Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ҚАДРИ НОН
Аз ҳар бобПорӯбро ба партовгоҳ бурдам, ки дидам рӯи барф ними ноне ҳавола аст. Онро аз замин бардоштам, чунон хушкида буд, мисли санг. Ба қуттии зубола партофтам. Пушт гардонда, роҳакӣ шудам, ки аз пас дашноме шунидам обдор. Баргаштаму дидам, ки мӯйсафеде солор хам шуда, қуттиро такурӯ дорад. Оворагард!? - андешидам ба худ, - На, нашояд. Либоси озода дорад. Чаро қуттии партов мекобад?
Пирамард нони ҳаволадодаи маро аз қуттӣ ёфту онро пуфе кард ва боэҳтиёт даруни халта андохт.
- Аҷаб марде! – аз дил гузарондаму ба сӯи зистгоҳ рафтам.
Рӯзи дигар пирамардро дар истгоҳ дидам. Аз халта мағзпораҳои нонро мебароварду сӯи парандаҳо ҳаво медод. Паҳлуи ӯ ба харак нишастам.
- Зимистон бе ғизо барояшон мушкил аст, метавонанд бимиранд, - баъди андаке сукут бо садои паст гуфт пирамард. – Ҳеҷ гоҳ намеандешидам, ки рӯзе мешавад инсонҳо нонро бад-ин сон беқадр мекунанд. Ҳар рӯз аз кӯчаҳо, аз партовҳо нону нонрезаҳоро ҷамъ меорам. Солҳои охир ҳар куҷо тупи нонпораҳоро дидам, ки касеро ба онҳо коре нест. Тупи нонпораҳоро, - гӯён ба андеша фурӯ рафт, - Ба модарам қадре аз он нарасид, танҳо қадре…
Ларзаи сабуке баданамро печид. Лол нишаста, аз дастони шахшӯл, доғи пирӣ доштаи пирамард чашм намекандам, ки пайваста аз халта мағзпораҳо мебароварду сӯи парандаҳо ҳавола мекард. Ҳатто пай набурдам, ки автобуси ман чи гуна расиду чи гуна нопадид гашт. Аз чӣ бошад, ки мехостам садояш, гуфтаҳояшро шунавам. Хаёлам, ки тамоми умр ӯро мешиносам.
- Он овон моро аз макони хафв ба ҷойи осуда мекӯчонданд. Дар қатора тайи чанд рӯз ба самти номаълум мерафтем. Ман 8-сола, бародарам Саша ҳамагӣ 6 моҳ дошт. Модар ҳардуи моро сахт ба оғӯш мегирифт, ки гарм шавем. Сардӣ бағоят шадид буд. Аз хӯрданӣ қариб чизе надоштем. Ҳар як пораи нони хушкро модар ду ҳисса мекард ва ҳамонеро, ки бузургтар буд, ба ман медод, ҳиссаи дигарро мехоиду ба даҳони Саша мениҳод, мисли ана ин зоғ, - гуфт пирамард.
Ба сӯи ишоракардааш нигаристам, воқеан зоғе бузургтар ба зоғи хурде аз минқораш мағз медод. Мӯйсафед пораи калони нонеро сӯяш ҳаво дод ва ба нақл идома дод:
- Моро бомбаборон карданд, нисфи қатора харобу валангор шуд. Намедонистам дар куҷоем, атроф бешазору саҳрои барфпӯш. Бисёриҳо кушта шуданд, бархе наздиконашонро зери барф гӯронданд, боқӣ ҳар сӯ, ба самтҳои номаълум рафтанд. Модарам тифлро рӯи даст гирифту ман паҳлуяш сӯи бешазор раҳ гирифтем. Роҳи дарозу тулоние паймудем. Аз гуруснагӣ барф мехӯрдем. Модарам мегуфт, ки ин шӯлаи сафедаки лазиз аст. Баъд охирин тикаи нони хушк ҳам адо шуд. Баъд… модарам дигар бедор нашуд… Дарк кардам, ки бояд наистам, пеш равам… Додарамро рӯи даст гирифтаму дурудароз рафтаму рафтам…
Ёд дорам, ки чи гуна бо кӯдак ба замин афтидам. Хаёлам бо ҳамин тамом... Ба Саша нигаристам, ки бо табассум сӯе нигоҳ дошт. Тамоми қувваро ҷамъ ва он сӯ назар афкандам. Саге дидам бадҳайбат. Аз куҷо медонистам, ки он на саг, балки гурге буд. Наздик шуд, моро бӯй кашид ва як дафъа гирдамон чарх зад. Саша ҷониби ӯ даст дароз кард. Дар умқи чашмонаш чизе ошно дарёфтам. Гург сӯе рафту сар ҷониби мо кард, мисле ки мехост дунболи ӯ равем. Ҳайронам, ки чӣ неруе маро водор кард, то кӯдакро бардораму раҳ паймоям. Ду мазраа пушти сар шуд, ки дидам аз пеш деҳае намоён аст. Афтидаму дигар чизеро ёд надорам. Ба ҳуш омадам, ки касе сарамро навозиш дорад. Модар, модарҷон! На, ӯ модарам набуд. Паҳлуям зане нишаста, бо малҳаме баданамро масҳ мекард. Саша даруни гаҳвора суроҳӣ ба даст шир мехӯрд. Ба худ омадаму саргузаштамро қисса кардам. Мутаассир, табассуме карду гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар деҳ ва атрофи он касе гургеро надидааст. Ин зан моро сарпаноҳ ва модар шуд. Лек ман чанд муддат пораҳои нонро зери кат пинҳон мекардам, ба умеде, ки рӯзе модарам меояду ӯро ба серӣ нон медиҳам.
- Охирин автобус! – шунидам садое. Дунболи автобус тозон шудаму ба ақиб нигариста, хостам сӯи мӯйсафед даст афшонам. Лек ӯро надидам. Раҳораҳ аз қиссаи ҷигарсӯзи пирамард андешидам ва бори аввал дар ҳаётам ба нон эҳтиромро эҳсос кардам.
Пас аз ин, ҳар куҷо нони хушке, нонпорае меёфтам, ҷамъ мекардаму тар карда, ба парандаҳо медодам. Як замоне нонро волотар аз ҳама чиз медонистанд. Умедворам, ки инсонҳо ба қадри нон мерасанд ва дигар тикае аз онро миёни зуболаву партовҳо намебинам.
Игор Шихов,
Аз русӣ тарҷумаи Ситора Ашӯрова