БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

Слайдер / Хабарҳои муҳим / Хабарҳо

Субҳи 11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлатро сокинон, фаъолон, аҳли фарҳангу ҳунар бо пешниҳоди барномаи мукаммали фарҳангӣ гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.

 

 Нахуст Сарвари давлат дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллӣ Гулназар Келдиро, ки дар масоҳати умумии 900 метри мураббаъ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи иншооти фарҳангию фароғатӣ идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат аст.

 

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки Гулназар Келдӣ ҳамчун шоири тавоно дар тарбияи ватандӯстии мардум нақши муассир дорад.

М.Қосим

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 36)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон