Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чӣ тавр мебояд зист, вақте ҳама кор бар дӯши туст
Аз ҳар бобПадару модар телевизор тамошо мекарданд, ки баногаҳ модар гуфт: «Хаста шудам, бевақт шуд, хобкунӣ меравам».
Лӯбиё тар кард, аз яхдон гӯшти шахро барои омода кардани хӯроки фардо баровард, аз назар гузаронд, ки мюсли (патароқи иборат аз ғалладонагиву меваву чормағзи кӯфта) барои нањорӣ оё кифоят мекунад. Шакарро ба шакардон рехт, рӯи мизи чойхӯрӣ барои фардо табақҳо гузошт, паҳлуи ҳар кадоме қошуқ монд, қаҳваҷӯшонакро пур кард…
Либосҳои тарро рӯи тор чид ва тугмаи афтидаро ба пероҳан дӯхт. Бозичаҳои рӯи меҳмонхона рехтаро ҷамъ овард ва телефонро ба неруи барқгирӣ гузошт. Ба гулҳо об дод, халтаи наве даруни сатили партов дуруст кард, сачоқи ғиҷимро ҳамвор намуд. Нафас рост кард, хамёза кашид ва сӯи ҳуҷраи хоб рафт. Дақиқае бозистод, то ба муаллим паёмак нависад, барои саёҳати пагоҳии кӯдак маблағе рӯи даст монд ва аз зери курсӣ китобро бардошт. Пасон дастурӯ шуст, ба рӯяш малҳам молид ва дандон тоза кард.
- Магар ҳоло ҳам хоб нарафтӣ? – садо дод падар.
- Меравам, - посух дод модар. Баъди дандоншӯӣ ба косаи саг об рехт. Бо калид дари берунро маҳкам ва барқи роҳравро хомӯш кард. Ба ҳуҷраи кӯдакон сар кашид, барқ ва телевизори онҳоро низ хомӯш намуда, аз рӯи фарш куртаву ҷӯробҳоро бардошт ва ба сабади либосҳои ношуста андохт.
Бо писари бузургаш, ки ҳанӯз дарс мекард, дар гуфтугӯ шуд.
Ба ҳуҷраи хоб расиду занги соатро дуруст кард, ашёҳоро барои фардо омода сохт ва попӯшиҳои пеши дарро тамиз намуд. Рӯи варақе рӯйхати корҳои муҳимро менигошт ва се амали дигарро ба ин рӯйхат зам кард. Ин дам падар телевизорро хомӯш карду гуфт: “Ман хобкунӣ медароям”. Дар ҳақиқат ҳам падар бидуни ҳеҷ андеша ба ҳуҷраи хоб рафт.
Умуман, ин амал барои касе ғайриоддӣ набуд. Чаро занҳо бештар зинда мемонанд? Зеро наметавонанд пеш аз муҳлат бираванд: онҳо аз ҳад зиёд серкоранд...
Саманта Виляр ва Сара Брун
аз китоби “Чӣ тавр мебояд зист, вақте ҳама кор бар дӯши туст”.
Тарҷумаи Ситора Ашӯрова