БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Президент -шахсияти барҷастаи таърихии миллат

Чеҳраҳо

Шуруъ аз соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан, лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияту масъулияти он мустаҳкам гардидааст. Аз ҷумла, моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шуруи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳалаи нави муҳими давлатдории тоҷикон - шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ оғоз ёфт.

Заминаи ҳуқуқии ин шакли идоракуниро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта буд. Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корие, ки моҳи ноябри соли 1993 аз ҷониби Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил гардида буд, ду лоиҳаи Конститутсияро омода кард.

Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокимаи моддаҳои лоиҳаи Конститутсия, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр карда буд. Ҳарчанд дар Конститутсия бевосита дарҷ нашуда буд, ки шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ мебошад, моҳиятан он чунин буд. Соли 2016 зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин муқаррарот бевосита дар моддаи 1 мустаҳкам карда шуд. Таҷрибаи на танҳо мо, балки дигар кишварҳои пасошуравӣ нишон медиҳад, ки дар ҳамон лаҳзаи ҳассоси таърихӣ мо роҳи дуруст интихоб кардем.

  Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар он ифода меёбад, ки Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои фаъолият шуруъ намудааст. Яъне санаи мазкур рамзӣ буда, на бо таъсиси мансаби президент ва ё муқарраркунии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки бо амалишавии воқеии ниҳоди мазкур рабт дорад.

Боиси ифтихор ва, пеш аз ҳама, хушбахтист, ки он замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, на танҳо давлату миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд, балки саҳифаи нави рушди давлатдории тоҷиконро боз карданд.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯ ва мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Барои мо – халқи Тоҷикистон, чунин нақшу манзалатро дар қатори чандин шахсиятҳои таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро кардаанд.

Воқеан, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти барҷастаи таърихии миллат, марди олиму оқилу фозилу хирадманде, ки мардумро атрофашон муттаҳид карданд, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, таъмини волоияти қонун, беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бағоят бузург аст.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

 Аз ин рӯ, бо арзи эҳтирому эътироф ва арҷгузорӣ ба фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо, дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Халқи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ қадамҳои фарохтар гузорем, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он кӯшишу талошҳо намоем, зеро дар ин шакли идоракунии давлатӣ кафолати нигоҳдории арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷой дорад.

Нигина АЛИЗОДА,

муовини якуми вазири

адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон