Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо роҳнамоии падар
Аз ҳар бобСитора пушти мошини дарздӯзӣ нишаста, ба рӯйи матои шоҳӣ гул мепартофт. Барои ҳамсоядухтар, ки чанд рӯзе пас арӯсӣ дошт, куртаи попурӣ медӯхт. Лаҳзаҳои ворид шудан ба олами ҳунар, ӯро ба дунёи хаёлоти рангин мебаранду неруи муҳаббат ба пешаро дар вуҷудаш меафзоянд.
Замоне, ки Ситораро шавҳари муҳоҷираш барои зисти муваққатӣ ба кишвари Россия бурд, эҳсоси мушкили молию иқтисодии рӯзгор ва азобу машаққати ҳамсари мардикораш оромаш нагузошт. Дар шаҳри ғарибӣ талош намуд, то дар баробари шавҳар дастмуздеро пайдо созад. Бо ҳамсоязанҳои ҳаммиллаташ, ки мисли ӯ дур аз Ватан ва ба хотири дарёфти қути лоямут ҳамроҳи аҳли хонавода муҳоҷиратро интихоб намуда буданд, гоҳе бо либоси миллӣ ба сайругашт ё меҳмони хонадони ҳамдигар мешуданд.
Ҳунари овони наврасӣ омӯхтаам дар либоси духтарчаҳоям намудор шуд, ки бо дастони худ барояшон куртачаҳои миллӣ дӯхта будам. Ба танашон хеле шинаму зебо буда, завқи мизоҷони дар мусофиратбударо ба либоси тоҷикӣ бедор кард. Ҳаводорони ҳунарам афзуданд. Бонувони тоҷик дар мусофират ҳаваси пӯшидани куртаҳои тоҷикӣ доштанд. Бо фармоишашон ҳунари нуҳуфтаро чархондам, - мегӯяд Ситора Шоева.
Модари Ситора аз аҳли ҳунар буд. Анҷом додани корҳои рӯзгордорӣ, тарбияи фарзандон ва сариштаи меҳмонон намегузошт, то лаҳзае ҳунари аз бибӣ омӯхтаро, яъне тоқидӯзиро ба кор дарорад. Вале миёни духтарони хонадон шавқу рағбати вай ба ҳунарандӯзӣ бештар буд, ки ин аз чашми падар дур намонд. Талошаш баҳри омӯхтани ҳунар ӯро ба бонувони ҳунарманди маҳал ва холаҳои чевараш наздиктар мекард. Инро дида, падар тамоми лавозимоти ҳунармандиро ба духтари ташнаи ҳунар муҳайё сохт. Риштаю сӯзан ва ниҳоят мошини дарздӯзӣ барояш харид.
Модар аз ҳунарҳои зиёди қадима, ба мисоли тоқидӯзӣ, гулдӯзию қӯроқдӯзӣ бархӯрдор аст. Аз он ки падар коргаранд, меҳмондориро хуб меписанданд ва ҳамеша хонадонамон пур аз ёру дӯстони падар мебошад. Шояд серкории модар боис шуд, ки натавонистем аз ҳунарҳояш ба худ мерос бигирем. Баръакс, падар ва холаам дар омӯхтани ҳунар маро талқин менамуданд.
Шояд барои аксар ҳайратовар бошад, вақте падар барои ҳунарманд гаштани духтар роҳнамо бошад. Воқеан, дастгириҳои падар маро дар олами ҳунар муаррифӣ намуд. Агарчи чун дигар духтарони деҳ орзуи пизишк шуданро дар дил мепарваридам, бароям муяссар нашуд, ки ба мурод расам. Шукр, ки имрӯз ҳунар обрӯю эътибор ва ободии рӯзгорам гаштааст, - иброз медорад бонуи соҳибкасб.
Ситора, воқеан ҳам, чун чевари номӣ дар деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод маъруф буда, ҳамчунин, кадбонуи чирадаст мебошад. Аз он ки бародараш Маҳдихӯҷа Шоев Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро дар ноҳия таъсис намуд, инчунин, дар 5 гектар замин боғ бунёд кард. Ҳадафи роҳбари Ассотсиатсия дар ҳамкорӣ бо 10 хоҷагии деҳқонӣ равнақ додани соҳаи кишоварзӣ ва барои фурӯш омода намудани хушкмеваҳо мебошад.
Соли гузашта дар назди Ассотсиатсия корхонаи хурди мевахушккунӣ ба кор андохта шуд, ки дар оғози фаъолият аз меваҳои гуногуни аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъовардашуда беш аз 8 тонна хушк карда шуд. Хушкмеваҳои дар гармхонаҳои махсуси ба талаботи замон ҷавобгӯ омодашуда дар асоси шартнома бо мағоза ва бозорҳои шаҳру ноҳияҳо дар фурӯш мебошанд. Роҳбари Ассотсиатсия тасмим гирифтааст, ки аз мутахассисони корозмудаи ноҳияи Исфара тарзи дурусти омода намудани хушкмеваро омӯзонда, онро ба хориҷи кишвар содирот намояд.
Самти дигари корхона омода намудани нӯшобаҳо, мураббою шарбат аз меваҳои тару тоза мебошад. Тоҷикобод минтақаи мусоид барои парвариши мева аст, аз ин хотир истифода намудан аз ин усули захирасозӣ ба манфиати кор буда, мева талаф наёфта, бозори дохилӣ аз маҳсулоти маҳаллӣ фаровон мегардад. Дар мавсими мевапазӣ дар баробари пухта расидани меваҳои гуногуни минтақа, ҳамчунин, роҳбарият аз ноҳияҳои Мастчоҳу Исфара зардолу ворид менамояд, ки аз он ҳам шарбату мураббо ва ҳам хушкмева тайёр мекунем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ҳамчунин, Ситорабону Шоева ба кишоварзию боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ шуғл дошта, ҳосили фаровони меваю сабзавоти аз замини наздиҳавлигӣ ҷамъовардаашро пешкаши истеъмолгарон менамояд. Шонздаҳ оилаи занбӯр, ки ба нигоҳубинаш сарукор дорад, хонаводаро бо асали тозаи табиӣ таъмин мекунад.
Ситора мегӯяд, ки баъзеҳо суол аз мушкили кори дӯзандагӣ мекунанд ва маслиҳаташ медиҳанд, то пайвастагӣ аз ин шуғлро як тараф гузорад. Зеро ин ҳунар диққати зиёдро тақозо менамояду боиси хастагии асабҳо мегардад. Ситора баръакс, оромию осудагии руҳу асабро дар шуғл варзидан ба дӯзандагӣ ҳисобида, духтаронаш Хадичаю Фотимаро, ки ҳанӯз 12-солаанд, ба ҳунарандӯзӣ ҷалб намудааст.
Мавсими захирасозии меваю сабзавот як давраест, ки зуд сипарӣ мегардад. Ҳунар кори доимӣ буда, ҳамеша мизоҷ дораду серхаридор аст. Бо фармоиши навхонадорон оғоз аз кӯрпаю кӯрпача ва рахти хоб, тамоми ҷиҳозро омода менамоям. Ободии рӯзгору сарфарозиам аз ҳунар аст, - боифтихор меафзояд бонуи ҳунар.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Тоҷикобод-Душанбе