БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Заури ҳамкори мо
ФарҳангГӯиё дирӯзакак буд, ки Заурака вориди идора мешуду аз дастгоҳи аксбардориаш як басти суратҳоро ба компутери котиби масъули маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мегузаронд ва ҳамроҳ бо қаламкашон оид ба беҳбудиву камбуди аксҳои гирифтааш суҳбат меорост. Ӯ ҳеҷ гоҳ фикри худро ба дигар кас таҳмил намекард, аммо мекӯшид, то аксҳои гирифтааш орӣ аз ҳама гуна навоқиси ҳунари аккосӣ бошад. Агар такроран расми ин ё он қаҳрамонро гирифтан зарур меомад, қатъи назар аз синну сол ва собиқаи корӣ, хоҳиши муаллифро бо қаноатмандӣ мепазируфт.
Ана, ҳамин хел як инсони ботамкину одӣ ва ҳам як мутахассиси хуби соҳаи дӯстдоштааш буд. Дастгоҳи аксбардориашро сахт дӯст медошт. Боре дидам, ки аз ҷайбаш рӯймолча бароварду дастгоҳи наву оҳарию тозаашро боз ҳам пок намуду даруни ҷузвдонаш гузошт. Таваҷҷуҳи маро шояд ҳис намуд, ки чун ҳамешагӣ бо хандаи малеҳ гуфт.
Ин дастгоҳ рафиқи нонбиёри ман аст. Ҳарду якҷо зиндагиро пеш мебарем, яъне ӯ аз ману ман аз ӯ дар иҷрои кору нақшаҳо сахт вобастагӣ дорем. Аз ин рӯ, онро ҳамеша тозаву озода нигоҳ медорам.…Заур Дахте аз ҷумлаи аввалин кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба шумор мерафт. Ӯ дар маҷалла аз рӯзҳои нахустини чоп ҳамроҳ ба ҳайати эҷодӣ буд. Зауракои дар ҳунари хеш моҳир, бо дидани унвонии матлаб ё хондани чанд ҷумлаи он аллакай пейзаж ё акси он навиштаро дар андешаи худ ҷой менамуд. Гоҳо вақти хӯроки нисфирӯзӣ ин аккосу наворбардори асил аз роҳи тайкардаи худ дар ҳунари эҷодаш ба мо қиссаҳои аҷоиб мекард. Хусусан, аз наворбардории филми бадеии «Рустам ва Суҳроб», маҳсули кори «Тоҷикфилм», хотираҳои зиёду шавқовар дошт. Барои офаридану ба саҳна гузоштани нақши қаҳрамонони асосӣ, Рустам ва Суҳроб ҳангоми таҳияи филм чӣ қадар заҳматҳое накашидаанд. Аммо ҳамаи мушкилиҳои паси сар шударо ӯ барои худ як имтиҳону сабақи навбатӣ қабул мекард. Заурако бо вуҷуди ташвишҳои рӯзгору шуғли доштааш, заррае вақти холӣ меёфт, рӯ ба адабиёт меовард. Даруни ҷузвдонаш ҳамеша китобу дафтар, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун мақом дошт, ки аз дидану хондани онҳо санъати кору ҳунарашро сайқал медод. Баъди аз идораи маҷалла рафтанаш ҳам, Заурако гоҳ-гоҳ моро хабар мегирифту аксҳои овардааш саҳифаҳои маҷалларо зинат мебахшиданд.
Марги фоҷиавии Заур Дахте, чун садҳо мухлисонаш дили ҳамкорони собиқу содиқи ӯро ҳам ба дард оварду хотираи некаш дар саҳифаҳои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» то абад хоҳад монд.
Рустами НАЗИР