Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сафи бонувон дар ҷодаи илм меафзояд
ҶавононЧанде пеш монографияи рисола дар Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид, ки дар он вобаста ба мавзуи зикршуда маълумоти зиёд, пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд фароҳам оварда шудаанд. Дар раванди таълифи монография адабиёти муосири таълимӣ-илмӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ истифода гардидааст. Монография барои ҳуқуқшиносону иқтисодшиносон, кормандони амалия, донишҷӯён, магистрҳо, унвонҷӯён, аспирантҳо, кормандони соҳаи илм ва шахсоне, ки ба омӯзиши танзими ҳуқуқии бозори хизматрасонии фарҳангӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.
Дар асоси омӯзиши паҳлуҳои гуногуни мавзуи баррасишаванда ва такмили қонунгузорӣ дар ин бахш муаллиф дар рисола пешниҳод намудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг ва фаъолияти фарҳангӣ» қабул ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи фарҳанг» аз эътибор соқит дониста шавад. Қонуни нав бояд аз муқаррароти умумӣ, кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи фарҳанг, вазифаҳои давлат дар соҳаи фарҳанг, кормандони эҷодкор, ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, идоракунӣ ва танзими иқтисодии соҳаи фарҳанг, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг иборат бошад.
- Дар рисола ба таври васеъ оварда шудааст, ки чӣ гуна соҳибкорони ватанӣ, ки дар бахши хизматрасонии фарҳангӣ заҳмат мекашанд, метавонанд соҳибкории хешро рушд диҳанд, аз кадом ҳуқуқҳо бояд бархӯрдор бошанд, барои ривоҷи кор кадом имкониятҳои густурдаро Ҳукумати мамлакат барояшон фароҳам овардааст, - мегӯяд Рухшонабону.
Бонуи ҷавон фаъолиятро аз соли 2008 ҳамчун мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, кадр ва коргузории КВДҶ «Тоҷикагролизинг» шуруь карда, сармутахассис ва баъдан то моҳи декабри соли 2023 сардори шуъбаи мазкур ифои вазифа дошт. Дар ин миён се сол мутахассиси раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Ӯ унвонҷӯ ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз моҳи январи соли 2024 муовини сардори шуьбаи муносибатҳои байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Дар КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Рухшонабону таҷрибаи ғанӣ ҳосил намуда, баҳри дастгирии соҳибкорони хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар амалигардии қарзи иҷораи молиявии лизингӣ саҳми хешро гузошт.
- Ба маблағҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади дастгирии кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонидошта ҷудо мегардад, техника ва таҷҳизоти кишоварзиро аз хориҷи мамлакат ва коргоҳи ватании «Агротехсервис» харид намуда, ба соҳибкорон, аз ҷумла бонувон бо нархи дастрас ба насия медодем, - мегӯяд вай.
Овони фаъолият дар КВДҶ «Тоҷикагролизинг» роҳбарияти коргоҳ барои баланд бардоштани неруи зеҳнӣ ва тахассусии кормандон, бахусус ҷавонон, имконияти васеъ фароҳам овард, то дар ҷодаи илм низ сабзида, ҳамчун кадрҳои лаёқатманд дар рушди соҳа таъсиррасон бошанд. Рухшона ҳамвора аз чунин имтиёзҳо бархурдор гашта, дар радифи фаъолияти касбӣ боз дар Донишгоҳ дарс мегуфт ва ҳам рӯи рисолаи илмӣ кор мекард.
Дар ин масир модар ва ҳамсафари ҳаёташ ӯро мададгор буданд, то бонуи ҷавон ҳадафи дерини худро амалӣ созаду дар ҷодаи илм устувор гом ниҳад. Хосса, қалби бузургу сабру шикебоии модар, панду андарз ва роҳнамоиҳои ӯ барои вай дарси муҳими зиндагӣ буданд.
- Ҳастии модар барои ҳар шахс бахти бузургу домони модар биҳишти воқеии ҳар инсон аст. Маҳз дастгириҳои модари дардошноям буд, ки нақшаву орзуҳои деринамро амалӣ намудам. Модар маро дар зиндагӣ чашмаи илҳом ва намунаи олии эҳдои меҳру самимият буд, - мегӯяд мусоҳибам.
Рухшона Каримзода соҳиби чаҳор фарзанди дӯстрӯст. Тарбияи хуб ва насиҳатҳои падари накуномаш – Маҳмадӣ Каримов, ки баъди солҳои нобасомонӣ ҳамчун сардори шуъбаи пойгоҳи нақлиётии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, духтарашро дар ҳаёт пару бол мебахшид.
- Қиблагоҳам бармаҳал, дар 41-солагӣ моро тарк гуфтанд. Будани ӯ бароям беҳтарин лаҳзаҳо буд. Мудом таъкид медоштанд, ки дар маҷрои таҳсил бошему дониши худро қавӣ гардонем. «Нақшаҳои Роҳбари давлатамон барои пешрафти кишвар бузурганд, насиб, ояндаи хубе шуморо дар пеш аст», - мегуфтанд пайваста. Меҳмонхонаи моро акси бузурги Президенти мамлакат зеб медиҳад, ки он нишони муҳаббати беандозаи падар ба ҷоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Суҳбатҳои ҷонбахш ва нуктаҳои муҳими андешаҳои падар моро дар зиндагӣ раҳнамо гардиданд, - меафзояд Рухшонабону.
Хатмкардаи Литсей-интернати президентӣ барои бачагони болаёқат дар шаҳри Душанбе буда, соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро поён бурдааст. Муаллифи беш аз 15 мақолаҳои илмӣ буда, тули ин солҳо дар нашрияҳои гуногуни кишвар заҳмати қалами хешро ба забони тоҷикӣ рӯи чоп овардааст.
Вай иқрор меояд, ки дар ҳар суҳбату вохӯриҳо, вақте аз номзади илм буданаш огаҳӣ меёбанд, тавсифаш мекунанд. Зиёд мефахрад, ки бонувони тоҷик имрӯз дар ҳама ҷода муваффақанд…
Ситора АШӮРОВА