Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Як сафару ҳазор ободӣ
Слайдер / Президенти ҶТ / ХабарҳоДар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварданд.
Дар доираи сафар дар деҳаи Умараки деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар деҳаи Зеви ин ноҳия бошад, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро, ки барои рушди тиҷорати рақамӣ, омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҳим арзёбӣ мешавад, ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ҳамзамон Сарвари давлат Хоҷагии моҳипарварии ҶДММ “Тоҷ-Корея”-ро низ мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” ба фаъолият пардохт. Комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст. Дар мавзеи сайёҳӣ зиёда аз 40 сокини деҳаи Зев бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва қайд мегардад, ки бо вусъат ёфтани кор дар иншооти сайёҳӣ, шумори коргарон ба 100 нафар расонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд. Сарвари давлат барои рушди ҳар чӣ бештари соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав, аз ҷумла таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ дар назди роҳбарияти вилоят ва вазоратҳои масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 85 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар идомаи суханронии Президенти кишвар сокинони ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун ба сухан баромада, бо арзи эҳтирому самимият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошу ғамхориҳо барои мардуми шарафманди кишвар, таъмини сулҳу субот, беҳдошти сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва дастгирии ҷавонону занон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Фарзона Восеева
Мубодила:
Шарҳҳо
