БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳар кӣ меҳмони мо гардад…

Фарҳанг

 Рӯди Зарафшон аз кӯҳсорон то водии сабз, то чашмасорон масту хурӯшон ҷориву ҷорист… Якзайлу бомаром мераваду мавҷ дар мавҷ дилҳои муштоқони зебоии табииро бо худ ба водиҳои сабзу хурраме мебарад, ки ҳанӯз 5500 сол муқаддам аз ин зиндагӣ дар он туғён дошту аз он мероси гаронарзиши таърихӣ ифтихоре бо номҳои Саразм ва Панҷакент боқӣ монда.

Роҳҳои оинавори канори рӯдро, ки дар шафати кӯҳҳои сарбагардун, аз дили ағбаҳо бо заҳмати афзун ободгарони Ватан ва шарикон бунёд сохтаанд, борҳо сипардаему аз паси шишаи мошинҳо маҳви тамошои ҳар сангу гиёҳу дарахт мондаем, ки наққоши азал бо зеботарин тартиб офаридааст. Аммо ҳамеша мушоҳида кардаем, ки гардишгарони хориҷӣ дучархасавору пиёда ин роҳи пурпечу хамро тай намуда, бо аксу наворҳои ҷолиб аз дили кӯҳистон паёмҳои гарму равшани табиати муъҷизакори Тоҷикистонро ба оламиён расондаанд.

Афсункории табиат, манзараҳои дилкашу назаррабо, чашмаҳои софу зулол ва мероси гаронарзиши таърихӣ эҳсонкорона водии Зарафшон, махсусан Панҷакенти бостонро ба қадамҷойи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил додаанд.

Ёдгориҳои беназири таърихӣ, шаҳраки бостонии Саразму Панҷакенти қадим, оромгоҳи саромади шоирони Аҷам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ-экологии Кӯли Калон ва Ҳафткӯли нозанину овозадор, кӯҳҳои назаррабои Фон аз шумори машҳуртарину мақбултарин мавзеъҳои сайёҳии ин гӯшаи диёранд.

 Имкониятҳои васеи сайёҳӣ, адабиёту фарҳанги оламшумул, ҳунармандиву меъмории чандинасраи шаҳри Панҷакент мусоидат намуд, то бахши сайёҳӣ дар водии Зарафшон рушд ёбад ва ҳамчун соҳаи шуғлофару фоидаовар мадраки даромадҳои моддиву маънавӣ гардад. Фаъолияти назарраси бахш баҳри рушди соҳа, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба пешрафти инфрасохтори марбут ва боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, - мегӯяд, мудири бахши рушди сайёҳии МИМҲД-и шаҳри Панҷакент Назира Исроилзода.

Назирабону ҳамчун корманди соҳибтаҷриба аз моҳи апрели соли 2023 ин масъулиятро ба уҳда дорад. Ӯ мудом талош меварзад, то баҳри рушди соҳа саҳми худро гузорад. Таҷрибаву малакаи кориаш, ки зиёд аст, байни Мақомот ва ширкатҳои сайёҳиву мутахассисони соҳа ҳамкории зичи самаранокро ба роҳ мондааст. Аз имконоту пешравиҳои назаррас дар ин соҳа болида, ифтихор аз он дорад, ки соли равон Панҷакенти бостонӣ меҳмонони зиёди дохиливу хориҷиро пазироӣ кард, ки ин аз як ҷониб ба боло рафтани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат мегузорад ва аз тарафи дигар сатҳи зиндагии мардуми бумӣ болотар меравад.

 Ба ғайр аз иншооти нодири таърихи халқи тоҷик -

шаҳраки қадимаи Саразм, ки бо намои зебои меъморӣ, осорхонаву хонаҳои қадимаи саразмиён, дарвозаи мунаққаш бо аксҳои таърихӣ ва гулгашти зебо мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён аст, ҳамчунин, панҷ ёдгории таърихии шаҳр, аз ҷумла шаҳраки Панҷакенти қадим, Қалъаи Санҷаршоҳ, мақбараи Муҳаммад Башоро, Қалъаи Тали Хамтӯда ва низоми обёрии Фарметан-Тӯхсанкорез аз тарафи созмони ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ворид карда шуд, ки ин падидаи фараҳбахш имкониятҳои сайёҳии шаҳру деҳоти Панҷакентро ба маротиб боло бурд,- зикр намуд Назирабону.

Алҳол дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент 385 ёдгории таърихӣ, осорхонаи ҷумҳуриявию осорхонаи шаҳрӣ, 5 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ, 2 мавзеи табиӣ-истироҳатгоҳ, 26 ширкати сайёҳӣ, 4 маркази иттилоотӣ-сайёҳӣ, 12 меҳмонхона барои қабули 1000 нафар меҳмон, 2 пойгоҳи сайёҳӣ, 22 хонаи қабули меҳмонон дар ҳудуди деҳот, 54 хатсайри сайёҳӣ ва ташкилоти ҷамъиятии «Шурои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ» фаъолияти босамар доранд.

 Шумори гардишгарон дар Панҷакенти бостон рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст, ки ин натиҷаи дуруст иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соли равон танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Саразм-Ҷартеппа беш аз 11 ҳазор меҳмонони хориҷи дуру наздик вориди сарзамини Тоҷикистон гаштанд, ки мақсади аксари онҳо сайёҳӣ ба ҳисоб мерафт. Гардишгарон асосан аз давлатҳои Эрон, Ӯзбекистон, Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои Аврупову Осиё меҳмони мо буданд. Дар баробари мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ба бозорҳои шаҳру деҳот ва марказҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, - иброз дошт Назира Исроилзода.

Меҳмонхонаҳои хуштарҳу замонавӣ ва тарабхонаву марказҳои хизматрасонии бошукӯҳи ин гӯшаи диёр ҳамарӯза дар хизмати меҳмонони дохилу хориҷанд. Панҷакент аз нахустин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки ба сис­темаи ҷаҳонии иҷорагирӣ (бронкунӣ)-и меҳмонхонаҳо, Booking.com дохил шудааст. Меҳмонхонаҳои «Зарафшон», Hotel SUGD & Guest House ва Umariyon шомили ин портали байналмилалианд. Муштариён аз тамоми гӯшаву канори олам рейтингу шарҳҳои меҳмонхонаҳои мазкурро аз назар гузаронда, ҳуҷраи дилхоҳро барои рӯзи муносиб банд мекунанд.

Дар ин радиф, хонаҳои меҳмонпазирӣ, аз тарафи аҳолӣ дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил шудаанд ва ройгон иқоматгоҳи муваққатии меҳмонон дар дили кӯҳистонанду дар руҳияи гардишгарон таассуроти нек боқӣ мегузоранд. Хӯрокҳои серғизои милливу оши палави болаззат, меваҳои шаҳдбору шарбатҳои табиӣ, маҳсулоти ширӣ ва ғизои солим, осору муъҷизаҳои ҳунарҳои дастиро мардуми дилкушоди деҳоти Панҷакент ба сайёҳон арзону ройгон пешкаш мекунанд. Аз ин ҳайрати сайёҳон афзуда, онҳоро нафақат мафтуни табиат, балки мадюни инсонҳои содадилу хушбовари ин диёр мегардонад.

Дар баробари имкониятҳои фарох самаранок истифода бурдани захираҳои сайёҳӣ, иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони менеҷменти соҳаи сайёҳӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ташкили симпозиуму семинарҳо ва дигар нақшаҳои марбут боис гардида, то таваҷҷуҳи меҳмонони дохилу хориҷ дар ин минтақа афзоиш ёбад.

 

- Дар арафаи таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тараддуди масъулон ва шарикони соҳаи сайёҳӣ фараҳбахш буд. Дар ин рӯзҳои пурнишот сайёҳони зиёде аз 12 давлати дунё ҷиҳати иштирок дар ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл-2024» даъвати моро пазируфта, ба Панҷакент ташриф оварданд. Дар баробари сабқат, дар ниммарафони кӯҳӣ, ҳамчунин, аз тамошои Ҳафткӯли муъҷизаи табиат баҳра бурданд ва тамошои дигар мавзеъҳои сайёҳиву таърихии Панҷакентро ҳадафи худ қарор доданд, - иброз медорад мудир.

Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко «Ҳафткӯл-2024», ки ҳадафи он тарғиби варзиши сабук, рушди сайёҳии экологӣ-варзишӣ ва омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гашт, соли сеюм аст, ки бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо МИМҲД-и шаҳри Панҷакент доир мешавад.

 Таассуроти неки сайёҳони хориҷӣ моро водор ба он месозад, ки бо дасту дили гарм баҳри рушди соҳа камари ҳиммат бандем, зеро ҳар нафаре ки меҳмони мо гардад, пораи ҷони мо мешавад. Дар баробари ҳазорон меҳмонони хориҷӣ, ки ҳамеша сипосгузору қаноатманд аз сатҳи хизматрасонии сайёҳианд, соли равон дунёгарди машҳури Ҷопон Шимпей Ито меҳмони мо буд. Нависанда, аксбардор ва блогери маъруфро дар вурудгоҳи хатти марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон мардуми Панҷакенти бостонӣ бо анъанаҳои миллии пешниҳоди нону асал ва садои марғуладори карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Ӯ, ки дунёро тай карда, таассуроташро ба ҷаҳониён иброз медорад, аз меҳмоннавозии хуби тоҷикона дар ҳайрат монда, шаҳраки бостонии Саразм, осорхона ва оромгоҳи қофиласолори назми олам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат намуд. Вақте Шимпей Ито мегуфт, ки Панҷакент арзиши чандин бор дидан дорад ва касе як бор меҳмони ин хок гардид, ҳатман дубора муштоқаш мешавад, моро руҳбаланд намуд, - қаноатмандона афзуд Назира Исроилзода.

М. НАЗИРӢ,

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 33)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон