БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Боварии мардум ба ӯ зиёд аст…
Аз ҳар бобДар зиндагӣ афроде ҳастанд, ки ба суханпардозӣ моҳиранду дар амал кореро шоёни таҳсин ба субут нарасондаанд, иддае бошад, ҳаёти маъмуливу худхоҳонае мегузаронанд. Аммо, ашхосе шоиста вақти пурқимат ва ҳастии хешро бар нафъи ҷомеа нисор намуда, аз нашъаи он лаззат мебаранд, балки маънии ҳаётро ба ин васила дарёфтаанд.
Зебонисо Асоева аз зумраи нафаронест, ки ба зоеъ рафтани вақт фурсат намедиҳад, балки соату дақиқаҳои умрро бар нафъи мардум масраф месозад. Боварии мардум ба ӯ зиёд аст, ки маротибаи чаҳорум ӯро вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт интихоб намудаанд. Аз соли 2003 раиси маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳия буда, дар равшану чароғонкунонӣ ва мумфаршу бетонпӯш кардани роҳу гузаргоҳҳо, овардани хатти лӯлаҳои корезӣ ва телефон, ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри № 7, қад афроштани даҳҳо ниҳолу дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалла, ки яке аз гӯшаҳои ободу мураттаби шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, саҳми бузург дорад. Самари заҳматҳои ин бонуро метавон дар мисоли се маротиба дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин»-и шаҳри Душанбе мақоми якумро ноил гардидани он хулоса бурд.
Таъмиру тармими роҳҳои асосиро, агар масъулони МИҲД-и ноҳия сомон диҳанд, боқӣ роҳу гузаргоҳҳои маҳалларо бо мадади аҳолӣ ва соҳибкорон сементпӯш кардем. То кӯчаҳои Гузарбоғ (собиқ Гастелло) роҳҳоро тахту ҳамвор ва чароғон намудем. Солҳои пеш мошинҳои кирокаш фармоишро ба ин мавзеъ бекор мекарданд, ба иллати он ки роҳҳои хароб дорад, - баён намуд бонуи ободкор.
Дар маҳаллаи «Маърифат» 472 хоҷагӣ буда, дар он 2870 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 1786 нафари онҳо бонувонанд. Аксарият ба ҳунармандӣ номдор гашта, дар ҳамовозӣ бо раиси маҳалла баҳри ободии ин гӯшаи пойтахт камар мебанданд. Ҳар гоҳе, ки Зебонисо шанбегӣ эълон менамояд, нахустин шуда, бо аҳли хонавода ба тозагии атроф мекӯшанд ва халқ дар радифи онҳо бо ҷорубу белу каланду занбар ба тоза кардани ҷӯйборҳо, аз алафҳои бегона пок кардани канори ҷӯю роҳҳо, нарм кардани бехи дарахтон ва буридани шохаҳои барзиёди онҳо, шодобгардонии гулу ниҳолу дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ даст мезананд.
Соли равон беш аз 270 бех ниҳоли дарахт шинондем, ки 150-тои он мевадиҳанда ва боқӣ сояафкананд. Кӯдакон дар мавсими мевапазӣ аз онҳо ком ширин мекунанд. Дар ҳавлиҳои сокинон вобаста ба масоҳати замин аз 3 то 50 дарахти мева қад афроштаанд. Шахсан ба шинондани ниҳолу гулу сабзаҳо даст зада, имсол беш аз 200 ниҳоли гули садбаргро дар ҳавлӣ ва беруни он сабзондаам, - мегӯяд ӯ.
Зебонисо Асоева бо аҳли хонавода дар тамоми чорабиниҳои ноҳия ширкати фаъол дошта, дар даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷойи якум ва дар даври шаҳрии он ҷойи дувумро сазовор гаштаанд. Дар озмуни «Оилаи ҷавони беҳтарин» мақоми аввал ба фарзандони ин хонаводаи дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол лоиқ дониста шуд.
Дар маҳалла нонпазҳои беҳтарин дорем, ки дар чорабиниҳои гуногун ширкат варзида, нону кулчаву чапотиҳо мепазанд. Гулҳавас Ҳакимова ва Шамъигул Сурхакова аз зумраи бонувони ҳунарманди маҳаллаанд. Бонувоне дорем, ки дар дӯзандагиву пазандагӣ чирадастанду дар тамоми чорабиниву тӯю маъракаҳо гули сари сабад. Дар маҳалла заводи бекорхобидае буд, ки дар он коргоҳи дӯзандагӣ таъсис додем ва 27 нафар зан дар он заҳмат мекашад. Дар натиҷаи роҳандозӣ шудани нақшаи генералии сохтмони шаҳр ин қитъа бардошта шуд, аммо бонувон бекор наистода, барои дарздӯзӣ дар хона фармоиш мегиранд, хӯришҳои гуногун, шириниву нону чапотиҳо пухта, ба мағозаву ошхонаву тарабхонаҳо месупоранд. Таҳияи чолбанд дар рӯйи матоъҳо, нигину муҳразанӣ ва ороиши пироҳанҳои миллиро сомон медиҳанд ва аз ин ҳисоб даромади муайяне ба даст меоранд, - мегӯяд бону Зебонисо.
Хушнуд аст, ки сафи духтарони ба макотиби миёнаи махсус ва олӣ дохилшаванда афзуда, омори аз ҳам фурӯпошии оилаҳо коҳиш меёбад ва саҳми ӯ дар ин кор шоёни таҳсин аст. Ҳамроҳ бо Шурои маҳалла зуд-зуд ба остони хонаводаҳое пой мегузорад, ки дар ҳоли низоъ ва парокандашавианд. Бо маслиҳату раҳнамоӣ гоҳо аз дили шаб то субҳи солеҳон барои баҳамоии оилаҳои ҷавон саъй меварзад. Боре дар кӯчаи Шодиёна ҷавоне ба бемории руҳӣ гирифтор шуду ҳамсарашро, ки аз зиндагии якҷоя ду фарзанд доштанд, зиёд буғӣ мекард. Модари пири он ҷавон дар пешгирии мушкилӣ нотавон буд. Оила дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт. Бону Зебонисо ҳамроҳ бо раиси маҳалла, нозири минтақавӣ ва табибони маркази саломатӣ барои бистарикунонӣ ва табобати ҷавон кӯшиданд. Ҷавон сиҳат ёфту ба хона, ба ҳаёти осоишта баргашт.
Зебонисо Асоева дар ҳалли мушкилиҳои сокинони маҳалла то қадри имкон ёрӣ расонда, барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон, пешгирии ифрот, исрофкорӣ, боло бурдани фарҳанги аҳолӣ, пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ва ғайра корҳои зиёде анҷом медиҳад. Дар тарбияи фарзандони худ низ намуна буда, се писару ду духтарашро соҳиби маълумоти олӣ намуд. Арӯси бузурги хонадонро баъди тавлиди ду фарзанд барои таҳсил дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ раҳнамун сохт, ки баъдан ин боргоҳи таълимро бо дипломи сурх поён бурд. Арӯси дувумаш, ки тариқи шартнома ҳамагӣ як сол хонда буд, чаҳор соли таҳсили баъдиашро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуд.
Арӯси савум - хатмкардаи Омӯзишгоҳи дӯзандагӣ азм дорад, ки баъди каме калон шудани фарзандаш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шомил шуда, пешаи дӯстдоштааш - омӯзгориро касб намояд.
Ҳоло ки ҷавонанд, бояд хонанд. Корҳои рӯзгорро метавон дар як соат анҷом дод, боқӣ бояд илм омӯхта, соҳибкасб шаванд. Доимо таъкид месозам, ки хонда, ҳавонаварду кайҳоннавард шаванд. Дар ин масир роҳи онҳо боз аст ва дар симои банда метавонанд дастгиру мададгор дошта бошанд. Духтарон ва арӯсони хонавода дар баробари таҳсил ҳуҷҷатҳои ронандагиро низ дарёфтаанд. Сирри муваффақияти хонаводаи мо ҳусни тафоҳуми байни хонавода ва дастгирии ҳамдигар аст. Дар ҳама кор ҳамсари аҳли фаҳм паҳлуи ман қарор дорад. Дар лаҳзаҳои зарурӣ бо мошин баҳри равуо дар хидмат буда, арӯсони хонавода барои намоишгоҳу озмунҳо якҷоя остин барчида, ғизоҳои гуногун таҳия менамоянд, - меафзояд бону Зебонисо.
Боварии мардумро ба даст овардан барояш осон даст надодааст, танҳо бо иродаи матин, заҳмати шабонарӯзӣ, мушкилнописандӣ ва даҳҳо сифати дигар тавонистааст, ки сазовори эътимоди сокинон гашта, тимсоли инсони некхоҳу ташаббускор миёни онҳо пазируфта шавад.
Ситора АШӮРОВА