БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нигоҳубини дастон

Зебоӣ

Барои зебоии зоҳири зан зебоиву мавзунии дастон низ нақши муҳим мебозанд. Пӯсти дастони бонувон бояд ҳамеша солим ва зебо ба чашм расад. Барои ноил гардидан ба зебоӣ ба кошонаҳои ҳусн шитофтан ҳатмӣ нест, балки нигоҳубини дурусти онро дар хона низ метавон ба роҳ монд.

Қоидаҳои асосӣ

Ҳангоми рӯбучини хона ва шустани зарфу либос ҳатман дастпӯшак пӯшидан зарур аст. Дастонро бо оби ҳарораташ баланд нашӯед. Саъй намоед, ки бештар об нӯшед, зеро камобӣ дар бадан метавонад дастонро шахшӯл созад. Зуд-зуд ҳавои хонаро тоза кунед ва пеш аз хоб бо ҳаракатҳои сабук, мисли масҳ ба дастон малҳам молед.

 Тарзи истифодабарии малҳам

Агар ҳолати пӯсти дастатон муътадил бошад, дар як рӯз як маротиба малҳам молидан кифоя аст. Дар сурати хушк будани пӯсти дастҳо малҳамро дар зарфи шабонарӯз 2 - 3 маротиба истифода бурдан бамаврид аст.

 Маҳсулоти солимии пӯстро барқарорсозанда

Моҳии баҳрӣ, анор, сабзӣ, чормағз, нони гандумӣ, равғани зайтун, маҳсулоти ширӣ.

Сафедсозии пӯсти дастҳо

Метавонед ҳар рӯз бодиринги тару тозаро реза карда, ба рӯи дастон молед. Пас аз 2 - 3 ҳафтаи истифода мушоҳида месозед, ки чӣ гуна пӯсти дастонатон нафис гаштааст.

Равғани зайтун

Равғани зайтун барои солимгардонии пӯсти бадани инсон, хосса дастон беҳтарин восита аст. Он пӯстро ҷавон, ботароват ва нарм нигоҳ медорад.

 Тарзи омодасозии малҳами рутубатбахш

Ду қошуқ қаймоқ, як қошуқча асал ва се қошуқ оби ширгармро хуб ба ҳам омехта, онро рӯи дастҳо мемолем ва 20 дақиқа интизор мешавем. Пас, дастонро бо оби ширгарм мешӯем.

 

 Нармсозии дастон дар як шабонарӯз

Равғани рустанӣ пӯсти дастонро зуд нарм карда, ғизо медиҳад ва аз кафидан эмин медорад.

 Ҳамворсозии дастони дурушт

Ба болои чанд қошуқи ҷави русӣ (овёс) оби сӯзон рехта, як сӯ мегузорем, то варам гарданд. Пас аз сард шудан ба он як зардии тухм ва ду қошуқ рӯғани рустанӣ ҳамроҳ намуда, дастҳоро даруни он мекунем ва 20 дақиқа нигоҳ медорем. Баъдан, бо оби ширгарм мешӯем.

 Сабзавоти муфид барои пӯсти дастон

Тамоми сабзавоти зарду сурх, масалан, каду, хуч, картошка, сабзӣ, қаламфури булғорӣ ва ғайра дорои витамини A мебошанд. Онҳо хосиятҳои муҳофизатӣ дошта, барқароркунандаи пӯст маҳсуб меёбанд.

 Пажмурдашавии пӯсти дастон

Пӯсти дастҳо пас аз 45-солагӣ тадриҷан ба пажмурдашавӣ рӯ меоранд. Ин пиршавии биологӣ ба ҳисоб меравад, ки дар сохтори пӯст тағйироти бебозгаштро ба вуҷуд оварда, хусусияти онро вайрон месозад. Пажмурдашавии пӯсти инсон, пеш аз ҳама, дар дастҳо ҳувайдо мегардад.

Барои нарм нигоҳ доштани пӯсти даст ҳама намуди равғанҳо: зайтун, бодом, кунҷит ва равғани алоэро метавонед истифода баред.

Сабаби хушкшавии пӯсти дастон

Таъсири нурҳои офтоб, шамоли сахт, сардӣ ва дигар омилҳои иқлимӣ боиси хушк шудани пӯсти даст мегарданд. Набудани ҳавои тоза дар дохили хона низ ба хушкшавии дастҳо оварда мерасонад. Истифодаи зиёди маводи шустушӯйӣ ва маҳлулҳои тозасозӣ низ ба дастҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Таҳияи МАДИНА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон