БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Истиқлол орзуи деринаи миллат

Фарҳанг

Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик,

Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик.

Истиқлоли давлатӣ орзуи деринаи мардуми куҳанбунёди тоҷик аст. Истиқлолият ин зарраҳои хоки кӯҳсорон, қатраҳои оби чашмасорон, насими форам ва чаҳ-чаҳи мурғакони чаманистон, шуълаҳои хуршеди дурахшон, хандаи беғами тифлон, бӯсаҳои гарми модарон, хонаи обод, кишвари озод ва рӯйи сурху сари баланди сокинони диёр мебошад.

Пас аз заволи аввалин давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон – давлати Сомониён (819–999) бо гузашти тақрибан ҳазор сол тоҷикон боз аз нав соҳиби давлат гардиданд. Воқеан ҳам, истиқлолият бо часпу талош, ҷидду ҷаҳд, муборизаҳои ватандӯстонаву истиқлолхоҳона ба даст омад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирдоби мухолифату ҷанги таҳмилии бародаркуш ва буҳрони сартосарӣ ниёз ба роҳбаре дошт, ки халқро аз вартаи нестӣ раҳонад. Ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатро ба даст гирифтанд, ки сохторҳои давлатӣ харобу фалаҷ гардида буданд. Дуди оташи ҷанг ҳамаро торик гардонда, на танҳо фазо, балки дили мардум пур аз дудаи сиёҳ шуда буд. Ба ояндаи нек бо шубҳа менигаристанд. Талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бесарусомонӣ идома доштанд.

Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар кори давлатдорӣ истеъдоду ҳунари фавқулодае нишон доданд ва ба сиёсати давлатдорӣ чун соҳибтаҷрибае даст заданд, ки натиҷааш хеле олӣ буд. Ӯ дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти гарони барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи озоду кишвари ободро ба дӯш гирифт.

Он овон Сарвари давлат гуфта буданд:

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурбинона, сулҳдӯстона, меҳанпарварона ва оқилонаи Сарвари давлат сулҳ ғалаба кард, давлати тоҷикро ҷаҳон ба расмият шинохт. Пешвои миллат тавонистанд миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд, ифтихори миллиро дар хуну руҳи сокинони мамлакат бипарваранд, халқро ба созандагӣ ҳидоят созанд, торҳои дӯстию рафоқатро миёни тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бипайванданд.

Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро таъсис дода, устувор гардонданд.

Харобаҳо ба ободӣ табдил ёфтанд, иншооти азим ба вуҷуд омаданд. Барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд…

Сокинони диёр мекӯшанд то ҳар ҷашнро бо дастовезе пешвоз гиранд. Дастовези ман ҳамчун як бонуи эҷодкор ба Ҷашни фархунда- Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасти хонандаи азиз расондани китоби «Балҷувон» мебошад. Хос­там ба воситаи қисса, ҳикоя ва масалҳо дар замири дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббат, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, қадр намудани Конститутсия, Истиқлолият, Ваҳдати ба даст омада, корам, зеро ин ҳама осон ба даст наомадааст.

 Гулчеҳра МАҲМАДИЗОДА,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон