БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нигоҳубини нохун

Зебоӣ

Доштани нохунҳои солим, устувор ва зебо орзуи ҳар як бонуст. Нохунҳоро мисли тамоми узвҳои бадан нигоҳубин ва эҳтиёт мебояд. Бо ин мақсад чанд маҳсулоте мавҷуд ҳаст, ки дуруст интихоб карда, мунтазам истифода бурдан зарур аст.

 

Ниқоби аз лимў омодашударо аксар вақт барои нохунҳои заиф, шикаста ва пӯстшуда истифода мебаранд. Он нохунҳои зардшударо сафед карда, рушди барзиёди пўстҳои атрофи нохунҳоро заиф ва зебоии нохунҳоро нигоҳ медорад.

Барои мустаҳкам намудани нохунҳо намак айни муддаост. Як-ду қошуқ намакро дар як истакон оби ширгарм ҳал карда, нӯги ангуштонро дар он 15–20 дақиқа нигоҳ доред ва пасон малҳам молед.

Равғани зайтун аз витамини Е бой буда, ба афзоиш ва қавӣ гардидани нохунҳо мусоидат менамояд. Онро муддати 10–15 сония гарм карда, ба нохунҳо молида, 5–10 дақиқа масҳ кунед.

Як қошуқ шарбати лимӯро бо се қошуқ равғани зайтун омехта ва каме гарм карда, нохунҳоро муддати 10–15 дақиқа даруни он кунед.

Ҳангоми иҷрои корҳои хона ҳатман дастпӯшак пӯшед. Аз одати хоидани нохунҳо даст кашед ва ҳар рӯз малҳами рутубатдиҳанда истифода баред.

Як қошуқ асал, 2 қошуқ равғани растанӣ ва 1 тухмро бо блендер лат занед. Нӯги ангуштонро 10 дақиқа даруни он нигоҳ доред.

Бо чўткаи дандон ба ҳар як нохун андаке хамираи дандоншӯӣ молед, аммо кўшед, ки хамира ба пўсти атрофи нохунҳо нарасад. Пасон нохунҳоро бо оби ширгарм шӯед.

Ба як қошуқ равғани зайтун даҳ қатра шарбати лимӯ чаконда, ба нохунҳоятон молед.

Намакро дар оби гарм ҳал карда, ангуштонро дар он 10 - 20 дақиқа тар кунед. Нохунҳоро бояд оби шўр пурра пӯшонад.

Равғани махсус барои нохунҳоро бояд ҳар рӯз истифода баред. Чунки бо ин васила нохунҳо ва пўсти атрофи он бо ғизо таъмин ва мустаҳкам мегарданд. Ин амалро бояд рўзе ду маротиба анҷом диҳед.

Ҷурғот ва шири пухта барои нохунҳо муфиданд. Метавонед ба шир ва ё ҷурғот чанд қатра йод илова намуда, ангуштонро дар он 15–20 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан дастҳоро бо оби хунук шуста, малҳам молед.

Шир на  танҳо барои нохунҳо, балки барои пӯсти дастон низ судманд мебошад.

                                                             Таҳияи МАДИНА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон