БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тоҷикистон - давлати ташаббускори ҳифзи пиряхҳо

Хабарҳои муҳим / Слайдер / Хабарҳо

Қисмати муқаддимавии Форуми "Занон дар ҳифзи пиряхҳо"-ро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз намуда, қайд намуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим обшавии бемайлони пиряхҳо боиси нигаронии аҳли ҷомеа ва давлатҳост. Мавсуф саҳми занонро дар самти пешбурди кори соҳа ва дар умум мавзуи ҳифзи пиряхҳо арзанда арзёбӣ намуда, дар зимн аз фаъолияти бонувони пиряхшиноси кишвар ёдовар шуд, ки имрӯз сарбаландона дар пешбурди илми тоҷик заҳмат мекашанд. 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар хусуси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, қайд намуд, ки маҳз бо пешниҳоду ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон ҳамасола санаи 21 март дар сайёра чун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад. 


  

Каха Имнадзе, намояндаи махсуси СММ дар Осиёи Марказӣ зимни суханрониаш аз ташаббуси Тоҷикистон барои пайгирии мавзуҳои марбут ба обу ҳифзи пиряхҳо чун давлати дорои захираҳои азими обӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки аз натиҷаҳои кори Форум умедвориҳои зиёде дорад. 

Гулноза Бобомуродова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон