БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Башорати саодати бонувон

Чеҳраҳо / Слайдер

Бонувони ноҳияи Қубодиён, ки аз файзи истиқлол ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму ҳунаромӯзиву фаъолиятҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ фаро гирифта шудаанд, саҳми арзанда гузоштан дар пешрафту ободонии кишвар, амалӣ гаштани сиёсати давлатӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои ояндасозиро рисолати ҳаётии хеш меҳисобанд.

 

Марому маслаки бонувони худогоҳу таҳсилдида аз дарку эътибори арзишҳое сарчашма мегирад, ки роҳбарияти олии мамлакат дар радифи пешбурди давлатдорӣ, ҳамзамон, андар масири таълиму тарбияи фарзандон, риояи қонунҳои ба зиндагии шоистаи мардум нигаронидашуда, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, эътимоду такя ба неруи созандаи зан-модар дорад.

Зуҳро Ҳақназарзода аз насли ҷавони соҳаи хизмати давлатӣ аст, ки гузори таҷрибаандӯзӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи маънавиёт, ҳамакнун роҳбарии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро ба зимма дорад. Ҷавон асту масъулиятшинос, ки бо салиқаи баланди идоракунӣ ва навовариҳо фаъолияти самти кор бо занон ва оиларо ба сатҳе баровард, ки имрӯз ҳуҷраи кории ӯ ба макони умеду даргоҳи амалисозии орзуҳои бонувони корафтода табдил ёфтааст.

-Масъулиятҳои самти кор бо занон ва оила водор месозад, ки дар радифи иҷрои саривақтии барномаву нақша-чорабиниҳои маърифатнокӣ ва мафкурасозӣ дар ҷомеа, мақому нуфузи ин ниҳоди зиндагисозро баланд бардорем, то дар рушди оила, ташаккули фарҳанги хонаводагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо нақши сарнавиштсоз дошта бошад, - изҳор дошт Зуҳробону.

-Хушбахтона, ба инояти донишу малакаи дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи дар бахшҳои гуногуни Дастгоҳи раиси ноҳия андӯхтаам, ҷиҳати миёни мардум мақому эътибори бештар пайдо кардани сохтори кор бо занон ва оила бештар ноил гашта истодаем.Чун баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон нахуст панҷ сол мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва ҳашт соли дигар ҳамчун котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИМҲД ноҳияи Қубодиён фаъолият доштам, аз тамоми тору пуди фарҳанги хонаводагӣ, муҳити таълиму тарбияи кӯдакон ва масоили ҳалталаби бонувону модарон огоҳӣ доштам.Дар он ҳангом баъзан дар ҳалли масоили ҷалби таваҷҷуҳи оилаҳо ба назорати наврасони дар кӯчаҳо овора, ҳифзи маънавиёти мактаббачагон аз падидаҳои хатарзо ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои мактабу оила ва ҷомеа дармемондам. Дарвоқеъ, донишу малака ва маҳорати кор бо ҷомеа мурури таҷрибаандӯзӣ ба даст меоянд.Дар ин росто, назорат дар самти вазъи зиндагӣ ва нигоҳубини 32 нафар ятим дар хонаводаҳои сокини ноҳия, бароям мавзӯи ҷолиб ва омӯзанда буд.

Дар ин миён, соли 2021 факултети психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба итмом расонда, пасон таҳсилро дар Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома бахшид.Як муддат ба симати мудири шуъбаи кадрҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» фаъолият карда, ӯро дубора ба МИМҲД ноҳияи Қубодиён ба кор оварданд.Соли 2023 ба вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оила таъин гардид ва баъди як сол бинобар такмили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши мазкур ба шуъба табдил ёфта, самти чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа густариш ёфт.

-Устувории оила аз меҳру муҳаббат, саводу маърифати падару модар, ҳамоҳангии онҳо дар таълиму тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон вобастагӣ дорад, - мегӯяд мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён. -Мутаассифона, равандҳои хатарзои ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки зодмандонро ба тарбияи хубу ҳунаромӯзӣ ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба воя расондани фарзандон бештар таҳрик диҳем, зеро ояндаи духтарбачаҳо аз модарони онҳо вобастагӣ дорад, ки то чӣ андоза ба идомаи таҳсилоти оливу касбии духтарон майлу рағбат дошта, насли ояндаи худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушду эҳёи фарҳангу оин ва ҳунарҳои аҷдодӣ роҳнамо бошанд.

Дар тарбия ва омодасозии ҷавондухтарон ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ҳаёти мустақилона Коллеҷи омӯзгории ноҳия, филиали Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва дигар марказҳои ҳунаромӯзӣ нақши бағоят муҳим доранд.Ҳамчунин, нишондоди қабули духтарони ноҳия ба муассисаҳои оливу касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ шаҳодати фаъолияти судманд ва ҷоннок гардидани ҳамкориҳои соҳаи кор бо занон ва оила бо дигар сохторҳои давлатӣ мебошад.

Ба қавли Ҳақназарзода Зуҳро, давоми соли 2025 бо мақсади иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, Барномаи давлатии тарбия ва ҷойбаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030, Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024–2030 ҷамъ 27 ҳазору 120 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

-Имрӯз дар соҳаи хизмати давлатии ноҳия 20 бону фаъолият намуда, шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон 106 нафарро ташкил медиҳад. Аммо ин рақами охир набуда, ҳузури чашмраси занону духтарони болаёқат дар арсаҳои корзор бовариҳоро тақвият мебахшад, ки дар ояндаи наздик нуфуси занону духтарони таҳсилдида дар корҳои идоракунии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баробар хоҳад афзуд.Бо дарки моҳияти сиёсати иҷтимоии мамлакат, ки масоили вобаста ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор додааст, дар раванди ободониву созандагӣ, таълиму тарбияи насли ояндаи кишвар ва амалӣ гаштани сиёсати давлатӣ пайрави содиқи Пешвои муаззами хеш бошем, - афзуд Зуҳро Ҳақназарзода.

                                                                                     Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                                           ноҳияи Қубодиён

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 8)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон