БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ваҳдат ҷашни муттаҳидии мардуми Меҳан аст

Слайдер / Сиёсат

Дер боз азме дорам, ки хома ба даст гираму дар бораи нафаре, ки кафолату замонати муътамади зиндагии шоиставу серу пурро баъди ноамнии солҳои 90-уми асри ХХ ба миллати тоҷик фароҳам овард, андешае чандро рӯи авроқ биёрам. Аз корнамоиҳои марде, ки марди роҳ шуду рӯзи сахтии миллат, масъулияти сангини ватансозиро ба гарави ҷони ҷавонаш бар дӯш гирифт, оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш кард, ормонҳои садсолаҳо нуҳуфтаи халқро қабои амал пӯшонд ва зулмоти сиёсати давронро ба субҳи умеду рӯзи нек бадал намуд.

Хотираи таърих исми ҳазорҳо сиёсатмадорони оламро дар ёд дорад, вале кам касоне дар ин лавҳи бузурги ҷаҳон хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоъро пайгирӣ намуданду даҳҳо иқдому ибтикору тадбирҳои муассир андешиданд, то мардум некуаҳволу шоду масрур зиндагии шоистаро дар гузораи умр пушти сар кунанд. Бешак, исми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар феҳристи фарзонафарзандони башар сабт шудаву намоде аз насли озодагону фарҳехтагонро дар он таҷассум менамояд.

Сарвари давлати тоҷикон дар айёми ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ аз рақибони аршади арсаҳо наҳаросида, миллати парешони худро ба ҳам оварданд, ба захми пайкараи миллат малҳам бахшиданд ва ба эъмори ҷомеаи навини тоҷикон гомҳои устувор ниҳоданд. Агарчи душманони аршади майдони сиёсат мегуфтанд, ки умри роҳбарияш беш нест, посух як буд: ҳеҷ нӯши зиндагӣ бе неш нест. Барои ҳамдилтар гардидани мардум ваҳдати миллиро фароҳам оварданду онро ба ҷашни бузурги миллӣ бадал карданд.

Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷикро аз фаноёбӣ вораҳонда, арзишҳои миллиро муқаддас хонданд, бо ҳазорҳо амали неку омӯзанда мафкурасозӣ намуданд, бо гузаштҳои сиёсии хеш овозадор шуданд, бо ғояҳои сулҳдӯстиву таҳаммулгароӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу пиряхҳо шуҳравар гаштаанд.

Чунин ташаббусҳои созандаро ҳадаф як чиз буд: ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаю мушкили дурнамои танқисӣ аз об. Имрӯзҳо коршиносони масоили сиёсию иҷтимоӣ бештар аз ҷангҳои билоэҳтимолии фаромарзӣ дар заминаи об ҳадсу фол мезананду мардуми сайёраро ҳушдор медиҳанд, аммо Пешвои тоҷикони дунё дар бораи истифодаи оқилонаи неруи об дар асоси сарфакорию тамоюл додани он ба рушду созандагӣ ҳарф мезананд, ки дар миёни ҷомеаи тараққихоҳи дунё ҳамовозию пуштибонии гарму самимиро пайдо намудааст. Тамоми ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иртибот аз арҷгузорию идроки фарҳанги гаронбаҳои ниёгони озодатабори мо шодоб аст. Чуноне ки маълум аст, қавми озодагон ба чаҳор унсури ҳастӣ - хок, бод, оташ ва об  арҷ мегузоштанд. Об кафолати рушди зироаткорию боғдорӣ ва ҳам муҳимтарин василаи рӯзгори серу пуру хотири ҷамъ шинохта мешуд. Мардуми соҳибзаковати мо обу ободиро мафҳуми ба ҳам алоқаманд мешуморанд. Ободӣ бошад, кафолати озодию рифоҳ ва сулҳу субот дар ҳар давлат аст. Ва шукр, ки Сарвари давлат ҳамчун сиёсаткори дурандешу давлатмадори тадбирҷӯ дар амри ҳифзи асолату ғановати миллӣ сарвату дороиҳои бебаҳои табиати Тоҷикистони азизро беосебу бегазанд дар нусхаи асл то бадин замон оварданд.

Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳадафҳои олиеро, амсоли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро пайгирӣ намуданду дар ин масир корҳои бузургеро анҷом доданд. Барои ояндаи дурахшони миллат ба бунёди муҳташамтарин иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» пардохтанд. Ҳар сол ба ин неругоҳи азим сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ воқиф мегарданд, то билохира, ҳамаи чархҳои неругоҳро ба кор андохта, истиқлоли комили энергетикии Тоҷикистонро фароҳам оваранд ва халқи азизи кишварро комгору бахтиёр созанд.

Аслан, падидаю рӯйдодҳо, ҳаводису воқеаҳои тақдиртоби таърихии рӯзгор, баъди гузашти фосилаи таърихие арзиши олитареро касб мекунанд. Ваҳдати миллӣ - сулҳу суботу ҳамбастагии мардуми тоҷик, ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуданд, низ аз ин сарчашмаи таърихӣ об мехӯрад. Ваҳдати миллиро то ба сатҳи як рукни ноҷудои сиёсати давлатдорӣ яклухт сохтанд, ки дар ниҳояти кор он ба ғояи миллӣ табдил ёфт.

Ҷашну суннатҳои миллии таърихии халқи озодатабори тоҷик бо иқдомҳои фарҳангсолорию бузургворонаи ӯ, бо шумули Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дар оину ойинаи имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҷилои тозааш эътибору эҳтироми дигар гирифт. Ҷашнвораҳои мазкур ҳамасола бо шукӯҳу манзалати хосса мутантану хотирмон таҷлил мешаванд, ки ба таҳкими ғояи ваҳдати миллӣ хидмати гаронарзишеро сомон медиҳанд. Ҳини таҷлили ҷашнвораҳои суннатӣ, ба вижа Наврӯзи оламафрӯз, ки бо ташаббусҳои хастагинопазири чандинсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро ба худ ихтисос дод, меҳмонони бешумори дохилу хориҷи кишвар бархӯрдор аз нӯшаи дидор бо ҳам аз кору бору шеваи рӯзгор суҳбатҳои ҷонпарвару табодули афкор менамоянд.

Дар ин ҷабҳаи ҳамгироию ҳамзистии осоишта, махсусан бонувони сарбаланди тоҷик беш аз дигарон саҳми бориз мегузоранд, чаро ки ҳосили хирмани ҳунари онҳо маъракаро рангу ҷозибаи дигар бахшида, таассуроту бардоштҳои судманде боқӣ мегузорад. Ба хотири гиромидошти заҳматҳои шабонарӯзии модарон Иди 8-уми Март таҳранги бунёдии ҷадидеро касб кард ва бо пешниҳоди Президенти мамлакат ин ҷашнвора унвони Рӯзи Модарро гирифт. Воқеан ҳам, Сарвари давлат нисбат ба намояндагони ин қишри ҷомеа ғамхориҳои рӯзафзун зоҳир намуда, баҳри боло бурдани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешида, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёдеро ба тасвиб расондаанд. Имрӯз бонувони тоҷик медонанд, ки дар ҳифзи манфиатҳои хеш аз пуштибонии ҳамвораи Пешвои миллат бархӯрдоранд. Бори аввал дар таърих ҳамчун Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани зан далел бар ин гуфтаҳост.

Эҳсоси ифтихору шукргузорӣ менамоям, ки дар хонадони чунин падари бузургвор ба воя расида, аз ӯ сабақи зиндагӣ ва ватандорӣ омӯхтаам. Чаро ки ҳарф ба ҳарф, нукта ба нукта, ҷумла ба ҷумла, банд ба банди гуфтаҳояшон моломол аз панду андарз, дастуру ҳидоятҳои созандаанд. Хомаи шогирдона ба даст боре ба васфи қиблагоҳ нигошта будам:

…Рӯзи мавлуди ту ҷашни бахту шодии ман аст, 

Ҷашни фарзандони соҳибнанги халқу меҳан аст.

Ҷашни сулҳу дӯстию ҳамдилию ваҳдат аст,

Мужда аз ободию осудагии миллат аст.

Бо ту меболам, Падар, дорам ба номат ифтихор,

Рӯзи мавлуди ту бошад рӯзи мавлуди диёр.

Раҳмон Озода Эмомалӣ,

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 57)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон