БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Падидаҳои истиқлоли давлатӣ
Аз ҳар бобТанҳо дар муддати ду соли охир дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 60 корхона ва коргоҳҳои тавлидотӣ, назири «Суман», «Сандал» ва «Баҳори ишқ» арзи вуҷуд кардаанд, ки бо истеҳсол ва пешниҳоди моли хушсифат дар бозор мавқеъ ва муштариёни зиёд пайдо намудаанд.
Ороиш аз санги хоро
Бадахшон на фақат аз лиҳози сарватҳои табиии зеризаминӣ бой буда, «хазинаи тиллоӣ» ном гирифтааст, ҳамчунин макони намуди зиёди сангҳои ҷавоҳир ва ороишӣ асту коркарди онҳо метавонад ба манбаи муҳими даромад ба буҷети давлат табдил ёбад. Дар доираи рушди саноати кӯҳкорӣ солҳои охир коркарди санги мармар роҳандозӣ шуда, маҳсулоти тайёрро дар ороиши биноҳо ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар ба таври фаровон дидан мумкин аст.
Дар баробари мармар, дар Бадахшон захираи зиёди санги хоро мавҷуд буда, корхонаи истеҳсолии «Суман» ба коркарди он сару кор гирифтааст. Ба гуфтаи соҳибкор Эдӣ Фароғатов, ки бо ташаббуси ӯ ин корхона ташкил ёфтааст, дар Бадахшон беш аз 30 намуди санги хоро ва захираи фаровони он мавҷуд буда, маҳсулоти аз хоросанг тайёршуда барои зебо ва сахту мустаҳкам будан талабгорони зиёд дорад.
Аз варақсангҳои зебо ва суфта, ки соҳибкор дар таҷҳизоти хариднамуда ва дар ҳавлиашон насбкарда, дар ҳамдастӣ бо чанд ҷавони болаёқат хоросанг тайёр менамуданд. Бори аввал варақсангҳои онҳо дар ороиш додани роҳравҳо ва саҳни бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ истифода шуданд.
Ороиш аз сангҳои табиӣ, ки зебову босифат буда, бо релйефи маҳал ҳамрангу ҳамбастагӣ ва тобиши хос дорад, аз ҷониби идораву муассисаҳои давлатӣ ва афроди хусусӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб намуд. Вақте ки сохтмони бинои театри вилоятӣ оғоз ёфт, мудирияти сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти вилоятӣ барои ороиш додани ин бинои боҳашамат ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ба соҳибкор ҳаҷми зиёди масолеҳи сохтмонии аз хоросанг тайёршуда фармоиш доданд.
Чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бесобиқа ба истифода бурдани масолеҳи сохтмонии истеҳсоли маҳаллӣ дар сохтмон ва ороиш додани иншооти сохташаванда, ки истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулотро талаб мекард, ба фаъолияти соҳибкори инфиродӣ такони бузург бахшиду баъдан, ба фикри таъсиси корхона афтод. Ин нияти соҳибкор амалӣ гардиду моҳи августи соли 2023 дар ҳузури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Теми Хоруғ ба фаъолияти корхонаи коркарди санги «Суман» оғоз бахшида шуд. Корхона дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмониро истеҳсол ва пешниҳод менамояд. Дар корхона бо истифода аз технологияи навтарин коркарди 8 намуди санги хоро ва 3 намуди мармар ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона барои ороиши биноҳо, роҳравҳо, кӯча ва хиёбонҳо ба таври фаровон истифода мегардад.
Иншоот мустаҳкам ва барои садсолаҳо қомат меафрозанд. Бо назардошти таҳдиди хатари сейсмологӣ биноҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо сифати баланд сохта мешаванду ба масолеҳи аз санги хоро тайёршуда, ки босифату мустаҳкам мебошад, талабот зиёд аст. Дар баробари ороиш додани саҳну камари биноҳо сохтмончиён дар роҳравҳои гирду атрофашон зинапояҳо низ аз варақсангҳои хоро сохта мебаранд. Хушбахтона, аз ҷониби идораҳои сохтмонӣ ва харидорони инфиродӣ ҳаҷми фармоиш сол ба сол меафзояд, - изҳор дошт соҳибкор.
Дар баробари тахтасангҳои андоза ва рангҳои гуногундошта дар корхона мизу курсӣ, пештиреза, таҷҳизот барои ошхона ва гармоба ба муштариён пешниҳод мегарданд. Ба ҷуз аз муштариёни дохили кишвар, соҳибкорон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Чин ва Афғонистон ба маҳсулоти корхона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шартномаҳо баста шуданду «Суман» тасмим дорад, ки бо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот боз як намуди моли хушсифати «Made in Tajikistsn»-ро, ки атои табиат ва офариниши дастони муъҷизакори коргарону мутахассисони тоҷик мебошад, ба хориҷи кишвар содир намояд.
Брендҳои Milano ва Euro аз «Баҳори ишқ»
Дӯхти либосҳои мактабӣ дар вилоят нисбат ба солҳои гузашта панҷ маротиба афзоиш ёфта, дар давоми ним соли равон корхонаҳои дӯзандагӣ ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 73 дарсад зиёд мебошад. Ин нуктаро раиси вилоят Мирзонабот Алишер дар нишасти матбуотӣ тазаккур дод.
«Баҳори ишқ» яке аз корхонаҳои дӯзандагиест, ки маҳсулоти хушсифати чеварони гулдасти он бозоргир буда, бахусус дар остонаи соли таҳсил мағозаҳои фурӯши моли корхона серодаманд. Дар ин ҷо талабагон бо зодмандон аз шаҳру ноҳияҳои наздик ба маркази вилоят меоянд, ки мувофиқи андоза ва завқи фарзандон либоси мактабӣ интихоб мекунанд.
Сифати либосҳои мактабӣ хуб асту ба тани ҳар талабае, ки харидорӣ мекунад, шинаму зебанда. Нархашон низ он қадар гарон нест. Азбаски писарам бузургҷусса аст, андозаи заруриро пайдо накардем. Вале ин мушкилро зуд ҳал намуданд. Дар мағоза устои андозагар қаду бари писарамонро бодиққат чен карда, андоза гирифтанд ва пас аз се рӯз либоси мактабии дилхоҳамонро тайёр намуданд. Аз чунин тарзи хизматрасонӣ ва моли босифат қаноатмандем, - баён дошт сокини ноҳияи Шуғнон Дилрабо Раҷаббекова.
Ба «Баҳори ишк» бонуи соҳибзавқу хушкор ва ташаббускору мушкилписанд Шамсия Седшоева роҳбарӣ мекунад. Барои ба низом даровардани ҷараёни истеҳсолии корхона Шамсия нозукиҳои касби дӯзандагиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, Фарғонаву Тошканд омӯхт. Ба ӯ муяссар гардид, ки чеварони чирадасти собиқадорро, ки хонашинӣ ихтиёр карда буданд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд ва ба кор ҷалб намояд. Дар баробари мактабиён, боғчаҳои бачагонаи шаҳр ба корхона либос фармоиш доданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо либоси махсус барои низомиён, коргарон ва кормандони идораву муассисаҳо тайёр менамоянду корхона муштариёни зиёди худро дорад.
Дар коргоҳ, дар баробари омӯзиши пайваста ва сайкал додани маҳорату малакаи ҳунармандон, муҳайё сохтани ашёи хоми босифатро кафили муваффақияти истеҳсолӣ мешуморанд. Ба гуфтаи Шамсия, либоси мактабии босифату бадошт аз матоъҳое дӯхта мешавад, ки дар таркибаш на камтар аз 20 фоиз нахи пахта дорад. Муштариёни костум, ҳамчунин, метавонанд, мувофиқи завқу хоҳиш ва имкониятҳои молиявиашон дар ин ҷо бренди Milano ва Еuro фармоиш диҳанд.
Тавлиди моли босифат маҳсули кори коллективӣ асту ҳар чевар вазифаи ба худаш супурдаро, ки дар он маҳорату малакаи дастонаш сайқал ёфтаанд, иҷро менамояд. Яке гиребон, дигаре остин ва савумӣ тугмаҳоро медӯзаду ин ҳаракатҳо зери назорати ҷиддии муҳандиси технологӣ ва ороишгар сомон меёбанд. Мушкилоти дӯзандагон дар вилоят он буд, ки одатан як нафар саропо костумро пурра медӯхт, ки на ҳамеша босифат меомад. Мо дар корхона раванди технологии истеҳсоли молро ба роҳ мондем ва натиҷаҳои хуб ба даст омаданд, - изҳор дошт Ш. Седшоева.
Дар ин рӯзҳо писараш Дилдорбек, хатмкунандаи Донишгоҳи тиҷорати Варшава, ба ёрии модар шитофтааст. Мехоҳад донишашро дар амал татбиқ созаду дар вусъати тиҷорати корхонаи дӯзандагӣ саҳм бигирад ва сипас, таҳсилро дар аспирантура идома диҳад.
Либоси зеборо пойафзоли зебо мезебад
Либоси зебои мардонаву занонаро туфлии зебо мебояд. Акнун муштариён дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имкон доранд, ки пойафзоли босифат ва андозаи дилхоҳашонро барои ниёзи худу фарзандони мактабхонашон дар корхонаи пойафзолбарории маҳаллӣ фармоиш диҳанд.
Соле қабл дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи пойафзолбарории «Сандал» ифтитоҳ бахшиданд ва бо шароити кор ва сифати маҳсулоти корхона баҳои баланд дода, дар минтақаи дурдасти кишвар ба истифода додани чунин корхонаро заминаи хуби панҷ соли рушди соҳаи саноат арзёбӣ намуданд. Дар корхона 20 нафар ба шуғл фаро гирифта шуда, бештари кормандон бонувонанд. Ҳадафи корхона бо моли хуби ватанӣ иваз намудани ҷойи маҳсулоти воридотӣ ва пешкаш намудани моли арзону босифат ба муштариён мебошад. Корхона дар ин самт дастовардҳо дорад.
Дар доираи саноатикунонии кишвар дар маҳали Якҷилваи ноҳияи Мурғоб корхонаи коркарди нуқра ба фаъолият оғоз намуда, яке аз калонтарин супорандагони андоз ба буҷети давлат дар ноҳия маҳсуб меёбад. Ба маълумоти масъулини мақомоти вилоятӣ дар ноҳияи Ишкошим корҳои омодагӣ барои бунёди корхонаи истеҳсоли литий оғоз ёфтаанд. Фулузи камёфти литий дар неругоҳҳои барқии офтобӣ ва электромобилҳо ба таври фаровон истифода бурда мешавад. Ба гуфтаи геологҳо бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхона Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин содиркунандаи фулузоти камёфт дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон табдил меёбад.
М. ШОҲҶАМОЛ, шаҳри Хоруғ