БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Мафҳуми «номумкин» дар луғатномаам ҷой надорад

Аз ҳар боб

  Дидор бо Кристина, сокини шаҳри Екатеринбург, ки ҳамшираи шафқат асту соли дувум дар Маркази солимгардонии «Сафия»-и шаҳри Душанбе ҳамчун масҳгар фаъолият дорад, дар арафаи Соли Нав даст дод. Симои гарму самимӣ, фурӯтану хушбин. Солашро тахмин задам, ки аён шуд даҳ сол ҷавонтараш пиндоштам ва сирри ҷавонӣ ҷустам. Ба ин раҳ, сари як финҷон қаҳва суҳбат гарм шуд.

Шаҳрванди солим, соҳибмаърифату муаддаб метавонад муаррифгари пешрафти кишвараш бошад, зеро чунин миллат нишонае аз неруи бузурги давлат аст. Пешбурди тарзи ҳаёти солим бошад, ирода мехоҳад, иродаи мустаҳкам. Одатҳои хатарзо, ғизохӯрии нодуруст, бидуни фаъолияти ҷисмонӣ зистан, бетафовутӣ ба тансиҳатии худ аз омилҳоеанд, ки сиҳатиро маҳв ва пиршавиро зуд фароҳам меоранд.

 Дар луғатномаи ман мафҳуми «номумкин» ҷой надорад. Бароям ҳама кор имконпазир аст, агар чизе монеъ гардад, сад баҳонае пеш меораму «мешуданист» мегӯям. Сарфи назар аз он, ки ба кор меравам ё на, рӯзи ман субҳи барвақт оғоз меёбад. Фаъолияти ҷисмониам зиёд аст, масалан 3 – 4 маротиба ба толори варзишӣ мераваму баданро обутоб медиҳам. Бидуни варзиш солим будан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, варзиш бароям дар зинаи аввал меистад. Нигаҳдории зоҳири зебо, тамринҳои зӯрталаб, шиноварӣ ва рақс аз шуғлҳои доимиам мебошанд. Соли дувум аст, ки бо ин мақсад ба Маркази солимгардонии Х-Фит меравам, - мегӯяд Кристина.

 Шояд истеъмоли бештари маҳсулоти хамирӣ, ки зиёд дӯсташ медорем, вазни баданро гарон месозад? – мепурсам аз ӯ.

 Организми мо, агар мушакҳову рагу банду буғумҳоро истисно кунем, аз устухонҳо иборат аст. Маҳз мушакҳо устухонҳоро нигаҳ медоранд ва, агар мушакҳо устувор бошанд, бадан дар маҷмуъ, мустаҳкам мегардад. Чӣ мушакҳоро қавӣ мегардонад? Сафедаҳо, ки барои организм моддаҳои басо муҳиманд. Аммо истеъмоли барзиёди нони сафед (карбогидратҳо) бемориҳои дилу рагҳоро бармеангезад. Ҳамчунин, микрофлораи рӯдаҳоро хароб сохта, ба ҳазмшавии моддаҳои ғизоӣ ва ҳосилшавии холестерини муфид монеъ мегарданд. Яъне, истеъмоли нон дар як рӯз на зиёда аз 200 граммро бояд ташкил диҳад.

Масҳи бадан метавонад ба кам шудани вазни барзиёд мусоидат созад?

 Бале, метавонад, зеро организмро водор месозад, ки маҷрои дурустро дарёбад. Масҳгар соҳир нест, балки ёвар аст. Чораҳои маҷмуӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Чанде пеш духтаре ба ман муроҷиат кард ва бо ӯ се сеанси дурустсозии бадан гузарондам, ки натиҷаи хуб дод. Дар барномаи дурустсозии бадан муайян менамоям, ки ба мизоҷ чӣ писанд нест ва нахуст бо нӯги ангуштон баданро палмосида, ҳолати онро мадди назар мегирам. Чанд техникаи масҳгарӣ, аз қабили лимфодренажӣ барои рондани моеи ҷамъшуда, варзишӣ барои ҳаракати мушакҳо ва классикӣ барои шаклгирии дурусти баданро ба барномаи табобатӣ ворид месозам.

Умуман, Марказ барномаи махсусе дорад барои солимгардонии мардум ва барои коҳиш додани вазни барзиёд. Хоҳишмандон метавонанд дар ин барнома номнавис шаванд. Бо онҳо ғизошинос, табиби узвҳои дарунӣ, устоди масҳ, мутахассиси тарбияи ҷисмонии табобатӣ сарукор мегиранд. Яъне, усули маҷмуии кор бо мизоҷро тули як моҳ ба роҳ мемонем.

 Баъди масҳу табобат мизоҷ метавонад муддате пас боз ба ҳолати пешина баргардад. Шояд сари ирода ва тағйири тафаккур мебояд андешид?

 Вақте мизоҷон муроҷиат мекунанд, мекӯшам дар зеҳни онҳо тарзи ҳаёти солимро ҷой диҳам, ки баъдан аз мушоҳидаҳоям, оҳиста-оҳиста ба ин маҷро ворид мегарданд. Ҳамеша мегӯям, агар фаъолияташон бештар бо нишастан гузарад, бо худ аҳд кунанд, ки ду истгоҳ пештар аз ҷойи кор аз нақлиёти ҷамъиятӣ фуромада, пиёда роҳ паймоянд ва ин амалро пас аз рӯзи корӣ такрор созанд. Агарчи ночиз намояд ҳам, қадаме ба сӯйи ҳаракат, ба беҳбудӣ хоҳад буд. Шахсан мекӯшам, ки ҳар рӯз 10 ҳазор қадам занам. Асосан, шомгоҳон пеш аз хоб 40 дақиқа бо ҳамсарам дар кӯча сайругашт менамоям. Барои бонуи хонавода чунин амал ба осонӣ даст намедиҳад, зеро оиладорӣ заҳмати зиёд металабад. Аммо метавон тарзи ҳаётро тадриҷан ба маҷрои дуруст тағйир дод ва ин имконпазир аст.

Чӣ бояд кард, то роҳгардӣ сарборӣ нашавад? Шояд дар мавзеъҳои тамошобоб қадам задан беҳтар аст?

 Соли дувум аст, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи маъруф бо номи Гипроземи пойтахт сукунат дорем. Шахсан худам аз боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Фирдавсии пойтахт то хона ин масофаро пиёда тай мезанам. Албатта, муддате дар боғ ба тамошои зебоиҳо мепардозам ва аз ин лаззат ҳам мебарам. Ҳамчунин, дар боғҳои Ирам, Парчами давлатӣ ва боғи устод Рӯдакӣ гаштугузор менамоям ва аз гулу дарахту кабудизорҳо ҳаловат мебарам. Тамошои мавзеъҳои зебо роҳравиро на мисли сарборӣ, балки роҳату гуворо мегардонад. Агар тули ним сол мушкили фарбеҳӣ сипарӣ нагардад, бонувон бояд ба мутахассиси соҳа муроҷиат намоянд.

 Дар ин самт дастгирии марди хонавода, дарки амиқи ӯ бағоят муҳим аст, ки на ҳамеша мушоҳида мегардад.

Андешаи мардҳо аз занҳо дида, дигаргунтар аст. Оилаи хушбахт дар пояи муҳаббат бунёд меёбад. Агар муҳаббат пойдор бошад, метавон муросо карду ба дастгирии ҳамдигар кӯшид. Гӯш на ба гуфтаҳои зан, балки ба садои дили ӯ мебояд дод. Вақте мард дар зиндагӣ занро дастгирӣ менамояд, ӯ мешукуфад, аз худ неруи мусбат зоҳир менамояд ва ҳастии худро ба оила мебахшад.

 Шунидам, ки барои ҳар муаммои сарбастаро боз кардану пеши мушкилиҳо ҳарос надоштанро аз модар омӯхтаед.

 Модарам, ки ба эҷоду эъҷози ҳунар даст дорад, бароям ҳамеша намуна ва манбаи илҳом аст. Агар бо мушкиле мувоҷеҳ мешудам, маро бовар медод, ки қодирам аз уҳдаи ҳама кор бароям. Ӯ дар шаҳри Троитски вилояти Челябинск умр ба сар мебарад ва дар фабрикаи дӯзандагӣ пироҳану ҷузъҳои махсус барои театрҳо, кӯдакистонҳо, ятимхонаҳо ва ғайраҳо медӯзад. Масалан, либосҳои солинавии Бобои Барфию Барфак, ҳайвончаҳои гуногун, кулоҳу пироҳанҳо барои ходимони динро олӣ таҳия менамояд. Дар ин шаҳр, ки аҳолиаш начандон зиёд аст, ҳамагӣ ду нафар ба ин кор масруфанд, ки якеи он модари ман аст.

 Соли 2024 сипарӣ мегардад ва дар остон Соли Нави милодии 2025 дар мекӯбад. Чиро бонувон метавонанд дар ин поиндарӣ мадди назар гиранд?

 Бояд ҳар як бону ба соли гузашта диде афканда, андешад, ки чӣ гуна онро пушти сар гузоштааст? На танҳо барои дигарон, балки чӣ кореро барои солимӣ ва пешрафти кори худ анҷом додааст, ки аз соли гузашта беҳтару хубтар бошад. Дар мадди аввал солимӣ, баъдан ғанисозии ҷаҳони маънавӣ. Бидуни руҳу равони орому боварӣ ба фардои нек шахсияту ҳайсияти зан ҳеҷ мегардад. Дигар ин ки бояд шуғли даромадноке дошта бошад, шояд ҳунарҳои дастӣ, шояд даҳҳо кори дигар, ки бо неруи тафаккур бораҳои иморати оиларо метавонад мустаҳкаму пойдор нигаҳ дорад.

СИМИН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон