БОЙГОНӢ
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Духтари омӯзгорон
ЧеҳраҳоБо чеҳраи мунаввару мамнун, табассуми малеҳи даври лабон, гашту ҳаракоти мавзуну чолок дар нигоҳи аввал духтараки озоду беғамеро мемонад. Аммо дидагонаш чашмони бонуест, ки дар набарди зиндагӣ мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Ӯ зодаву парвардаи нони ҳалол аст ва аз ин хотир ростиву покиро асоси ҳастии худ медонад. Духтари омӯзгорон асту зодмандони муаддабу муаллимаш бо умедҳои ширин номи ӯро Фарзона гузоштаанд.
Аз зумраи Фарзонаҳое ҳастам, ки модари фариштахисолам ба эҳтироми Шоири халқии Тоҷикистон бонуи муҳтарам Фарзона чунин номам ниҳодаанд. Модар ҳар бори варақ задани китоби шоир ё аз тариқи телевизион шеърхонии малеҳашро дида, мегуфтанд: «Кош ту ҳам шоир шавӣ!». Эҷодкор шудам, аммо шоир не, ҳарчанд дар кӯдакӣ шеъргунаҳое доштам. Ҳоло ҳам бо қаламу коғаз ҳамрозу ҳамнафасам, - бо табассум парда аз роз мебардорад Фарзона Файзалиева.
Нахустин ангезаҳои эҷодро дар вуҷуди ин духтараки нозукниҳод моми адабпарвараш мушоҳида карда буд. Нигоҳи тозаи ӯ ба оламу одам ҳамсолону пайвандонашро ба ҳайрат мегузошт. Хаёлоти рангин дошту наққошиҳои табиатро, ки бо мӯқалами нурҳои офтобу абрҳои пароканда дар осмон офарида мешуд, ба дӯстонаш нишон медод ва аз ин бозёфт ба завқ меомад.
Осмони бачагии моро ғубори ҷанги таҳмилии бародаркуш тираву тор кард. Даҳшати гуруснагиву бемориҳои пайдарпай зебоиҳои зиндагиро аз хотирҳо зудуда сохт. Мардум аз андешаҳои камолоти ҷону дил ба андешаи нигаҳбонии обу гил саргарон гаштанд. Аз гушнагӣ барои орди ҷуворӣ талош кардани бузургсолон барои кӯдакони нодон тамошо буд. То ҳол аз дарди шикамдамак ҷонкании ҳамсолонам, ки он рӯзгор 6–8-сола будам, маро ба риққат меорад. Он ҳама талхиҳо, ҳарчанд аз комамон рафт, дар хотирамон нақш бастааст, - нороҳат оҳ мекашад Фарзонабону.
Бо вуҷуди талхиву душвории даврон волидони Фарзона фарзандони худро бо умеди фардои нек пайваста илму адаб меомӯхтанд. Падари омӯзгораш баҳри сазовор ба камол расидану соҳибкасбу соҳибилму соҳиббахт шудани онҳо роҳи сангини муҳоҷиратро пеш мегирад.
Падарам муаллим буд, муаллими дипломи сурхдор, аммо ин касби пуршарафро ба мардикорӣ дар Россия иваз намуд. Он ҳам ба хотири мо, - афсӯс мехӯрад қаҳрамони мо.
Боре қиблагоҳ, пеш аз сафари навбатӣ, аз орзуҳои оянда ва касбҳои писандидаи ҳашт нафар фарзанди худ як-як ҷӯё шуд. Ҷигарбандон самтҳои иқтисод, кори бонкӣ, духтурӣ, илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷиро интихоб карданд. Фарзона он замон дар остонаи хатми мактаб қарор дошт. Наттоқони телевизион ҳушу ройи ӯро аз кӯдакӣ бурда буданд. Аз ин хотир, ояндаи худро бе ин пеша тасаввур карда наметавонист. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24-уми ба номи Абулқосим Фирдавии деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳияи Фархор, соли 2004 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд.
Дар рафти таҳсил дарк кардам, ки самти матбуот бештар бароям писанд аст. Солҳои донишҷӯӣ дар рӯзномаҳои даврӣ машқи қалам мекардаму ин пеша бо рагҳои ҷонам пайванд шуд. Пас аз хатм бо роҳхати ректори вақти Донишгоҳ Нуриддин Саид қадам ба боргоҳи журналистони Тоҷикистон -- Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият» гузоштам, - ба ёд меорад бонуи қаламкаш.
Фаъолият дар рӯзномаи рақами 1-уми кишвар, муҳити тавонманди эҷодӣ, ҳамкорӣ бо журналистони моҳири давр дар шуъбаи фарҳанг, ки меҳмонҳояш ҳама аҳли илму адаб буданд, мактаби бузурги омӯзиши нозукиҳои кор дар матбуот ва ҳамчун журналист муаррифӣ гардидани як духтараки навроҳу навкор гашт. Дар зарфи 13 соли эҷод дар ин рӯзномаи бонуфуз Фарзонаи тозаҷавон бо бузургони илму адаб, профессорону докторони илм ва ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, аз қабили Кароматулло Олимов, Фарҳод Раҳимӣ, Шамсиддин Орумбекзода, Муҳиба Муҳаммадҷонова ва дигарон силсиласуҳбатҳои арзишмандро таҳия намуда, аз як коромӯз ҳамчун журналисти шинохтаи Тоҷикистон ба камол расид.
Хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» мусоҳибаву мақолаҳои ӯро перомуни фаъолият ва зиндагии асосгузори илми кимиё дар ҷаҳон Закариёи Розӣ гарм истиқбол намуда, аз навиштаҳояш дар бораи рӯзгор ва кашфиётҳои ин абармарди арсаи илму адаб ва таъсири мондагори ӯ дар илми тибби ҷаҳон огоҳ шуданд. Силсиламақолаҳои таҳлилии ӯ дар бораи фаъолияти паркҳои технологии назди донишгоҳҳо, ихтироъҳои рӯйиқоғазӣ, клубҳои фарҳангии деҳот, боғчаҳои бачагона ва дигар масъалаҳои доғи рӯз дар муассисаҳои дахлдор баррасӣ шуда, вокунишҳои зиёдеро ба бор оварданд.
Чун соҳиби таҷрибаи кофӣ ва қалами тез дар соҳа гашт, соли 2023 ӯро ба Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Садои мардум» ба симати муҳаррири шуъбаи фарҳанг, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва регламент ба кор хонданд. Нахустин навиштаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Садои мардум» ва пешниҳоди рубрикаи нав дар бораи донишмандони барӯманди ҷаҳонӣ аз ҷониби хонандагон гарм истиқбол шуданд. Махсусан, мусоҳибаи ӯ бо шарқшиноси фаронсавӣ Франсис Ришард дар бораи омӯзиши дастхатҳои Шарқ аз тарафи аврупоиён ва аҳамияти таърихии он дар рушди Аврупо дар муҳити эҷодии ин нашрия аз дониши фарох ва малакаи касбии Фарзонабону дарак дод.
Ҳар инсон мисли ниҳолакест, ки аз муҳаббату парвариш сабз мешавад ва, махсусан, агар хайрхоҳон дошта бошад, рост месабзад. Ман аз устодоне, ки дар ин роҳи пуршараф қадамҳои нахустини маро аз пайроҳаи танги орзуҳо ба шоҳроҳҳои бузурги амал раҳнамоиву раҳкушоӣ мекарданд, сипосгузорам. Муҳаббати бедареғи онҳо буд, ки дар соҳаи матбуот қалам фарсудам ва маънии Ватану муҳаббати самимӣ ба диёр ва хизмат ба халқи маҳбубро дарк намудам. Номи ҳар яки онҳо дар китоби сурхи дилам бо хатти заррин навишта шудааст, - мегӯяд бону Фарзона.
Файзалиева Фарзона Абдукаримовна Аълочии матбуот, фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон аст. Самимияту фитрати нек ва нигоҳи покизааш ба зиндагӣ ӯро ба сарзамини муҳаббату хушбахтӣ расонд. Сарнавишт ин бонуи хушбахтро бо ҷавоне ҳамтақдир кард, ки ба оламу одам бо чашми хирад ва некуӣ менигарад. Онҳо, сарфи назар аз мушкилот, тавонистанд соҳиби ному мақоми шоиста гарданд. Шукргузор аз онанд, ки се дӯстрӯякашон аз ҳавои беғубору атрогини сулҳу осоиштагӣ нафас мекашанду дар оғӯши пурмеҳри зодмандон таълиму тарбияи шоиста мегиранд.
Мафтуна НАЗИРОВА