БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Талқингари некӣ ва офарандаи зебоӣ

Фарҳанг

 Зулхумор Иброҳимова аз зумраи ҳунарпешаҳои саршиноси тоҷик ба шумор рафта, дар театру синамои ватанӣ саҳми назаррас дорад. Ҳаводорони театру кино ӯро ҳамчун офарандаи симои мусбат, нақши бонувони ҳалиму меҳрубон шинохтаву қабул кардаанд ва дӯсташ медоранд.

Дар арафаи Рӯзи театри тоҷик бо ин ҳунарвар доир ба рӯзгору эҷодаш ҳамсуҳбат шудем, ки ҳамакнун фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

 «БОВАР НАДОШТАМ»

Интихоби касб барои аксари духтарон кори саҳлу сода нест, зеро медонанд, ки хостори шуғле шудан ба зиндагии ояндаашон вобаста аст. Бигӯед, ки ба ҳангоми баргузидани пеша чӣ гуна ба қарори ниҳоӣ расидед ва ба ҳунар имтиёз додед?

 Ман ҳунарпешагиро дӯст медоштам, аммо боварам намеомад, ки имкони таҳсил дар ин соҳаро меёбам. Бо мақсади табиб шудан ба пойтахт омадам, вале шодравон Фотима Ғуломова, ки мо пайванди хешутаборӣ дорем, гуфтанд ки ҳунарпеша шавам ва барои ин ба ман ёрӣ хоҳад расонд. Ҳамин тавр, ба Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) дохил гаштам.

Пушаймон нашудед?

 Не, бовар кунед, ҳанӯз, вақте ки дар курси якум мехондам, дарк намудам, ки дар интихоби касб хато накардаам, зеро махсус барои ҳунарпеша шудан ба дунё омадаам.

 Мактаби олиро бо ихтисоси ҳунарпешаи кино хатм кардед, вале ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор рафтед…

 Аслан, театру синамо аз ҳам хеле фарқ доранд. Масалан, дар кино, агар ҳунарманд монанди театр худро пурра ба нақш диҳад ва бо эҳсоси баланд нақшофарӣ кунад, дағал ва сохта менамояд, зеро бинанда ӯро хеле наздик мебинад. Вале дар театр, ки ҳама чиз дар ҳамон ҳолат рӯй медиҳад, ҳунарманд баръакс бояд бо тамоми эҳсос бозӣ кунад, то ки тамошобин дарду доғи ӯро ҳис намояд.

 Як ҳунарманди ҷавонро, ки навакак донишгоҳро хатм кардааст, театр чӣ гуна қабул кард?

 Бисёр хуб. Барои ман театр мактаби дуюм шуд, зеро баробари ба театр омадан, тамоман дун­ёи дигарро дарёфтам. Хушбахтона, коргардонҳо аксар вақт нақшҳои асосиро ба ман медоданд, ки ҳам ифтихор мекардам ва ҳам масъулиятамро зиёд менамуд. Бисёр кӯшиш мекардам, ки ба бовари устодон сазовор бошам.

ТАЪСИРИ ТЕАТР БА ҶОМЕА

 Соли оянда расо 50 сол мешавад, ки Шумо дар Лоҳутӣ фаъолият мебаред. Дар як коргоҳи ҳунарӣ ним аср нақш офаридан кадом тарафҳои мусбат ва манфиро дорад?

Аввалан, бояд бигӯям, ки ман бо театр чунон наздик шудаам, ки дигар ин даргоҳро корхона намегӯям, балки хонаам аст. Ним аср дар як ҷо кор кардан танҳо як тараф дорад: мусбат. Хеле хушбахтам, ки тамоми умрамро ба санъату ҳунар додам ва бо устодони беҳтарини саҳна нақш офаридам.

Дар театр рақобат ҳаст?

 Бале, рақобат дар ҳама ҷо ҳаст ва муҳим он аст, ки бояд рақобати солим бошад. Дар театр рақобат ба гунаест, ки дар як нақш чанд ҳунарманд интихоб мешавад ва актёрҳо мекӯшанд то аз дигаре хубтару беҳтар симо биофаранд. Мехоҳанд, ки маҳз онҳо пайваста дар саҳна бошанд.

 Мегӯянд, театр инсонро инсонтар мекунад?

Бале, театр, саҳна одамро аз ҳар ҷиҳат сайқал медиҳанд, ҳам аз ҷиҳати одамгарӣ, худшиносӣ, ҳувияти ватанпарварӣ, дӯстӣ ва ҳам ояндабинӣ. Бисёр хушбахтам, ки маро мардум дӯст доштанд ва бо нақшҳои офаридаам кам бошад ҳам ба тамошобин эҳсосоти гарм бахшидам ва худ низ чизе гирифтам. Виҷдонам ором аст ва шодам, ки вақтро беҳуда сарф накардам.

 Оё имрӯз ҳам, монанди солҳои пеш, таъсири театр ба ҷомеа зиёд аст?

 Албатта. Театр дар ҳама давру замон рисолаташро иҷро мекунад. Танҳо ҳоло бояд ба назар бигирем, ки замон замони технология аст. Ҷавонон талаботи зиёд доранд ва барои ҷалб намудани онҳо моро мебояд кори зиёд кунем. Дар умум, театр дар рушди маънавиёти ҷомеа нақши бузург дошт ва дорад.

 Таваҷҷуҳи ҳунармандони ҷавон ба театр чӣ гуна аст?

Хуб аст, меоянд ва мекӯшанд, ки ҷойгоҳи худро ёбанд. Ва, албатта, онҳо ба дастгирии устодон бештар ниёз доранд.

 Чаро вақтҳои охир дар театр он қадар фаъол нестед?

 Ҳар нақше, ки пешниҳод мешавад, бо дилу ҷон қабул мекунам, аммо гузашти сол ба ҳунарманд таъсир дорад…

 МАЙДОН ХОЛӢ НАМЕМОНАД

 Шумо аз ҷумлаи ҳунарпешаҳое ҳастед, ки дар театру синамо доим нақши зани ҳалиму меҳрубон ва умуман симои мусбатро мебозед. Чаро худро дар офаридани нақшҳои манфӣ намесанҷед?

 Ман метавонам, аммо коргардонҳо доим нақшҳои мусбатро пешниҳод месозанд. Мехостам дар нақшҳои гуногун маро бисанҷанд, вале хушбахтам, ки маро мардум ҳамчун офарандаи нақши мусбат қабул кард. Ҳоло сухани устодам Сергей Бондарчукро ба ёд меорам, ки доимо мегуфт: «Зуля, восточная мать». Яъне, ӯ ҳам пай бурда буд, ки ман зиёдтар метавонам нақши як зани ҳалиму меҳрубонро биофарам.

 Дар театр ягон нақши манфӣ доштед?

 Не, аммо дар синамо дар силсилафилми «Муҳаббат» нақши манфиеро бозида будам. Пас аз тамошои кино ҳаводорони санъатам гуфтанд: «Дигар чунин нақшҳоро иҷро накунед, зеро Шуморо бо симои мусбат шинохтаву қабул намудаем».

 

 Мо низ Шуморо дар филмҳои ҷавонон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, мебинем. Ин ҳамкориҳоятон чӣ гуна сурат мегиранд?

 Аввалан, бисёр хурсандам, ки коргардонҳои ҷавон маро хуб қабул мекунанд ва модоме ки маро ба корҳояшон ҷалб месозанд, фикр мекунам, ки ҳоло ҳам барои бинанда ҳунарнамоиям шавқовар аст.

 АРЗИШИ ЯК УМР

 Умратонро ба талқини некӣ ва нишон додани зебоиҳои зиндагӣ бахшидан доред. Бигӯед, ки оё меарзад, ки умрро барои дигарон бубахшӣ?

 Албатта, меарзад. Агар тавассути ҳунари ман касе заррае ҳам дар ботини худ некӣ карданро парварда, аз бадиҳо ҳазар намуда бошад, пас, ман рисолатамро анҷомдода ва худамро хушбахт меҳисобам. Мо барои некӣ кардан омадаем ва мақсади зистанамон ҳам ҳамин аст.

 Аз зиндагии доштаатон розиед?

 Бо тамоми вазниниҳову камбудиҳо ва омаду ноомадҳояш розиям. Шукр мекунам, ки фарзандону набераҳои хуб дорам. Шукр мекунам, ки Худованд меҳри касберо, ки интихоб кардам, дар дилам ҷой дод ва аз рӯйи он нону ном ёфтам.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон