Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Яке аз рукнҳои фарҳанги миллат
ФарҳангДар тамоми давру замон дилхоҳ халқу миллатро аз рӯйи забон, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои нек мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Миллати тоҷик аз азал дорои фарҳанги бою ғанӣ ва бо махсусиятҳои хоссаи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати дорои либосҳои қадим меписанданду эътироф мекунанд, зеро ҳунару фарҳанг воситаи беҳтарини нишон додани симои миллат аст.
Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз ниёгон аст, ки дар дарозои таърих зебоию дилкашиашро гум накардааст. Басо ҷойи хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила пайдо шудани ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ ба ҷойҳои кории доимӣ гардидааст.
Бонувон дар ҳама давру замон мақому мартабаи худро доштанд ва боз ҳам барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд. Онҳо тарбиятгари насли наврас, ҷомеа ва миллат мебошанд. Аз ин рӯ, бояд маърифати баланди илму дониш, фарҳанги миллӣ ва пӯшидани либоси миллиро соҳиб бошанд.
Занону модарон дар тамоми давру замон посдору нигаҳдори расму оин ва анъанаҳои нек ба шумор мерафтанд. Дар симои занони тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, боодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро метавон шинохт, ки имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни арсаи сиёсату давлат ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ соҳиби обрӯву эътибор гардидаанд.
Яке аз нишонаҳои барозанда ва муаррифгари фарҳанги миллатҳо либоси миллии онҳост. Ҳангоме ки сухан дар бораи либоси миллӣ ва ба бар кардани он меравад, пеши назар чеҳра ва симои занони зебои тоҷик ҷилвагар мешавад. Ҷолиб аст, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо пӯшидану аз бар кардани либосҳо дар ҳар минтақа фарқ дорад. Чунончи, атласу адраси суғдиҳо, чакани хатлониҳо, гулдӯзиҳои нотакрори раштонзамин, алочаву шоҳии водии Ҳисор, зардӯзиҳои пурҷило ва рангоранги пироҳан, тоқӣ ва ҷӯробҳои бадахшониҳо бинандаро дар ҳайрат меоваранд. Сарулибоси миллии тоҷикон маҳз бо ҳамин ҷаззобияташон дар арсаи дунё муаррифӣ гардидааст. Агар намояндагони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ташриф оранд, ҳатман ба либосҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Барои занону духтарони тоҷик шарт ва зарур аст, ки либосҳои миллии худро, ки аз фарҳанги бою ғанӣ доштани миллат дарак медиҳанд, пос доранд ва барои пойдор мондани ин фарҳанг саъю кӯшиш намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суҳбату вохӯриҳои хеш масъалаи мақому манзалати зан дар ҷомеа ва эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллиро зикр менамоянд. Ин аст, ки ҳар як фарди бохираду соҳибандешаро мебояд, ки фарҳанги миллӣ, хосса либосҳои миллиро пос дошта, масъалаи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва боло бурдани фарҳанги миллиро тарғиб карда, дар ин самт аз худ саҳме боқӣ гузоранд.
Шахсан ифтихормандам, ки либоси миллӣ ба бар мекунам, зеро ба он эҳтироми хосса дораму дар мисоли худ пӯшидани либоси миллиро барои бонувони кишвари азиз тавсия медиҳам.
Наргис ХОҶАЕВА,
муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ