БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«320» соли ошноӣ

Ҷавонон / Слайдер

Кӯдакии мо замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гӯё асир афтод. Он ҷо мушоҳида мекардам, одамони синну соли гуногун низ гаравгонанд. Медидам, ки падару модарам дигар ҳарфе барои гуфтан надоштанд. Вақти зиёди бобоям болои ҷойнамоз сипарӣ мегашт ва мешунидам, ки дурудароз дуо хонда, вожаҳои «сулҳу амонӣ»-ро батакрор ба забон меовард. Бо шунидани калимаҳои умедбахш ҳамагӣ даст ба дуо мебардоштем…


Мо, ки ташнаи суханпардозиҳои бобо будем, аз «омин» гуфтани ӯ шод мешудем. Ӯ барои набераҳо кони афсона ва хазинаи қиссаву ҳикояҳои намакӣ буд, ки ҳар бегоҳ нақли тозае дошт. Калонсолони хонавода ҳам бозавқ шунавандаи доимӣ буданд ва фарҷоми он ривоятҳоро, ки ҳатман нек анҷом меёфт, пазмон мешуданд.

Ба мисоли афсонаҳои бобо андак-андак рӯзгори мо низ рӯ ба беҳӣ мерафт. Акнун дар чеҳраи наздикон табассумро медидам. Доимо мунтазири барномаи «Ахбор»-и телевизион, хурду бузургро ба риояи хомӯшӣ мехонданд. Падарам ба суханони таъсирбахши ҷавонмарди нуроние зиёд диққат дода, сӯи бобову амакҳоям бо аломати ризо сар меҷунбонданд. Пай мебурдам, ки ҳисси шодмонӣ доранд. Падару модари омӯзгорам, ки дар мактаби деҳа ба мактаббачагон дарс мегуфтанд, кунун бо виқор сӯи мактаб мерафтанд. Эҳсос менамудам, ки зиндагӣ кам-кам аз рангҳои зебояш бароямон навид медод.

Аз хурдӣ бо ин чеҳраи гарму самимӣ ошно шудем ва маҳз ба шарофати ӯ ба хонадони мову ҳамдеҳагон нишоту саодат раҳ ёфт. Бо мурури замон муҳаббати ба Президенти кишвар доштаамон ҳамроҳи мо бузург мешуд. Қиблагоҳам дар ҳуҷраи кориаш акси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овехта буданд ва бо меҳр, ихлосмандона ба он симои меҳрубон менигаристам. Муҳаббати қиблагоҳамро дида, бо меҳри кӯдакӣ дӯсташон доштам…

Баъди хатми мактаби миёна тариқи Квотаи президентӣ хостам ба донишгоҳе дохил шавам, вале зодмандонам боварам кунонданд, ки бояд бо дониши худ сазовори номи донишҷӯӣ гардам, зеро ниёзмандоне ҳастанд, ки мебояд бо Квотаи президентӣ ба донишгоҳ раҳ ёбанд. Ба сидқу вафои онҳо қоил шудам, ки нисбат ба давлат ва Президенти хеш эҳтироми хосса доранд.

Замони донишҷӯӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар» маскун шудам ва пайваста аз ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор будем. Дар радифи сукунат дар Муассиса бо таълиму тарбия низ фарогир будем. Директори Муассиса бонуи саршиноси кишвар Бозгул Додхудоева, дар ҳар чорабиниву ҷамъомадҳо аз корнамоиҳои Пешвои миллат, ки бевосита бо чашми сар дида буд, барои духтарон қиссаҳо мекард. Аз лаҳни гуфтори бонуи номвар дарёфтан мумкин буд, ки ба арзишҳои миллӣ ва Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди эҳтиром дорад. Доимо ба духтарон талқин мекард, ки барои самаранок истифода бурдани имконияту имтиёзҳои фароҳамомада пайваста саъй намоянд. «Бонуи тоҷик бо касбу ҳунар ва ҷасораташ дар ҷомеа бояд аз худ дарак диҳад»,- мегуфт.

Аз рӯзгори хеш хушбахту шукргузорам, ки имрӯз дар даргоҳе фаъолият дорам, ки бароям бағоят муқаддас аст, зеро муассиси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пайи фаъолияти эҷодӣ бо қаҳрамонони зиёде суҳбат оростаем, ки бо эҳсоси баланди ифтихор аз ватандорӣ аз дастоварду шукуфоӣ ва амну рифоҳи Тоҷикистон шукргузорӣ мекунанд.

Яқинам, ки аз ҳар гӯшаву канори кишвар муҳаббатномаҳои зиёди мардум ба унвонии Сарвари хирадсолор ба тавассути матбуот ва садову симо ирсол мегарданд. Ва ҳадияи беҳтарин, воқеан, муҳаббати мардум аст, ки имрӯз бар ивази ҷангу харобиҳо соҳиби Ватану фарҳангу забон ва илму маърифатанд. Аз он хушҳолам, ки ҷигарбандонам дар шароити озод, ободу ором тарбия меёбанд. Беҳтарин ганҷина барои модарон сулҳу салост, ки бо дили пуру хотири ҷамъ пайи рӯзгору фаъолиятем.

 

Мекӯшем, то фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонем. Ба гунаи мисол, дар девори манзили зистамон харитаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро мақом додаем. Болои мизи дарсии фарзандон мо Парчами миллиро ҳам ҷо додаем, то ҷигарбандон ҳар лаҳза эҳсоси ватандорӣ намоянд.

Кӯдакон навору аксҳои кишварҳои ҷангзадаро дида, тақдири минбаъдаи онҳоро фаҳмидан мехоҳанд. Бо тааҷҷуб сабаби моҷароҳоро пурсон мешаванд. Иқрор меоям, ки замоне дар кишвари мо низ чунин вазъ буд. Бо эҳсоси нобоварӣ ба ҳамдигар менигаранду аз асли воқеа фаҳмидан мехоҳанд. Аз фаъолияти пайваста, корномаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо қиссаҳо мекунам…

Соли равон аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Вале, ба назарам, гӯё «320» сол аст, ки ин чеҳраи гарму нуронӣ барои мо қарину ошност.

Бо андешаи адиби оламшумули садаи XX Расул Ҳамзатов мувофиқам, ки гуфтааст:

«Фақат ҷанг набошад, шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз Сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад»…

 Фарзона ВОСЕЕВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон