҷом диҳед, ки он вақти зиёдро талаб намекунад. Ҳатто давидан низ муддати даҳ дақиқа ба рӯҳияи мо таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар давоми рӯз, 20 бор зонуқат(присидание) намоед. Вобаста ба фасли сол асбобҳои машқкуниро гирифта, дар ҳавои кушод тамрин намоед. Фаъолияти ҷисмонӣ ба истеҳсоли эндорфинҳо мусоидат намуда, он ҳамчун беҳтарин муҳофизати бадан аз асабоният ба шумор меравад.
Робита бо наздикон воқеан шахсро хушбахт мекунад. Суҳбат дар бораи чизи муҳим ва пурмазмун бо пайвандон ё дӯстони наздик барои ҳолати рӯҳии шумо аз даҳҳо суҳбати тасодуфӣ муҳимтар аст.
Саховатмандӣ ва хоҳиши зоҳир кардани меҳрубонӣ дар вуҷуди ҳар нафар эҳсосоти мусбӣ ба вуҷуд меорад. Ин ба таври ғайримустақим рӯҳияи моро беҳтар мекунад. Кӯмак танҳо дар пул набуда, амали нек ё як сухани хуб ба дигарон метавонад табъи шуморо болида гардонад.
Олимон робитаи мустақимро байни тамошои осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳо ва рӯҳияи мусбӣ пайдо карданд. Омӯзиши чизи нав ва ҷолиб барои майнаи мо хурсандии ҳақиқӣ меорад. Тибқи тадқиқот одамоне, ки мунтазам дар ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд, камтар дучори асабоният ва изтироб гашта, табъашон ҳамеша болида аст.
Барои баланд бардоштани рӯҳия кӯшиш намоед, то чизи дилхоҳатонро истеъмол кунед. Як истакон об нӯшида, машқҳои сабукро анҷом диҳед. Бештар дар ҳавои тоза сайр намоед. Ҳангоми ором шудан нафаси озод кашед. Бо нафари наздикатон ҳамсуҳбат шуда, мусиқии форамро гӯш кунед.
Истеъмоли моҳӣ, банан, шоколоди сиёҳ, чормағз ва донаи офтобпарасту маҳсулоти ғалладонагӣ барои хушҳол шудан кумак менамоянд.
ТаҳияиМадина
Мубодила:
Шарҳҳо
