БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сафари кории Президенти кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Хабарҳои муҳим / Хабарҳо / Президенти ҶТ / Слайдер

Санаи 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти ҷараёни корҳои созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, боздиду мулоқотҳо бо мардум ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.

 
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо меҳру иродати хос, гарму самимӣ истиқбол намуданд. Президенти кишвар роҳи маркази ноҳияро, ки то нуқтаи пайвастшавӣ бо шоҳроҳи Душанбе-Кулма навсозӣ гардид, мавриди истифода қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтмони 140 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст, ки аз ин шумор аллакай 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. 
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ идома дорад ва дар ҷараёни он  ба истифода додани иншоотҳои муҳим, мулоқот бо сокинони ноҳия дар назар аст.

 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии дигари вилоят дидан намуда, санаи 27-уми  июн дар чорабинии тантанавии бошукуҳ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ширкат меварзанд.
Бо шарофати ҷашн шаҳри Хоруғ мизбони меҳмонони зиёде аз дохилу хориҷ гардидаст.
Гулноза Бобомуродова,
“Бонувони Тоҷикистон”

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон