Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
75-умин китоби 75-умин солгард
Чеҳраҳо / СлайдерАдибонанд, ки рисолаташон дар зиндагӣ равшан намудани роҳи ҷомеа ба сӯйи хираду маърифат аст ва ин тааҳҳуди ботинии хешро, ки аз оғози сарнавишт дар дилашон сабт шудааст, бе назардошти ҷоизае ба анҷом мерасонанд.
Адиби маҳбуби бачаҳо, шоири хушкалом, нависандаи хушидрок, китоббарори сермаҳсул ва журналисти пуркор Латофат Кенҷаева, тавассути мақолаҳои пурмуҳтаво ва шеъру қиссаву таронаҳояш ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ошност. 75-солагии умри бобаракати хешро бо нашри 75-умин китоби худ истиқбол мегирад, ки ин аз сарсупурдагии ӯ ба адабиёт дарак медиҳад. Ба хотири эҳтироми ин ҳама латофату бузургии адиб бори дигар хостем китоби зиндагии варо варақгардон намоем.
Ӯ аз зумраи эҷодкоронест, ки ба муаррифӣ ниёз надорад, зеро ҳар шахси ба китоб алоқаманд эҳтиромашро ба ҷо меораду кӯдакон дӯсташ медоранд ва шеърҳояшро бо шавқ аз бар мекунанд. Ҷавонон аз ошиқонаҳои ӯ рози дил ба маъшуқ мегӯянд ва дардмандон аз қиссаву ҳикоёташ дармон меҷӯянд.
Латофати дар ҳусну ҷамол, рафтору кирдор ва гуфтору эҷод беназир ин маҳбубиятро осон ба даст наовардааст. Ӯ зари холисро мемонад, ки дар кӯраи сӯзони зиндагӣ пухтаву бо дасти сахти сарнавишт суфта шуд.
– Тифлии мусибатбор, рӯзгори талхи ятимӣ, ҷароҳати сахти ҷисмонӣ ва корҳои тоқатфарсои саҳрову рӯзгор дар аввали ҳаёт ба ҷисми нозуку наҳифам гаронӣ мекарданд. Ягона муттакоям бародари парастор буд, ки ӯ низ аз саҳар то ними шаб машғули таъмини хонаводаи бесаробонмондаи мо мешуд. Бо хоҳарам, ки аз ман чаҳор сол калонтар аст, корҳои фармудаи зани бародарро зуд ба сомон расонда, дар кунҷаки ҳавлию хона китоб мехондем ва аз ин дунёи пурғам ба оғӯши афсонаҳои ширин паноҳ мебурдем, - ёд аз айёми тифлӣ мекунаду чанд қатра ашки сӯзон ҳамчун шабнами барги гул дар ҷӯякҳои ожанги рухсори сафедаш медурахшад.
Сарнавишт, ҳарчанд бо ӯ номеҳрубон буд, меҳрубонони зиёде дошт, ки бурдаи нону шириниеро барои ӯ нигоҳ медоштанд ва бо муҳаббат даст пеши бар гирифта «Ассалом» гуфтанҳояшро бо қофилаи дуоҳои хайр посух медоданд. Пирони деҳа, муаллимони мактаб, Рухсатхолаи китобдор, модарони дугонаҳояш, ҳатто ҷавонони шӯхи маҳалла низ бо ин кӯдаки дастёру дӯстрӯ меҳрубон буданд.
- Дуои нек ва роҳнамоии он азизон буд, ки орзуҳои ширини кӯдакиям як-як ҷомаи амал мепӯшиданд, ки муҳимтарини онҳо донишҷӯву китобдор шудан буд. Аз ҳамон айём дарёфтам, ки ҳеч некие бепосух намемонад ва баракати рӯзгор аз хайрнисорӣ сарчашма мегирад. Тарбияи онҳо буд, ки гандуми умр дар осиёби савоб андохтам, - мегӯяд адиби соҳибмактаб.
Латофатбону аллакай то донишҷӯ шудан бо аҳли илму адаби пойтахт ошно буд, зеро дар китобхонаҳои деҳу ноҳия китобу маҷаллае намонда буд, ки аз муҳтавояшон огоҳ набошад. Аксу навиштаҳояш дар нашрияҳои кӯдаконаи ҷумҳурӣ чоп гаштаву аз ҳаққи қалам ба дӯстон шириниҳо муроот карда буд. Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) низ пешгом буду идрорпулии олӣ мегирифт ва бо он рӯзгорро таъмин намуда, гоҳ-гоҳ ба бародари ғамхораш ҳадияҳои арзишманд мефиристод. Устодон низ аз ин донишҷӯи хушзавқи худ болида, дар муҳимтарин ҷашну базмҳои шеъру эҷод ӯро роҳнамоӣ мекарданд.
- Дидору дуои неки адибони барҷастаи давр Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мавҷуда Ҳакимова ва дигар нухбагони илму адаб муҳаббати маро ба адабиёт рӯзафзун менамуданд, аммо чун дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекардам, дар баробари шеъру тарона дар нашрияҳои даврӣ хабару мақола менавиштаму таҷрибаи касб меандӯхтам, - иброз медорад журналисти собиқадор, ки ин самти фаъолияти ӯ боиси ибрату арзиши таҳқиқи дилбастагони ин пеша аст.
Ҷавонии хушу хуррам дошт Латофатбонуи заҳматқарин. Оиладор шуду фарзандони ширинрӯро ба олам овард, аммо дар авҷи камолот ва гулшукуфти эҷоду кор аз ғурриши боди мухолиф боғи ҷонаш хушку хазон гашт. Тундбоди ҳаводиси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ки аввалин тирро ба дили модарон зад. Нобасомониву мушаввашхотирӣ, бебарқиву бебаргӣ зиндагиро душвор сохт. Ӯ дар ин марҳалаи душвор фирор накарду содиқона масъулияти хешро иҷро менамуд ва мардуми ташнаҷонро бо маърифат шодоб мекард.
Порае аз он сахтиҳоро адиб дар китоби «366 рӯзи гуфтугӯ бо Худо» нигоштааст, ки хонандаро ба риққат меорад ва баробари ҷон арзиш доштани сулҳу оромиро бозгӯ менамояд.
- Даҳшати ҷангро барои касе гуфтан осон аст, ки онро надида бошад. Моро, ки бо чашми сар дидему дар ҷони худ таҷриба кардем, ҳатто ёди он лаҳза ба ларза меорад. Ҷонкоҳтар он буд, ки ин ҷанги таҳмилӣ на аз тарафи бегонагон, балки аз ҷониби дӯстони душманнасақ шуруъ шуд. Аз тангии рӯзгор, ки дар як хонаи хурд то 24 нафар ба сар мебурдем, бо писараки хурдсолам Комронҷон ашёи қиматбаҳоро барои пайдо кардани қути лоямут, дар назди ҳавлии бинои чаҳорошёна ба фурӯш гузоштем, - ёд меорад бонуи дилфигор ва бо лабони моил ба табассуми ғамолуд идома медиҳад, - ин сулҳу оромӣ, ин ваҳдату осоиштагӣ арзиши ҷони қурбониёну ҷонбозиҳои мардони барӯманду сулҳпарвар аст…
Латофатбону дар ҳамон рӯзгори нобасомон низ дасти мадад ба ҳамқаламону ҳамаламон дароз намуда, аз пайи нашри китобу маҷалла буд. «Истиқбол»-и ӯ, ки ташкилоти байналмилалии ҷамъиятӣ асту пайваста китобҳои арзишманди адабӣ ва бачагонаро нашр мекунад, дар заминаи маҷаллаи «Истиқбол» ба вуҷуд омаду дар даврони соҳибистиқлолӣ нумӯ ёфт ва то имрӯз зиёда аз 1 миллиону 700 нусха китоб нашр карда, дастраси хонандагон намудааст.
– Боре барои нашри китоби шеърҳоям, ки ба чоп омода буд, зиёд интизор шудаму сармоягузори хайрхоҳе пайдо нашуд. Ҳамкоре холисан гуфт, ки дар ин замон, ҳеч кас нашри китобро маблағгузорӣ намекунад. - Рӯзе мешаваду ман худам китобҳои худ ва дигар адибонро нашр мекунам, - гуфтам ниvшӯхиву нимҷиддӣ. Гумон надоштам, ки ин орзуи бузургтарини зиндагиям, ки онро сабаби ҳастии худ медонам, амалӣ гардад ва аз ин шукргузорам, - меафзояд дар поёни суҳбат адиби баркамол Латофат Кенҷаева.
Мафтунаи ҚОСИМ
Мубодила:
Шарҳҳо
