БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ақл ногаҳон коста намешавад!

Аз ҳар боб

     Табиби маъруф ва равоншиноси шинохтаи рус академик Владимир Бехтерев, ки умри худро ба омӯзиши мағзи сар бахшидааст, гуфтааст, ки ҳамагӣ 20 дарсади одамон бе гум кардани ақли солимашон аз дунё мегузаранд. Аксаран дар пирӣ ба истилоҳ «соддалавҳ» мешаванд ва аз рафторҳояшон мегӯем, ки «мисли кӯдак шудааст». Ба гуфтаи ин олим 80 фоизи одамон ба бемориҳои саратон, Алсгеймер, бемории Паркинсон дучор омада, ё дар пиронсолӣ аз дарди устухонҳо азият мекашанд. Пас, чӣ бояд кард, ки ба гурӯҳи ҳамон 20 дарсадбудаҳо шомил шуд?

    Табиист, ки бо гузашти солҳо худро ба танбалӣ медиҳем. Мегӯем, ки дар ҷавонӣ хуб заҳмат кашидем, акнун бас аст, бояд роҳат кунем. Вале, набояд чунин бошад! Чӣ қадаре истироҳатро бештару ҳаракатро кам  кунем, ҳамон қадар ба саломатии худ зиён мерасонем. Яъне, зиндагӣ ин ҳаракат аст! Бидуни ҳаракат ва одат кардан ба танбалӣ дараҷаи талабу даъво нисбат ба зиндагӣ ва дигарон зиёд шуда, ғазабӣ ва асабоният дар вуҷуди инсон боло мегирад. Гоҳе аз идора карда натавонистани ҳаяҷон шахс бехабар аз он мемонад, ки золим гаштааст. Бо ғазабнокию дуруштгуфторӣ зулм ба атрофиён мекунад. Аз ин қобилияти хотира заиф гашта, тафаккур азият мекашад. Ин ҳолат инсонро аз ҷаҳони воқеият, яъне аз тамос бо дигарон дур менамояд.  

    Костагии ақл ҳеҷ гоҳ ногаҳон ба вуҷуд намеояд. Ин ҳолат девонагӣ ё бемории рӯҳӣ нест. Ақлро бо омӯзиш ва ҳаракатҳои доимӣ тақвият бояд дод.

   Собит шудааст, ки афроде зеҳни худро то пиронсолӣ нигоҳ медоранд, ки маъмулан аҳли илму ҳунаранд, яъне шахсонеанд, ки кори ҳаррӯзаи ақлониро анҷом медиҳанд. Ба истилоҳ онҳо пайваста ангушти худро дар набзи ҳаёти муосир нигоҳ медоранд, аз тамоюлҳои нав огоҳанд. Ҳаракати доимию ҳамқадам бо замона будан гарави умри хушбахтона аст.

Чанд маслиҳат:

1. Ҳар ду-се сол ба омӯхтани чизе шурӯъ кунед. Албатта, ба шумо лозим нест, ки ба коллеҷ равед ва маълумоти сеюм, ё ҳатто чорум гиред. Аммо шумо метавонед аз курси кутоҳмуддати омӯзишӣ гузаред, ё касби комилан навро омӯзед. Ба масале, ки «Шогирд дар назари Худо донотар мешавад, вале дар назари мардум ҷавонтар мешавад!».

2. Худро дар иҳотаи ҷавонон гиред. Аз онҳо шумо метавонед ҳамеша ҳама гуна чизҳои наву муфидро омӯзед, ки ба шумо барои ҳамеша чун шахси замонавӣ мондан кӯмак мекунад.

3. Зуд-зуд ҳар гуна санҷишҳои фаннӣ супоред, хушбахтона, дар шабакаҳои интернетӣ чунин санҷишҳо зиёданд.

4. Доимо забонҳои хориҷиро омӯзед. Ҳатто агар шумо бо онҳо гап назанед ва забонро дуруст наомӯзед ҳам, зарурати мунтазам аз ёд кардани калимаҳои нав ба ҳар ҳол ба омӯзонидани хотираатон кӯмак мекунад.

5. Китобҳои дарсии куҳнаи худро берун оред ва давра ба давра барномаи таълимии мактаб ва донишгоҳии худро аз назар гузаронед.

6. Ба варзиш машғул шавед. 

7. Хотираи худро зуд-зуд машқ диҳед, худро маҷбур кунед, ки шеърҳои як вақтҳо аз ёд медонистаатон, барномаҳои дар донишгоҳ омӯхтаатон, рақамҳои телефонҳои дӯстони пешин ва ғайраро ба хотир оред.

8. Чӣ қадаре ки рӯзи ояндаи шумо аз рӯзи қаблӣ фарқ кунад, ҳамон қадар эҳтимоли дармонда шуданатон камтар мешавад. Кореро кунед, ки қаблан ҳеҷ гоҳ карда натавонистед.

9. Ба дигарон озодии бештар диҳед ва ба қадри имкон худатон кор кунед. Чӣ қадаре ки эҷодкорӣ бештар бошад, ҳамон қадар шумо ақл ва зеҳни худро нигоҳ медоред!

                                                                                   Таҳияи АНОҲИТО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон