БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳаббате, ки дар шарёни ҳафт пуштам ҷорӣ хоҳад шуд

Аз ҳар боб

 Мехостам меҳрномаи ҷигаргӯшаамро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варақи сафед бинвисам, ки он муҳаббати миллионҳо нафар тоҷику тоҷикистонӣ ба ин абармарди миллат аст.

Аз он ки муассиси маҷаллаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон» Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, шояд ишораи писарам бар он буд, ки ман-корманди ин маҷалла, ҳамкор бо Сарвари давлат ҳастам. Аз ин рӯ, боре пурсид:

- «Оча, шумо метавонед маро бо Президентамон аз наздик шинос кунед?»

Пурсидам, ки чӣ ҳарфе ба Президент дорӣ? Ва чаро бояд аз наздик Президентро бубинӣ?

- Ҳеҷ гапе надорам ва танҳо ҳаминро мехоҳам, ки сахт оғӯшашон гирам. Дӯсташон медорам! Ва орзуям ин аст, ки боре рӯ ба рӯ бо Президент вохӯрӣ дошта бошам, - гуфт Каюмарс.

 

Ба ростӣ, бемуболиға, ончунон ин суханон дар гӯшам садо доданд, ки ба қавле дар баданам «мурғак» дамид. Ин лаҳзаҳо, агар имкон медоштам, аз дасти ҷигарбандам гирифта, аз пайи амалӣ намудани орзуяш мешудам. Зеро, табиист, ҳар падару модар як умр дар талоши ба қуллаи мақсад расондани фарзандон аст ва ман он лаҳза дар чунин ҳолат будам, ки роҳеро пешорӯям боз бинам, то моро рост ба назди Президентамон бубарад.

Мо, зодагони замони шуравӣ, ки дар айни камолот шоҳиди бархӯрдҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар будем ва ба рӯзҳои нек расидану амалӣ гардидани орзуҳои деринтизорамонро аз қадами мубораки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем. Як кишваре, ки дар коми оташи ноумедӣ фурӯ рафтаву ҷаҳолат ҳукмфармояш гашта буд, пеши чашмонамон дар муддати на чандон тулонӣ ба давлати рӯ ба инкишоф мубаддал гардид.

Қомат афрохтани зеботарин ва баландтарин биноҳои бисёрқабатаи замонавии истиқоматӣ, бунёди хуштарҳи муассисаю вазорату кумитаҳо, ба истифода додани дарозтарин роҳҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ба кор шуруъ кардани корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ ва ба кор андохтани муҳимтарин иншооти аср – НБО «Роғун», аз зумраи садҳо навовариҳои замони соҳибистиқлолист, шоҳиди аслиашон мо, яъне насли пешин ҳастем. Ва дирӯзу имрӯзро метавонем ба ҳам муқоиса созему беиштибоҳ баҳо диҳем.

Бо тақозои касби журналистӣ бо одамони касбу кори гуногун ҳамсуҳбат мешавам, ки бо аксари онҳо ҳамсолу ҳамзамон ҳастам. Онҳо ёд аз давраи ҷавонӣ намуда, бо таассуф мегӯянд:

- «Нооромиҳои солҳои 90-ум боис шуд, ки ба муроди дил нарасидам. Вагарна…».

Воқеан, ҳар ҷавони он давр муродеро дар дил чун ниҳолаки наврустае мепарварид, ки он мебоист об аз чашмаи оромию осудагӣ мехӯрд ва ба воя мерасид. Вале на ҳар ҷавони давр ба осонӣ ба орзуҳои худ муяссар гашт. Яке дар нимароҳи қуллаҳои муродаш, номурод гардид, дигаре қурбони тири нохалафе шуд. Хушбахтона, бархе дар зери партави сулҳу амонӣ ва осудагию оромии Ватани азиз аз пайи амалӣ намудани орзуҳои ҷавонии худ аст.

Имрӯз сулҳу ваҳдат дар кишвар тантана доранд. Ободию осоиштагӣ, сабзу хуррамии кӯчаю хиёбонҳои ҳар гӯшаи диёр, ки асосгузорашон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, шуълаи муҳаббатро дар қалби ҳар фарди мамлакат ба Сарвари худогоҳу меҳандӯсташ афрӯхтаанд. Ҳама дӯсташ медоранд Пешвои худро ва ба қавле аз тифли ҳафтрӯза то пири ҳафтодсола. Ин аст, ки имрӯз ҳар тифле, ки акнун сухан гуфтанро омӯхтааст, ишора ба акси Президент намуда, бо муҳаббати хоса «бобо» мегӯяд. Ё пири солхӯрдае аз рӯйи сидқу муҳаббат даст ба дуо бардошта, таманнои солимию бардамии Раҳбари дилогоҳи мардум ва ободию амонии Ватанро менамояд.

Агарчи бароям амалӣ сохтани орзуи ҷигарбандам даст надодааст, иқдоме дорам, ки Рӯзи Президент­ро чун анъанаи хонаводагӣ, ба мисли Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар муҳити оила бошукӯҳу тантана ид хоҳем кард. Оростани дастархон ва ширин намудани даҳони фарзандон бо кулчақандҳо дар ин рӯзи мубораку тақдирсоз чун туҳфае аз Сарвари давлат барояшон хоҳад шуд. Дастархони пурнозу неъмат ва ширинии коми ҳар тоҷикистонӣ маҳз аз дастоварди бузурги миллат, яъне Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки онро Президенти кишвар бо сарҷамъии мардум ба насли имрӯзу фардо тақдим намудааст.

Бовар дорам, ба ҳамин тариқ дар шарёни нури чашмон муҳаббат ба Ватан ва меҳр ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷорӣ метавон кард.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон